Қонуни танзим дар зеҳн ва рӯзгори занон тайғироти куллӣ ба вуҷуд овард
ДУШАНБЕ, 4.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Чанде пеш ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ҳифз ва эҳёи арзишҳои фарҳангиву суннатӣ қабул гардида буд, тағйиру иловаҳо ворид гардид. Тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкур барои боз ҳам беҳтар намудани рӯзгори мардум нигаронида шудаанд.
Доир ба ин мавзӯъ хабарнигори АМИТ «Ховар» бо директори «Маркази худшиносии бонувон дар шаҳри Душанбе» Зӯҳро Мирзоева ҳамсуҳбат гардид. Номбурда дар ин бора чунин ибрози назар кард:
— Дар ҳақиқат бо амалӣ гардидани ин қонун мардум тадриҷан аз анъанаҳои зараровар даст кашида, сарфаву сариштакориро омӯхтанд. Онҳо баъд аз гузаронидани маъракаҳои камхарҷ ва беҳтар гардидани вазъи молиявии рӯзгорашон ба хубӣ дарк намуданд, ки солҳои дароз аз ноогоҳӣ ба исрофкориҳои зиёд роҳ додаанд.
Дарк намуданд, ки барпо намудани тӯю дигар маъракаҳои дабдабанок мояи саодату хушбахтии навхонадорон- фарзандони онҳо шуда наметавонад. Баръакс чунин харҷҳои беҳуда метавонанд сабаби пайдо гардидани нофаҳмиҳо байни ду оилаи хешшаванда ва ҳатто сабаби хонавайронии фарзандони онҳо гарданд. Чуноне ки аз таҳлили аризаҳои муроҷиаткунандагони Маркази мо бармеояд, дар аксари ҳолатҳо ҷангу ҷидол ва гилаву озорҳо дар оилаҳо ба қавли мардум аз ҳамин «фалонӣ фалон чӣ оварду ту наовардӣ, мо кардему шумо накардед»-ҳо сар мешаванд, ки рафта –рафта оилаҳои ҷавон вайрон мешаванд.
Дар суҳбату вохӯриҳо бо занону бонувон, ки онҳо дар таҳкими оила нақши муҳим доранд, мо ҳамеша моҳияти қонуни мазкур ва риояи қатъии онро таъкид мекунем. Ва аз ин суҳбатҳо аён мегардад, ки қонуни мазкур дар андешаву тафаккури занону духтарони мо таҳаввулот ба вуҷуд овардааст. Акнун волидайн барои таъмини зиндагии хушбахтонаи фарзандонашон кӯшиш менамоянд, ки пеш аз ҳама, ба онҳо илму ҳунар омӯзонанд. Ва ба ҷои маъракаҳои серхарҷи нодаркор маблағҳояшонро барои маърифатнокию саводомӯзии онҳо сарф мекунанд, ки ин боиси фараҳмандист. Зиёд мушоҳида мекунем, ки имрӯз мардум аз ҳисоби маблағҳои сарфашуда дар бонкҳо ба номи фарзандонашон суратҳисоб кушода, мекӯшанд зиндагии шоистаи онҳоро таъмин созанд.
Чанде пеш ба ин қонуни миллӣ тағийру иловаҳо ворид гардиданд. Мақсади асосии он ҳимояи иҷтимоии мардуми кишвар буда, барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи харҷи зиёдатӣ мусоидат мекунад.
Аз ҷумла, тибқи онҳо, минбаъд маъракаҳои номгузорӣ, гаҳворабандон, чиллагурезон, мӯйсаргирони тифл ва дигар маъракаҳои ба таваллуди кӯдак вобаста, инчунин тамоми маросими дафну азодорӣ бе забҳи чорво ва бе додани таом гузаронида мешаванд. Ростӣ, мардум ин қонунро бо хушнудии зиёд қабул карданд. Ба назар чунин мерасад, ки гӯё ботинан онро солҳо боз интизорӣ ҳам мекашиданд. Ҳамаи мо шоҳид будем, ки то ин вақт аксари мардум бо таассуб ҳатто ҳамин тӯйи хатнаро ба маъракаи серхарҷ табдил дода буданд. Баъзеҳо аз «ҳамсояам қафо намонам» гуфта, қарз карда, хатнасури фарзандашонро мегузаронданд.
Хушбахтона, тавре дар боло зикр кардам, имрӯз имконият фароҳам омадааст, ки падару модарон ва шахсони онҳоро ивазкунанда барои ояндаи кӯдакон саҳм гузошта, маблағҳои сарфашударо барои ба тарбия ва таълими дуруст фаро гирифтани онҳо дар боғчаю мактаб ва донишкадаҳои олӣ истифода намоянд.
Мутаассифона, тавре борҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд, дар аксар ҳолат вайронкунандагони талаботи қонунҳои амалкунанда шахсони мансабдор, инчунин фарзандону наздикони онҳо буда, берун аз муқаррароти ҷорӣ худсарона маъракаҳои дабдабанок мегузаронанд.
Вобаста ба ин масъала Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз масъулон талаб намуда, дастуру супоришҳои қатъӣ доданд, ки дар мамлакат ҳама гуна маъракаҳо ва ҷашну маросимҳои миллӣ мувофиқ ба талаботи қонун ба роҳ монда шаванд.
Сарвари давлат таъкид карданд, ки минбаъд дар ҳолати аз ҷониби аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, хизматчиёни давлатӣ, фарзандон, пайвандон ва хешовандони наздики онҳо такрор шудани қонунвайронкуниҳо татбиқи ҷазо то аз вазифа озод кардани хизматчиёни давлатӣ ва аз макотиби олӣ хориҷ намудани фарзандони онҳо амалӣ мегардад.
Дар ҳамин замина, ба дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор низ тағйиру иловаҳо пешниҳод гардида, ҷавобгарии онҳо барои вайрон намудани талаботи қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо пурзӯр карда шуд. Аз ҷумла, мувофиқи тағйиру иловаҳо ба моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ҷавобгарии шахсони мансабдор ва шахсони ҳуқуқӣ пурзӯр карда, андозаи ҷарима нисбат ба шахсони мансабдор аз 250-270 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне аз 12500 — 13500 сомонӣ то 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё то 25 ҳазор сомонӣ, нисбат ба шахсони ҳуқуқӣ андозаи ҷарима аз 500 — 520 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне 25 — 26 ҳазор то 700 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 35 ҳазор сомонӣ баланд бардошта шуд.0
Барои дағалона ё такроран вайрон намудани тартиби гузарондани анъана ва ҷашну маросимҳо низ ҷавобгарӣ пешбинӣ гардида, ба шахсони воқеӣ ба андозаи шашсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 30 ҳазор сомонӣ, ба шахсони мансабдор ба андозаи ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 40 ҳазор сомонӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 50 ҳазор сомонӣ ҷарима таъйин карда мешавад.
Тағйиру илова ба қонуни мазкур, бешак, барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, паст намудани сатҳи камбизоатӣ ва рушди минбаъдаи ҳаёти иҷтимоӣ — иқтисодии давлат мусоидат хоҳад кард.
Ҳар яки мо бояд дар амалишавии ин қонуни миллӣ масъул бошем!
Рухсораи НУР