«КОМРОНШОҲ АЗ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МИННАТДОР АСТ». Бо супориши Сарвари давлат Сафири Тоҷикистон дар Япония ба аёдати паҳлавони номдор рафт

Декабрь 11, 2017 11:15

ДУШАНБЕ, 11.12.2017./АМИТ “Ховар”/.  Бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  Сафири Тоҷикистон дар Япония Ҳамроҳхон Зарифӣ аз паҳлавони шинохта Комроншоҳи Устопириён, ки баъди лат хӯрданаш дар мусобиқаи «Тоскулоҳи бузург” дар Токио табобат мегирифт, аёдат кардааст. Комроншоҳ, ки ҳафтаи гузашта дар ин мусобиқа қабурғаҳояш шикаст, табобаташро акнун дар Германия идома медиҳад.

Усто Устопириён, мураббии шинохта ва падари паҳлавони маъруф Комроншоҳи Устопириён тавассути гурӯҳи «Варзиши тоҷик” дар Фейсбук хабар дод, ки Комроншоҳ аз Токио ба Москва омада, барои идомаи табобати қабурғаҳояш ба Германия меравад.

Комроншоҳи Устопириён чанд рӯз пеш дар мусобиқаи гӯштии дзюдо аз силсилаи Ҷоми «Тоскӯлоҳи бузург” дар Токио дар набард бо рақиби япониаш лат хӯрд ва чанд рӯз дар пойтахти Япония табобат гирифт.

Усто Устопириён навиштааст, ки дар Токио сафири Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ низ ба аёдати писари латхӯрдааш омадааст. Ӯ чунин нигоштааст:

“Маълум аст, ки писари банда Комроншоҳи Устопириён дар мусобиқаи «Тоскулоҳи бузург” оид ба дзюдо дар Токиои Япония маҷруҳ шуд ва дигар сабқатҳоро идома дода натавонист. Хушбахтона, бо ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Раиси Ҳукумати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар кишвари Япония ҷаноби Ҳамрохон Зарифӣ бо профессори тоҷики Донишгоҳи варзишии Токио Зайдулло Убайдуллоев Комроншоҳро аёдат ва барои табобаташ мусоидат карданд.
Тавре Комроншоҳ ба ман гуфт, ӯ ифтихор дорад, ки дасти мадад ва ҳимояти Ҳукумати Тоҷикистон ба тоҷикон дар ҳамаи гӯшаву канори ҷаҳон мерасад. Хоҳиш кард, ки миннатдории самимияшро ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сафири Тоҷикистон дар Япония ҷаноби Ҳамрохон Зарифӣ бирасонам.

Алҳол Комроншоҳ аз Токио ба Москва омада, нияти парвоз ба  Германияро дорад. Дар беҳтарин шифогоҳҳои он кишвар қабурғаҳои шикастаашро ба зудӣ табобат хоҳанд кард, ки дар ин кор ҳам дасти шафоати Ҳукумати кишварро болои сари худ эҳсос мекунад. Иншооллоҳ, Комроншоҳ дар мусобиқоти ҷаҳонӣ дар соли 2018 фаъолона ширкат хоҳад кард ва на як бору ду бор Парчами кишвари бузургамонро баланд хоҳад бардошт.

                                                                                       Усто УСТОПИРИЁН,          

                                                                         Мураббии шоистаи Тоҷикистон,

                                                                          Довари дараҷаи байналмилалӣ»

Декабрь 11, 2017 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд