Отряди сарҳадии «Ҳамадонӣ»: интиқоли ғайриқонунии 38 кг маводи нашъадор дар сарҳади давлатӣ пешгирӣ гардид

Декабрь 19, 2017 09:56

ДУШАНБЕ, 19.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси маълумоти фаврӣ хизматчиёни ҳарбии Отряди сарҳадии «Ҳамадонӣ» дар якҷоягӣ бо кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 декабри соли равон, соати 22:50, дар минтақаи дидбонгоҳи сарҳадии «Панҷоб» амалиёти муштарак гузаронида, интиқоли ғайриқонунии маводи нашъадорро аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгирӣ намуданд.

Тавре аз маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  қочоқбарони номаълуми афғон, иборат аз 7-8 нафар бо хизматчиёни ҳарбӣ рӯ ба рӯ шуданд, ки дар натиҷа байни онҳо задухӯрди шадиди мусаллаҳона ба амал омад. Дар натиҷа қочоқбарон ба муқовимати хизматчиёни ҳарбӣ  тоб оварда натавониста, аз торикии шаб истифода бурда, ба самти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон фирор карданд.

Ба иттилои манбаъ, ҳангоми азназаргузаронии ҷойи ҳодиса зиёда аз 17 кг маводи сахттаъсири героин, 11 кг маводи мухаддири навъи ҳашиш ва  10 кг афюн дарёфт ва мусодира карда шуд.

Декабрь 19, 2017 09:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид