Миёни Академияи ВКД Тоҷикистон ва Донишгоҳи ВКД Россия дар шаҳри Красноярск ҳамкорӣ рушд меёбад
ДУШАНБЕ, 4.12.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, генерал-майори милитсия Файзалӣ Шарифзода бо намояндагони Донишкадаи ҳуқуқшиносии сибирии Вазорати корҳои дохилии Россия дар шаҳри Красноярск- генерал-майори политсия Медведев Игор Анатолевич ва ёрдамчии сардори ин муассиса оид ба робитаҳои байналмилалӣ, майори политсия Лотц Денис Николаевич доир гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, вохӯрии мазкур дар доираи иҷрои Созишнома дар бораи тайёр намудани кадрҳо дар мақомоти корҳои дохилӣ (политсия) ва қӯшунҳои дохилии давлатҳо-иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки 25 майи соли 2007 дар шаҳри Сочи ва Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ВКД Федератсияи Россия, ки 21 августи соли 2007 дар шаҳри Санкт-Петербург ба имзо расида буд, баргузор гардид.
Мақсади боздид аз Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон – ин ба имзо расонидани Созишнома, инчунин муҳокимаи самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар самти таълим ва илм, иштироки муштарак дар лоиҳаҳои илмӣ-таълимии байналмилалӣ байни донишгоҳи ВКД Россия дар шаҳри Красноярск ва Академияи ВКД Тоҷикистон буд.
Зимни вохӯрӣ роҳбарони ҳарду муассисаи олии таълимии низоми ВКД Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва фаъолияти илмӣ байни Донишкадаи сибирии ВКД Россия ва Академияи ВКД Тоҷикистонро ба имзо расониданд.
Лозим ба ёдоварист, ки Донишкадаи ВКД Россия дар шаҳри Красноярск ягона муассисаи таълимии махсус дар ҷаҳон мебошад, ки мутахассисони мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор омода менамояд.
Муассисаи мазкур аз соли 1962 аввал ҳамчун мактаби миёнаи махсуси ВКД ва аз соли 1998 ҳамчун Донишкадаи ҳуқуқӣ фаъолият менамояд. Ҳоло дар ин муассиса беш аз 600 нафар намояндагон аз дигар давлатҳо мехонанд, ки аз ин ҳисоб 29 нафарашон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






