Отряди сарҳадии «Ҳамадонӣ»: интиқоли ғайриқонунии 38 кг маводи нашъадор дар сарҳади давлатӣ пешгирӣ гардид
ДУШАНБЕ, 19.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси маълумоти фаврӣ хизматчиёни ҳарбии Отряди сарҳадии «Ҳамадонӣ» дар якҷоягӣ бо кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 декабри соли равон, соати 22:50, дар минтақаи дидбонгоҳи сарҳадии «Панҷоб» амалиёти муштарак гузаронида, интиқоли ғайриқонунии маводи нашъадорро аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгирӣ намуданд.
Тавре аз маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, қочоқбарони номаълуми афғон, иборат аз 7-8 нафар бо хизматчиёни ҳарбӣ рӯ ба рӯ шуданд, ки дар натиҷа байни онҳо задухӯрди шадиди мусаллаҳона ба амал омад. Дар натиҷа қочоқбарон ба муқовимати хизматчиёни ҳарбӣ тоб оварда натавониста, аз торикии шаб истифода бурда, ба самти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон фирор карданд.
Ба иттилои манбаъ, ҳангоми азназаргузаронии ҷойи ҳодиса зиёда аз 17 кг маводи сахттаъсири героин, 11 кг маводи мухаддири навъи ҳашиш ва 10 кг афюн дарёфт ва мусодира карда шуд.








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






