Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар конфронси 7-уми вазирони корҳои хориҷии «Қалби Осиё — Раванди Истанбул»
ДУШАНБЕ, 04.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. 1 декабри соли 2017 дар шаҳри Боку конфронси 7-уми вазирони корҳои хориҷии «Қалби Осиё — Раванди Истанбул» зери унвони «Амният ва алоқаҳои иқтисодӣ барои тақвияти минтақаи Қалби Осиё» доир гардид, ки дар он кишварҳо ва созмонҳои иштирокчии «Қалби Осиё — Раванди Истанбул» ширкат варзиданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар кори конфронс ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ иштирок намуданд.
Конфронс бо суханронии ифтитоҳии Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев ва Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ баргузор гардид. Дар кори конфронс ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ иштирок намуданд.
Дар Конфронс иштирокдорон ба татбиқи лоиҳаи CASA-1000, ки дар рушди устувори иҷтимоию иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ нақши муассир дорад, баҳои баланд доданд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки лоиҳаи CASA-1000 на танҳо ба рушди иҷтимоиву иқтисодӣ мусоидат мекунад, балки кишварҳои минтақаро бо василаи пуриқтидори энергетикӣ пайваст карда, ҳамкориро дар дигар соҳаҳои ҳаётан муҳими кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ густариш хоҳад дод.
Дар конфронс муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ сухан гуфта, мавқеи усулии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати зарурати таъмини сулҳу субот дар кишвари ҳамсоя иброз намуд. Дар ин росто, талошҳои Тоҷикистон ҷиҳати ҷалби Афғонистон ба ҳамгироии минтақавӣ, ки аз тариқи татбиқи лоиҳаҳои нақлиётӣ ва коммуникатсионӣ роҳандозӣ шудаанд ва шароити заруриро барои ҳалли мушкилоти иҷтимоиву иқтисодии Афғонистон ва дар маҷмӯъ минтақа фароҳам меоваранд, таъкид гардид.
Дар конфронс пешниҳодоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баргузории Конфронси 9-уми вазирони Қалби Осиё — Раванди Истанбул дар соли 2019 дар шаҳри Душанбе иброз гардид. Ин иқдом аз ҷониби иштирокчиёни конфронс ба як овоз қабул гардид. Дар хотимаи Конфронс Эъломияи Боку қабул гардид.









Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






