Пешвои миллат варзишгаронро аз рӯи натиҷаҳои соли 2017 қадрдонӣ намуданд

Декабрь 28, 2017 17:56

ДУШАНБЕ, 28.12.2017. /АМИТ «Ховар»/. 26 декабри соли равон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи қадрдонӣ намудани ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои варзишии сатҳи байналмилалӣ Амр ба имзо расониданд. Тибқи Амри мазкур, аз номи Сарвари давлат ба 25 нафар варзишгарон ва мураббиёни онҳо аз рӯи натиҷаҳои мавсими варзишии соли 2017 мукофотҳои пулӣ дар ҳаҷми умумии 653 ҳазору 750 сомонӣ тақдим карда шуданд.

Аз рӯи намудҳои олимпӣ:

1. Назаров Дилшод Ҷамолиддинович, ки моҳи июли соли 2017 дар Чемпионати Осиё оид ба варзиши сабук (Ҳиндустон) сазовори ҷойи якум (медали тилло) гардид, (маблағи ҷоизапулӣ 75 000 сомонӣ, аз ин ба мураббӣ 15 000 сомонӣ);

2. Ҳасанов Бахтовар Каримхонович, ки моҳи майи соли 2017 дар Чемпионати Осиё оид ба гӯштини юнону румӣ (Ҳиндустон) сазовори ҷойи сеюм (медали биринҷӣ) гардид, (маблағи ҷоизапулӣ 25 000 сомонӣ, аз ин ба мураббӣ 5 000 сомонӣ);

3. Устопириён Комроншоҳ Усто, ки моҳи майи соли 2017 дар Чемпионати Осиё оид ба гӯштини дзюдо (Чин) сазовори ҷойи якум (медали тилло) гардид, (маблағи ҷоизапулӣ 75 000 сомонӣ, аз ин ба мураббӣ 15 000 сомонӣ);

4-5. Раҳимов Темур Бахтиёрович, ки моҳи июли соли 2017 дар Чемпионати Осиё оид ба гӯштини дзюдо байни ҷавонон (Қирғизистон) сазовори ҷойи дуюм (медали нуқра) гардид, (маблағи ҷоизапулӣ 12 500 сомонӣ, аз ин ба мураббӣ 2 500 сомонӣ);

Ҳамчунин ӯ моҳи октябри соли 2017 дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини дзюдо байни ҷавонон (Хорватия) сазовори ҷойи сеюм (медали биринҷӣ) гардид, (маблағи ҷоизапулӣ 25 000 сомонӣ, аз ин ба мураббӣ 5 000 сомонӣ);

6. Сарахонов Муҳаммадраҳим Абдураҳимович, ки моҳи июли соли 2017 дар Чемпионати Осиё оид ба гӯштини дзюдо байни ҷавонон (Қирғизистон) сазовори ҷойи сеюм (медали биринҷӣ) гардид, (маблағи ҷоизапулӣ 6250 сомонӣ, аз ин ба мураббӣ 1250 сомонӣ);

7. Қурбонов Ҷаҳон Абдусаидович, ки моҳи майи соли 2017 дар Чемпионати Осиё оид ба бокс (Ӯзбекистон) сазовори ҷойи сеюм (медали биринҷӣ) гардид, (маблағи ҷоизапулӣ 25 000 сомонӣ, аз ин ба мураббӣ 5 000 сомонӣ);

8. Абдуллоев Ҷамолиддин Нажмиддинович, ки моҳи августи соли 2017 дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини дзюдо байни наврасон (Чилӣ) сазовори ҷойи сеюм (медали биринҷӣ) гардид, (маблағи ҷоизапулӣ 25 000 сомонӣ, аз ин ба мураббӣ 5 000 сомонӣ);

9. Лоиқов Разиавлоҳ Ҳасратҷонович, ки моҳи июли соли 2017 дар Чемпионати Осиё оид ба гӯштини дзюдо байни наврасон (Қирғизистон) сазовори ҷойи якум (медали тилло) гардид, (маблағи ҷоизапулӣ 18 750 сомонӣ, аз ин ба мураббӣ 3 750 сомонӣ);

10. Маҷидов Ҷаҳонгир Ҳотамович, ки моҳи июли соли 2017 дар Чемпионати Осиё оид ба гӯштини дзюдо байни наврасон (Қирғизистон) сазовори ҷойи якум (медали тилло) гардид, (маблағи ҷоизапулӣ 18 750 сомонӣ, аз ин ба мураббӣ 3 750 сомонӣ);

11. Маҳмадов Ҳоҷиқурбон Абдурауфович, ки моҳи июли соли 2017 дар Чемпионати Осиё оид ба каратэ-до байни ҷавонон (Қирғизистон) сазовори ҷойи дуюм (медали нуқра) гардид, (маблағи ҷоизапулӣ 12 500 сомонӣ, аз ин ба мураббӣ 5 000 сомонӣ);

12. Маҳмадбеков Сомон Моёншоевич, ки моҳи октябри соли 2017 дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини дзюдо байни ҷавонон (Хорватия) сазовори ҷойи сеюм (медали биринҷӣ) гардид, (маблағи ҷоизапулӣ 25 000 сомонӣ аз ин ба мураббӣ 5 000 сомонӣ);

13. Маҳмадбеков Раҳмонҷон Азизбекович, ки моҳи июли соли 2017 дар Чемпионати Осиё оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон (Таиланд) сазовори ҷойи сеюм (медали биринҷӣ) гардид, (маблағи ҷоизапулӣ 6250 сомонӣ, аз ин ба мураббӣ 1250 сомонӣ);

14. Фарҳодов Раҳматуллобек Давлатбекович, ки моҳи июли соли 2017 дар Чемпионати Осиё оид ба гӯштини дзюдо байни ҷавонон (Қирғизистон) сазовори ҷойи якум (медали тилло) гардид, (маблағи ҷоизапулӣ 18 750 сомонӣ, аз ин ба мураббӣ 3 750 сомонӣ);

15. Раҳмонов Ҳоҷимашраб Иброҳимович, ки моҳи июли соли 2017 дар Чемпионати Осиё оид ба гӯштини дзюдо байни ҷавонон (Қирғизистон) сазовори ҷойи сеюм (медали биринҷӣ) гардид, (маблағи ҷоизапулӣ 6250 сомонӣ, аз ин ба мураббӣ 1250 сомонӣ);

16. Абдуллоев Эраҷ Наҷмиддинович, ки моҳи июли соли 2017 дар Чемпионати Осиё оид ба гӯштини дзюдо байни ҷавонон (Қирғизистон) сазовори ҷойи сеюм (медали биринҷӣ) гардид, (маблағи ҷоизапулӣ 6250 сомонӣ, аз ин ба мураббӣ 1250 сомонӣ);

17. Даминов Шаҳриёр Тоҳирович, ки моҳи июни соли 2017 дар Чемпионати Осиё оид ба гӯштини қаиқронӣ (Чин) сазовори ҷойи дуюм (медали нуқра) гардид, (маблағи ҷоизапулӣ 50 000 сомонӣ, аз ин ба мураббӣ 10 000 сомонӣ);

Аз рӯи намудҳои ғайриолимпӣ:

18. Хоҷазода Беҳрӯзи Садулло, ки моҳи ноябри соли 2017 дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини самбо (Россия) сазовори ҷойи якум (медали тилло) гардид, (маблағи ҷоизапулӣ 50 000 сомонӣ, аз ин ба мураббӣ 10 000 сомонӣ);

19. Хоркашев Набимуҳамад Мусамиршоевич, ки моҳи ноябри соли 2017 дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини самбо (Россия) сазовори ҷойи дуюм (медали нуқра) гардид, (маблағи ҷоизапулӣ 40 000 сомонӣ, аз ин ба мураббӣ 8 000 сомонӣ);

20. Каримов Акмалиддин Саторхоҷаевич, ки моҳи ноябри соли 2017 дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини самбо (Россия) сазовори ҷойи дуюм (медали нуқра) гардид, (маблағи ҷоизапулӣ 40 000 сомонӣ, аз ин ба мураббӣ 8 000 сомонӣ);

21. Олимшоев Зафар Мазамшоевич, ки моҳи ноябри соли 2017 дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини самбо (Россия) сазовори ҷойи сеюм (медали биринҷӣ) гардид, (маблағи ҷоизапулӣ 30 000 сомонӣ, аз ин ба мураббӣ 6 000 сомонӣ);

22. Латифов Сорбон Файзович, ки моҳи ноябри соли 2017 дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини самбо (Россия) сазовори ҷойи сеюм (медали биринҷӣ) гардид, (маблағи ҷоизапулӣ 30 000 сомонӣ, аз ин ба мураббӣ 6 000 сомонӣ);

23. Ибодов Ибодулло Зиёдуллоевич, ки моҳи апрели соли 2017 дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷиуҷитса байни ҷавонон (АМА) сазовори ҷойи якум (медали тилло) гардид, (маблағи ҷоизапулӣ 12 500 сомонӣ, аз ин ба мураббӣ 2 500 сомонӣ);

24. Ҳукматов Саидшо Кузратуллоевич, ки моҳи апрели соли 2017 дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷиуҷитса байни ҷавонон (АМА) сазовори ҷойи дуюм (медали нуқра) гардид, (маблағи ҷоизапулӣ 10 000 сомонӣ, аз ин ба мураббӣ 2 000 сомонӣ);

25. Абдураҳимов Шамсиддин Ҳусниддинович, ки моҳи апрели соли 2017 дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷиуҷитса байни ҷавонон (АМА) сазовори ҷойи дуюм (медали нуқра) гардид, (маблағи ҷоизапулӣ 10 000 сомонӣ, аз ин ба мураббӣ 2 000 сомонӣ).

P.S. Ёдовар мешавем, ки ҷоизаи президентӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 январи соли 2015, таҳти №328 таъсис дода шудааст. Дар маҷмӯъ, дар ин давра 36 нафар варзишгарон барои муваффақиятҳояшон дар ҳаҷми 1 млн. 296 ҳазору 250 сомонӣ мукофотонида шудаанд.

Декабрь 28, 2017 17:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистонро дар Бозиҳои сеюми кишварҳои ИДМ 142 варзишгар муаррифӣ менамояд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷамъбаст гардид
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо Камбоҷа бозӣ мекунад
Дар рӯзи охирини Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо варзишгарони тоҷик соҳиби 6 медал шуданд
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал дар оғози марҳилаи интихобӣ тими Макаоро мағлуб намуд
Варзишгарони Тоҷикистон дар Бозиҳои ИДМ-2025 иштирок менамоянд
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА САМБО. Варзишгарони тоҷик дар рӯзи якуми мусобиқа се медал ба даст оварданд
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи Макао бозӣ мекунад
Мусобиқаи 15-уми байналмилалӣ оид ба теннис дар Душанбе идома дорад
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз меёбад
«Регар-ТадАЗ» бори ҳаштум барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2025 оид ба футбол шуд
Имрӯз бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2025 оид ба футбол баргузор мегардад