ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МОЛИЯ: низоми молиявӣ ҳанӯз дар даврони Ҳахоманишиҳо, Кушониён, Ашкониён, Сосониён ва Сомониён рушд ёфта буд

Декабрь 7, 2017 09:54

ДУШАНБЕ, 07.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи сарчашмаҳои таърихию илмӣ, низоми молиявӣ ҳамчун низоми махсуси муносибатҳои иқтисодӣ ҳанӯз дар даврони Ҳахоманишиҳову Кушониён, Ашкониёну Сосониён ва Сомониён ташкил ва рушд ёфта, барои тақсимот ва азнавтақсимкунии захираҳои молию пулӣ ва бо мақсади таъмини ниёзи аҳолӣ ва давлат хизмат кардааст. Усули марказонидашудаву мураттаби мубодилаи молию пулӣ дар қаламрави сулолаҳои ориёӣ қатъӣ риоя мешуд, ки баъдтар дар аҳди Сомониён бо диду корбурди нави давлатдорӣ, такя ба анъаноти идораи пешинаи онҳо такмил дода шуда, идома ёфтааст. Инчунин роҳҳо ва усулҳои пешқадами ситонидани боҷу хироҷ, ба иҷора додани амволи давлатӣ ва андозу андозбандӣ, муомилоти молию пулӣ амал мекарданд, ки вобаста ба мурури замон аз нигоҳи ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ такмил ёфтаанд.

Баъдтар низоми молиявӣ дар тӯли таърихи ҳазорсолаи мардуми тоҷик боз ҳам ривоҷу равнақ ёфта, аз нигоҳи ҳуқуқию иқтисодӣ ҷиддан мукаммал гардид. Дар даврони Шӯравӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми молиявӣ ба сохти дигар ташкил ёфта, тӯли беш аз 70 сол рущд ва мавриди истифода қарор гирифтааст. Қайд кардан зарур аст, ки шакл ва сохтори низоми идоракунии мазкур, ки дар муҳити Иттиҳоди Шӯравӣ фаъолият менамуд, ба талабот, мақсад ва вазифаҳои гузошташуда ва ҳамгироии молияи давлатӣ ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ мувофиқат намекард. Сохтори низоми идоракунии молиявии он давр ба талабот ва вазифаҳои асосии амалкардаи он мусоидат накарда, дар бисёр мавридҳо садди рушди иқтисодиёти кишвар гардида буд.

Ҳангоми гузариш ба иқтисодиёти бозорӣ сохтори низоми молиявии кишвар куллан тағйир ёфта, муносибатҳои нави молиявӣ, пеш аз ҳама, идоракунии устувори молияи давлатӣ, афзоиши даромадҳои буҷет, такмили низоми андозбандӣ, шаффофият ва баланд бардоштани самаранокии хароҷоти буҷет, нигоҳ доштани вазъи муътадили маблағгузории буҷет, ташкили бозори қоғазҳои қиматнок ва ғайраҳо равиши навро дар ин низом ба миён оварданд. Инчунин таҳия, баррасӣ ва иҷрои буҷети давлатӣ, тартиби маблағгузорӣ ва танзими истифодаи самараноки воситаҳои пулӣ низ дигар шуда, низоми молиявӣ дар кишвар ба низоми устувори идоракунии молияи давлатӣ мубаддал гашт.

Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар низоми идораи устувори молияи давлатӣ ҷавобгӯ ба талаботи иқтисоди бозорӣ ташкил ва рушд ёфтааст.  Яке аз падидаҳои асосии ин низом- барориш ва амалкарди воҳиди ягонаи пулӣ ба пеш бурдани сиёсати оқилонаи пулию қарзӣ ва асъории кишвар шароит фароҳам овард. Ин буд, ки  соли 2000 рушди воқеии иқтисодиёти мамлакат ба ҳисоби миёна 7 фоиз ва воридоти буҷети давлатӣ 14,1 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва соли 2005 19,9 фоизро ташкил дод. Бо роҳи гузаронидани сиёсати оқилонаи андозу буҷет, мувозинати буҷет таъмин гардида, сатҳи камбизоатӣ аз 83,1 фоизи соли 1999 то 72,4 фоиз дар соли 2003,  45 фоиз дар соли 2010,  31,2  фоиз дар соли 2016 расонида шуд. Дар назар аст, ки соли 2020 ин рақам то 20 фоиз коҳиш дода мешавад.

Яке аз унсурҳои асосии ислоҳоти идоракунии низоми молиявӣ дар ҷумҳурӣ- ин ташкили низоми иттилоотии равандҳои муомилоти молию пулӣ ва хазинадории буҷет, ҷорӣ намудани суратҳисоби ягонаи хазинадорӣ, стандартҳои муҳосибот ва нақшаи якхелаи суратҳисобҳо мебошад. Тавассути ин раванд таъсиси КВД «Маркази дастгирии амалиёти молиявии байнибуҷетӣ», таъмини он бо таҷҳизоту технологияи пешқадами муосир ва мутахассисони сатҳи баланди касбӣ шомил мебошад, ки татбиқи ниҳоии босифату саривақти қисматҳои автоматикунонии стратегияи мазкур то соли 2018 пешбинӣ шуда, пурра амалӣ гардидани он иштироки шахсони мансабдорро дар амалиёти молиявии гуногун, пеш аз ҳама, дар низоми хазинадорӣ ҳамчун омили коррупсионӣ маҳдуд менамояд.  Бар замми ин бо супориши ҳукумати кишвар Шабакаи ягонаи электронӣ-иттилоотӣ байни Вазорати молия, Кумитаи андоз ва Хадамоти гумрук, ки фаъолияти низоми хазинадорӣ, андозу буҷет ва умуман идоракунии самараноки молияи давлатиро таъмин менамоянд, ташкил карда шудааст.

Дар маҷмӯъ, низоми идораи молияи давлатӣ дар шароити соҳибистиқлолии кишвар ба як низоми устуворе табдил ёфтааст, ки дар таъмини самараноки сиёсати молиявӣ, аз ҷумла, сиёсати фискалӣ, назорати молиявии давлат, рушди бозори қоғазҳои қиматнок, суғурта, дастгириҳои молиявии соҳибкорӣ хизмат менамояд.

Аз фурсат истифода бурда, ҳамаи устодону ҳамкорони азиз, мутахассисони вазорату идораҳои марбути низоми молиявӣ ва мутахассисони соҳаи молияро бо Рӯзи кормандони мақомоти молия табрик намуда, ба онҳо дар тарғибу ташвиқи дастовардҳои молиявии кишвар, баланд бардоштани маърифати молиявии мардум ва тадқиқоти илмии соҳаи мазкур комёбиҳо орзумандам.

 

Эмомалӣ ШЕРАЛИЕВ,

декани факултети молия ва қарзи

Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон

 

P.S. АМИТ  «Ховар» низ тамоми кормандони низоми молиявии мамлакатро бо иди касбиашон муборакбод гуфта, ба онҳо дар  идораи молияи давлатӣ муваффақиятҳои назаррас таманно дорад.

Декабрь 7, 2017 09:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор даври дуюми маҳфил-озмун ҷамъбаст карда шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд аз рӯйи ихтисоси забони чинӣ 352 нафар таҳсил менамоянд
Дар ноҳияи Фирдавсӣ ду ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Вазири корҳои хориҷии Чин Ван И бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд
Чӣ тавр метавонем дар Узбекистон бо интернет қарор дошта, чандин маротиба камтар маблағ сарф кунем
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
«ОИЛА-МАКОНИ МЕҲРУБОНӢ». Дар шаҳри Норак Рӯзи байналмилалии оила таҷлил карда шуд
Дар шаҳри Турсунзода нақшаи даъват пурра иҷро гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
«ҶАВОНОН-ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ!». Таҳти чунин унвон ҳафтаи худидоракунӣ гузаронида мешавад