«Помирэнерҷӣ» барои соҳибкорони ҷавон давраи якҳафтаинаи омӯзишӣ роҳандозӣ кард: ҳадаф-рушди соҳибкории хурду миёна дар Бадахшон
ХОРУҒ, 21.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Соҳибкорони ҷавон аз шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо кумаки молии ширкати «Помирэнерҷӣ» давоми як ҳафта дар давраи омӯзишӣ бо тарзи таҳияи лоиҳаи бизнес-нақша, харҷу дахли буҷа, роҳҳои ҳамкорӣ бо шарикон, қоидаҳои андозбандӣ ва амсоли инҳо шинос шуданд. Директори генералии ширкати «Помирэнерҷӣ» гуфт, ки ҳадафи давраи омӯзишӣ- ҷалби ҳарчӣ бештари ҷавонон ба соҳибкории хурду миёна аст. Ин қадами аввал ба самти соҳибкории истеҳсолӣ аст, ки ҳукумати ҷумҳурӣ ба он аҳамияти калон зоҳир намуда, ба соҳибкороне, ки ба бунёди корхонаву коргоҳҳои тавлидотӣ машғул мешаванд, имтиёзҳои қобили мулоҳиза муқаррар намудааст. Дар рушди соҳибкорӣ бахши хусусӣ низ саҳми муассир гузошта метавонад. Инро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти худ бо соҳибкорон таъкид карда, изҳор доштанд, ки «Ҳукумати Тоҷикистон минбаъд низ доир ба таҳким бахшидани шарикии давлат ва бахши хусусӣ, тавсеаи моликияти хусусӣ, дастгирии ҳамаҷонибаи соҳибкорон ва баланд бардоштани мавқеи соҳибкорӣ ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ мегардонад».
Соҳибкорони ҷавон пас аз давраи омӯзишӣ бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни кор дар корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ ба вилояти Суғд сафар карданд. Баъди бозгашт лоиҳаҳои пешниҳоднамудаи онҳо аз сӯи коршиносони масоили иқтисодӣ ва соҳибкорони муваффақ таҳлилу баррасӣ шуданд. Аз шаш лоиҳа, ки ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, сохтмонӣ, маводи сӯхт, бунёди ҳаммом, шустушӯи либосу палос ихтисос ёфта буданд, се лоиҳа интихоб гардид. Барои дар амал татбиқ намудани ин лоиҳаҳо ширкати «Помирэнерҷӣ» наздики 70 ҳазор сомонӣ ҷудо кард. Масъулини ин ширкат иброз доштанд, ки баъд аз ин ҳамасола чунин давраҳои омӯзиширо барои соҳибкорони ҷавон роҳандозӣ карда, мекӯшанд лоиҳаҳои ҳаҷман бузургтарро сармоягузорӣ намоянд.
Раиси Ассотсиатсияи соҳибкорони вилоят Боимамад Алибахшов ин иқдоми ширкати «Помирэнерҷӣ»-ро шоистаи ибрат номида, аз дигар корхонаву муассисаҳои хусусӣ, ки сармояи кофӣ доранд, даъват намуд, ки соҳибкорони ҷавонро дастгирӣ намоянд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






