Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар конфронси 7-уми вазирони корҳои хориҷии «Қалби Осиё — Раванди Истанбул»

Декабрь 4, 2017 15:26

ДУШАНБЕ, 04.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. 1 декабри соли 2017 дар шаҳри Боку конфронси 7-уми  вазирони корҳои хориҷии «Қалби Осиё — Раванди Истанбул» зери унвони «Амният ва алоқаҳои иқтисодӣ барои тақвияти минтақаи Қалби Осиё» доир гардид, ки дар он кишварҳо ва созмонҳои иштирокчии «Қалби Осиё — Раванди Истанбул» ширкат варзиданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар кори конфронс ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ иштирок намуданд.

Конфронс бо суханронии ифтитоҳии Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев ва Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ баргузор гардид. Дар кори конфронс ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ иштирок намуданд.

Дар Конфронс иштирокдорон ба татбиқи лоиҳаи CASA-1000, ки дар рушди устувори иҷтимоию иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ нақши муассир дорад, баҳои баланд доданд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки лоиҳаи CASA-1000 на танҳо ба рушди иҷтимоиву иқтисодӣ мусоидат мекунад, балки кишварҳои минтақаро бо василаи пуриқтидори энергетикӣ пайваст карда, ҳамкориро дар дигар соҳаҳои ҳаётан муҳими кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ густариш хоҳад дод.

Дар конфронс муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ сухан гуфта, мавқеи усулии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати зарурати таъмини сулҳу субот дар кишвари ҳамсоя иброз намуд. Дар ин росто, талошҳои Тоҷикистон ҷиҳати ҷалби Афғонистон ба ҳамгироии минтақавӣ, ки аз тариқи татбиқи лоиҳаҳои нақлиётӣ ва коммуникатсионӣ роҳандозӣ шудаанд ва шароити заруриро барои ҳалли мушкилоти иҷтимоиву иқтисодии Афғонистон ва дар маҷмӯъ минтақа фароҳам меоваранд, таъкид гардид.

Дар конфронс пешниҳодоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати  баргузории Конфронси 9-уми вазирони Қалби Осиё — Раванди Истанбул дар соли 2019 дар шаҳри Душанбе иброз гардид. Ин иқдом аз ҷониби иштирокчиёни конфронс ба як овоз қабул гардид. Дар хотимаи Конфронс Эъломияи Боку қабул гардид.

Декабрь 4, 2017 15:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд