РАДДАБАНДИИ КИШВАРҲОИ ҶАҲОН АЗ РӮЙИ САТҲИ РУШД ДАР СОЛИ 2017: Тоҷикистон аз Ҳиндустон ва Покистон пешсаф аст

Декабрь 21, 2017 15:04

ДУШАНБЕ, 21.12.2017. /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон дар Индекси ҷаҳонии пешрафти иҷтимоӣ  (Social Progress Index, SPI) аз 100 холи  эҳтимолӣ 58,87 хол касб карда, ҷойи 92-юмро ишғол намуд. Дар ин бора сомонаи расмии Ташкилоти байналмилалии «Social Progress Imperative» (ИМА) хабар медиҳад.

Ҳамин тавр дар ин раддабандӣ (рейтинг) Ҷумҳурии Тоҷикистон аз чунин кишварҳои калони Осиё, ба мисли Ҳиндустон (ҷойи 93-юм, 58,39 хол), Бангладеш (ҷойи 97-ум, 54,84 хол), Покистон (ҷойи 105-ум, 51,54 хол), Яман (ҷойи 122-юм, 43,46 хол) пешсаф аст. Дар ин индекс Россия ҷойи 67-ум (67,17 хол) ва Чин ҷойи 83-юм (63,72 хол)-ро ишғол менамоянд.

Маврид ба зикр аст, ки дар саргаҳи индекси мазкур мутахассисони Донишгоҳи Гарвард ва Донишгоҳи технологии Массачусетс қарор доранд. Ин индекс на танҳо омилҳои иқтисодиро дар бар мегирад, ҳамчунин ҷанбаҳои иҷтимоию экологӣ, аз қабили маориф, тиб, ҳифзи муҳити зист, озодии шахсиятҳо, таҳаммулгароӣ нисбат ба ақаллиятҳоро фарогир аст. Ҳамаи ин омилҳо дар асоси харитаи ҷаҳонӣ, ки дидани сатҳи рушди кишварҳо имконпазир аст, таҳия шудаанд.

Дар натиҷа, Данияи хурд (бидуни ҳудуди худ-ҷазираҳои Фарер ва Гренландия) бо гирифтани 90,57 хол кишвари аз ҳама пешрафтаи ҷаҳон гардид.

Агар ба даҳгонаи пешсаф нигарем, метавон 7 кишвари аврупоиро бинем. Инчунин ба ТОП-10 Канада, Австралия ва Зеландияи Нав шомиланд.
Кишвари аз ҳама суст аз рӯи рушди иҷтимоӣ Ҷумҳурии Марказии Африқо гардид. Дар маҷмӯъ, дар даҳгонаи охир 8 кишвари африқоӣ ва ду кишвари Осиё-Афғонистон ва Яман ҷой гирифтаанд.

Дар умум 128 кишвар аз рӯи 50 категория арзёбӣ гардидаанд. Худи истилоҳи «Рушди иҷтимоӣ»-ро муаллифон чун «қобилияти ҷомеа ба татбиқи эҳтиёҷоти асосии инсон, инчунин фароҳам овардани тамоми шароит барои татбиқи иқтидорҳои инсонӣ ва боло бурдани сифати зиндагӣ» шарҳ медиҳанд.

 

ТОП-10 кишвар бо сатҳи аз ҳама баланди рушд

1.Дания 90,57/100
2.Финляндия 90,53/100
3.Исландия 90,27/100
4.Норвегия 90,27/100
5.Швейтсария 90,10/100
6.Канада 89,84/100
7.Нидерландия 89,82/100
8.Шветсия 89,66/100
9.Австралия 89,30/100
10.Зеландияи нав 89,30/100

 

10 кишвар бо сатҳи аз ҳама пасти рушд

128.Ҷумҳурии Африқои Марказӣ 28,38/100
127.Афғонистон 35,66/100
126.Чад 35,69/100
125.Ангола 40,73/100
124.Нигер 42,97/100
123.Гвинея 43,40/100
122.Яман 43,46/100
121.Эфиопия 45,29/100
120.Серра-Леоне 47,10/100
119. Мадагаскар 47,40/100

 

P.S. SPI ба ташкилоти Social Progress Imperative, ки накӯкорон, сиёсатмадорон ва соҳибкорони иҷтимоӣ (аз ҷумла, чунин ташкилотҳо:  Deloitte, Cisco, Фонди Сколл)-ро бо ҳам муттаҳид месозад, марбут аст. Ин гурӯҳ соли 2009, пас аз буҳрони молиявии навбатӣ ташкил шуда, соли 2013 Social Progress Imperative ба ҷаҳон индекси худ-SPI-ро пешниҳод намуд.

 

 

 

Декабрь 21, 2017 15:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд