«МУФАТТИШ МЕОЯД!». Одамон ба поквиҷдонию меҳнати ҳалол даъват карда мешаванд

Декабрь 14, 2017 11:33

ДУШАНБЕ, 14.12.2017. /АМИТ «Ховар»/. «Иҷозат диҳед ман ба шумо як хабари нохуш расонам: ба наздамон муфаттиш меояд!». Бо чунин суханони сардори идораи полис Амос Фёдорович Ляпкин-Тряпкин оғоз мешавад фоҷиаи драмнависи машҳури рус Николай Василйевич Гогол «Муфаттиш». Аз рӯи ин асар ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ -мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қӯрғонтеппа спектакли навро   рўи саҳна оварданд.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, спектакли «Муфаттиш» аз аъмоли  шахсоне, ки манфиатҳои давлатро як сӯ гузошта, ба фоидаи кисаи худ кор мекунанд, ба ришвагириву қаллобӣ ва мардумфиребӣ  даст мезананд,  нақл мекунад.

«Муфаттиш»-ро коргардон Нигина Раҷабова ҳамроҳи  хормейстер Нилуфар Абдуллоева, оҳангсоз Шералӣ Қосимов, хореографҳо Шариф Азизов, Ойимгул Давлатова, консертмейстер Парвина Аҳророва ва рассом-таҳиягар Алимурод Сайдалиев  ба саҳна гузоштааст.

Дар спектакл нақшҳои асосиро Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Аловуддин Абдуллоев, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Меҳринисо Ҳоҷибоева, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Муҳаммад Шомиддинов ва дигар ҳунармандони варзидаю собиқадор ва ҷавонони соҳибистеъдод иҷро кардаанд.

«Муфаттиш» сеюмин спектакли Нигина Раҷабова мебошад, ки дар саҳнаи Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қӯрғонтеппа ба намоиш гузошта мешавад.

«Ин спектакл мавзӯи дархӯри рӯз буда, одамонро ба поквиҷдонию меҳнати ҳалол даъват мекунад. Хушбахт аз он ҳастам, ки имрӯз ҳама ҳунармандони соҳибмартабаи соҳа дар ин театр ба кор фаро гирифта шудаанд. Ин пеш аз ҳама, аз маҳорати кордонии директори театр Аловуддин Абдуллоев дарак медиҳад»,-изҳор дошт Нигина Раҷабова.

Дар назар аст, ки спектакли «Муфаттиш»  дар ҳамаи шаҳру навоҳии  вилояти Хатлон намоиш дода шавад.

Хотиррасон менамоем, ки ба тамошобинони тоҷик  «Муфаттиш»-и Н. Гогол ҳанӯз аз охири  солҳои 70-уми асри гузашта маълум аст: онро Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абқабдулло Рӯдакӣ  коргардони маъруф Хушназар Майбалиев рӯи  саҳнаи Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ   оварда буд.

Декабрь 14, 2017 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд