Паёми Пешвои миллат-таҳкимбахши пояҳои истиқлолият
КӮЛОБ, 27.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. 26 декарбри соли равон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Маркази ВНМО-и минтақа» бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб доир ба расонидани муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Сарахон Абдуқаҳҳоров, роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар шаҳри Кӯлоб Мунаввараи Бозоралӣ, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, директори Маркази зидди бемориҳои ВНМО дар минтақаи Кӯлоб Тоҳир Туманов, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ иштирок намуданд.
Зимни вохӯрӣ Сарахон Абдуқаҳҳоров иброз намуд, ки Сарвари давлат дар Паёми навбатӣ изҳор доштанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони истиқлолияти худ ҳамкории густурдаи минтақавиро воситаи муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, иҷтимоӣ, экологӣ ва таъмини амнияту субот дар Осиёи Марказӣ дониста, ҷонибдори таҳкими муносибатҳои байниҳамдигарии мардумони минтақа бар пояи дӯстӣ ва ҳусни эътимод мебошад. Инчунин зикр карда шуд, ки Ҳукумати кишвар барои баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум пайваста тадбир меандешад.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






