Инноватсия ва шарикӣ барои ноил гаштан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор

Декабрь 8, 2017 14:54

ДУШАНБЕ, 8.12.2017. /АМИТ «Ховар»/. Фаъолияти инноватсионии ҳамаи соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар ба самти рушд ва тақвияти истеҳсоли молҳои содиротӣ ва молҳои воридотивазкунанда нигаронида шудааст. Ин нуктаро муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Илёсиддин Камолиддинзода имрӯз зимни ифтитоҳи конфронси «Инноватсия ва шарикӣ барои ноил гаштан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор» дар шаҳри Душанбе баён намуд.

Конфронси мазкур дар доираи Барномаи вохӯрии солона оид ба шарҳи фаъолияти Намояндагии Хазинаи СММ дар соҳаи нуфузи аҳолӣ (UNFPA) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Дар конфронс намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ, инчунин сардори Раёсати ҳамкории байналмилалии Вазорати корҳои дохилӣ Зумрад Абдуллозода ва сардори Шуъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологии Вазорати корҳои дохилӣ Анварҷон Ализода иштирок намуданд.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар конфронс муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Илёсиддин Камолиддинзода изҳор намуд, ки фаъолияти инноватсионии ҳамаи соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар ба самти рушд ва тақвияти истеҳсоли молҳои содиротӣ ва молҳои воридотивазкунанда нигаронида шудааст.
Яке аз роҳҳои рушди фаъолияти инноватсионии кишвар- ин рушди минтақаҳои озоди иқтисодии ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад. Аз ин хотир дар кишвар 4 минтақаи озоди иқтисодӣ — «Суғд», «Данғара», «Панҷ» ва «Ишкошим» таъсис дода шудаанд.
Дар ҷараёни конфронс иштирокчиён оид ба мавзӯъҳои нуфузи аҳолӣ, ташаббусҳои якҷоя оид ба дастгирии барномаҳои танзим, банақшагирии оила ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, қаноатбахшии эҳтиёҷоти занони деҳот, пешгирии бемориҳои сирояткунанда ва дигар масоили мубрам ибрози андеша намуданд.
Аз ҷумла, сардори Раёсати ҳамкории байналмилалии Вазорати корҳои дохилӣ Зумрад Абдуллозода дар мавзӯи «Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ – ҳамчун қисми асосии вокуниш ба зӯроварии гендерӣ» ва директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода дар мавзӯи «Барӯйхатгирии 2020 – ворид намудани технологияи муосир барои баҳодиҳии расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор» сухан гуфтанд.
Сипас, аз ҷониби иштирокчиёни вохӯрӣ вобаста ба масъалаҳои мавриди назар мубодилаи афкори судманд сурат гирифт.

 

Декабрь 8, 2017 14:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Рӯзи иқтисодчиён ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият мебахшанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад
Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд