Ибодулло Машраб барандаи ҷоизаи «Ситораи Иттиҳод» гардид

Декабрь 12, 2017 17:21

ДУШАНБЕ, 12.12.2017. /АМИТ «Ховар»/. Ҳунарпешаи халқии  Тоҷикистон Ибодулло Машраб ба гирифтани ҷоизаи «Ситораи Иттиҳод» мушарраф гардид.

Ибодулло Машраб ҷоизаи мазкурро зимни баргузории Форуми XII зиёиёни эҷодӣ ва илмии кишварҳои ИДМ барои дастовардҳои назаррас ва саҳми арзанда дар соҳаи илм ва санъат ба даст овард. Форуми мазкур 11 декабри соли равон дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия оғоз ёфт. Дар кори он беш аз 120 нафар намояндагони кишварҳои узви ИДМ ширкат доранд.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, кори Форум имрӯз низ идома меёбад. Тӯли ду рӯз иштирокчиёни форум  натиҷаҳои соли сипаригардидаро баррасӣ намуда, нақшаи чорабиниҳоро барои соли оянда, ки дар Иттиҳод Соли фарҳанг эълон мегардад, пешниҳод менамоянд.

Форуми мазкур ҳар сол дар кишварҳои гуногун гузаронида мешавад. Соли оянда баргузории он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар дошта шудааст.

Декабрь 12, 2017 17:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз ҳаво дар водиҳои Тоҷикистон то 44 дараҷа гарм мешавад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзии шаҳри Турсунзода шинос шуд
Дар Хатлон беш аз 2,8 ҳазор қонуншиканӣ дар соҳаи истифодаи нерӯи барқ ошкор шудааст
Филми «Дар талоши ҳақиқат» дар Синамоҷашнвораи байналмилаии давлатҳои аъзои СҲШ бо ҷойзаи махсус қадрдонӣ шуд
Дар Техас шумораи ҳалокшудагон бар асари обхезӣ ба 80 нафар расид
Дар Суғд ба масофаи 665 метр корҳои соҳилмустаҳакамкунӣ анҷом дода шуд
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 41 дараҷа гарм мешавад
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи маъюбон ҳамоиш доир шуд
«САМУРАЕ, КИ ШАМШЕР НАДОРАД». Асари нависандаи ҷопонӣ тарҷума ва нашр гардид
Имсол дар Тоҷикистон дар беш аз 186 ҳазор гектар кишти такрории зироати кишоварзӣ гузаронида мешавад
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар беш аз 10 ҳазор гектар пунбадона кишт намуданд
Дар Тоҷикистон беш аз 11 ҳазор гектар шолӣ кишт шудааст