ОБУ ҲАВО: имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон боридани борону барф дар назар аст

Декабрь 12, 2017 09:13

ДУШАНБЕ, 12.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои   тағйирёбандаи абрнок   ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борону барф,  дар баъзе минтақаҳо фаромадани туман ва чангу ғубор дар назар аст.

Тавре аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд, имрӯз дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи абрнок, дар ноҳияҳо ҳавои бебориш ва дар ноҳияҳои наздикӯҳӣ боридани борону барф дар назар дошта шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона  0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 4-9 дараҷа гарм мешавад.

Ба иттилои манбаъ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок, дар баъзе ҷойҳо боридани борону барф пешгӯӣ мегардад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 2-7  дараҷа хунук ва рӯзона 2-7 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят  шабона  10-15  ва дар баъзе ҷойҳо то 15-20 дараҷа хунук ва рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар вилояти Суғд низ ҳавои тағйирёбандаи абрнок пешбинӣ  шуда, дар ноҳияҳо ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва дар баъзе ноҳияҳо боридани борону барф дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона -2-7 дараҷа хунук ва рӯзона 0-5 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ  ҳавои тағёирёбандаи абрнок, дар водиҳо ҳавои бебориш ва дар ноҳияҳои наздикӯҳӣ боридани барфу борон дар назар дошта шуда, шамол аз самти шарқ 3-8  метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 2-7 дараҷа хунук  ва рӯзона 4-9  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки бебориш  пешгӯӣ шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 2-4 дараҷа хунук ва рӯзона 6-8 дараҷа гарм мешавад.

Декабрь 12, 2017 09:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд