«Ҷоми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе» насиби дастаи Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон гардид

Декабрь 8, 2017 10:56

ДУШАНБЕ, 8.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. 7 декабр мусобиқаи футбол, ки барои дарёфти  «Ҷоми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии  Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе» бахшида ба Соли ҷавонон ва амалисозии «Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021» роҳандозӣ шуда буд, дар Маҷмааи варзишии Агентии стандартизатсия, метрология ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст шуд.

Тавре аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар даври ниҳоӣ футболбозони дастаи Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон бо дастаи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон қувваозмоӣ карданд. Дар ниҳоят дастаи Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон бо ҳисоби  9 бар 1 ғолибият ба даст овард.

Дар қисмати расмӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Зоир Раҳмонзода атрофи оммавигардонии рушди соҳаи варзиш миёни сокинони пойтахт ва дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар, хосса Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори назар намуда, дастаи ғолибро бо «Ҷоми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе» ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ кард.

Ҳамзамон ғолибони ҷои дуюм ва сеюм бо туҳфа ва Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҳизбии шаҳрӣ сарфароз гардонида шуданд.

 

Декабрь 8, 2017 10:56

Хабарҳои дигари ин бахш

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад