Худобердӣ Холиқназар, директори МТС: «Дар Тоҷикистон ба масъалаҳои рушди зеҳнӣ, ҷисмонӣ ва ватандӯстии ҷавонон аҳамияти хосса дода мешавад”

Декабрь 1, 2017 10:08

ДУШАНБЕ, 01.12.2017. /АМИТ «Ховар»/.   Бо рушди иқтисод ва  васеъшавии имкониятҳои иқтисодии кишвар дар макотиби олӣ низоми буҷетӣ тавсеа ёфта, Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш менамояд, ки ҷавононро бештар аз ҳисоби худ ба илмомӯзӣ ҷалб намояд. Ин нуктаро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар дар семинари омӯзишию иттилоотӣ, ки  дирӯз дар Душанбе дар мавзӯи «Сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  доир шуд, иброз намуд.

Ҳамчунин Худобердӣ Холиқназар зикр кард, ки “мо ҳамагон шоҳиди онем, ки Ҳукумати кишвар барои донишҷӯёни бомаҳорат ва соҳибистеъдод шароит ва имкониятҳои хуб фароҳам овардааст ва кӯшиш менамояд, ки ҷавонони мо дар роҳи таҳсили илм мушкилӣ надошта бошанд. Имрӯз  теъдоде аз ҷавонон аз ҳисоби  падару модари худ  таҳсил намуда, маблағҳои зиёдеро баҳри илмомӯзӣ сарф мекунанд.  Вале ҳангоми таҳсил аён мегардад, ки  ин нафарон ба дарсҳо беаҳамиятӣ зоҳир намуда, фаъол нестанд ва андеша намекунанд, ки волидайнашон бо чӣ азобу машаққат маблағ  ҷамъоварӣ мекунанд, то фарзандони онҳо хонда, дар  оянда мутахассиси хуб гарданд”.

Бояд таъкид намуд, ки солҳои охир ба масъалаҳои рушди зеҳнӣ, ҷисмонӣ ва ватандӯстии ҷавонон дар сатҳи давлатӣ аҳамияти зиёд дода мешавад. Бо ин мақсад, танҳо дар ҳудуди шаҳри Душанбе беш аз 70 адад майдончаҳои бозии  кӯдакона ва таъйиноти варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд. Дар назар аст, ки теъдоди чунин майдончаҳо дар шаҳри Душанбе ба 270 адад расонида шавад. Соли 2018 боз  80  адад варзишгоҳ сохта хоҳанд шуд.

Ба андешаи сармутахассиси Раёсати омўзиши масъалаҳои амниятӣ-минтақавии   Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҳикматулло Хоҷаев, имрӯз ҷавонон аксарияти аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил намуда, идомадиҳандаи кори насли калонсол, неруи созанда, муҳаррики воқеии ҷомеа ва ояндаи миллату давлат мебошанд.

«Соли ҷавонон эълон шудани соли 2017 барои татбиқу амалисозии ибтикорҳои ҷавонон дурнамои нав боз кард. Дар доираи ин  сол дар сатҳи байналмилалӣ ҷавонон ба равандҳои фарҳангӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва маърифатӣ фаъолона ҷалб карда шуданд. Бинобар ин, Стратегияи давлатии сиёсати ҷавонон ва эълони Соли ҷавонон  гувоҳи он аст, ки сиёсати ҷавонон,  қабл аз ҳама, ба эҷоди шароити ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва созмондиҳӣ барои ҷавонон ва кафолати фаъолмандии ҷамъиятии ҷавонон равона шудааст», -гуфт Ҳикматулло Хоҷаев .

Декабрь 1, 2017 10:08

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад