Роҳи пешгирифтаи ТЭТ ҲНИТ – роҳи раҳгумзадагон

Декабрь 5, 2017 09:55

ДУШАНБЕ, 05.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Барои бунёд кардани давлати мустақил ва сазовор шудан ба истиқлолият ҳар миллату халқият муборизаҳои шадид мебаранд. Мусаллам аст, ки  миллати тоҷик баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ барои мустақилият ба даст овардан ҷанги таҳмилии шаҳвандиро, ки ҳазорҳо падару модарон бе фарзанд, ҳазорҳо фарзанд бе волидайн, ҳазорҳо зан бе шаҳвар ва ҳазорҳо шаҳрвандон бе хонаю дар монданд ва дар ин ҷо аъзо ва шарикони ТЭТ ҲНИТ даст доштанд, аз сар гузаронд. Баъди ин вазниниҳои зиндагӣ ва бо ивази хуни ҷони ҳазорҳо ҷавонмардон ба миллати тоҷик муяссар шуд, ки хушбахтона, соҳиби давлати мустақил гардида, истиқлолияти худро ба даст оварад.

Баъд аз талошҳои зиёд Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз давлатҳои рӯ ба тараққӣ мубаддал гардида, дар ҳалли маъалаҳои сатҳи ҷаҳонӣ, аз қабили терроризму экстремизм, гардиши маводи мухаддир, норасоии  оби ошомиданӣ ва дигар масъалаҳо бетараф набуда, пайваста дар ин роҳ ташаббусҳои назаррас нишон медиҳад.

Мутаассифона, баъзе гурӯҳҳо ва ташкилотҳое, ба монанди ТЭТ ҲНИТ, «Гурӯҳи – 24» ва ғайра пайдо шудаанд, ки ҳамаи ин дастовардҳо ва пешравиҳои кишвари моро нодида гирифта, мехоҳанд Тоҷикистони биҳиштосои моро боз ба ҳамон рӯзҳои шум ва тира баргардонанд.

Чанде қабл аз тарафи сомонаи АМИТ «Ховар» мусоҳибае бо Собиршо Ҳасанов, сокини ноҳияи Дарвоз пешкаши хонандагон гардид. Ростӣ, онро хонда, аз амалҳои ҷавонони ҳаммиллате, ки нисбат ба ин бародари мо раво дидаанд, шармам омад. Воқеан, ин кирдорҳо аз тарафи ашхосе ба миён меоянд, ки раҳгумзада ҳастанду дар дили онҳо нисбат ба Ватану модари хеш меҳр намондааст ва ба кадом сӯй рафтани худро намедонанд.

Дар яке аз суханрониҳои худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид кардаанд, ки «ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ сарчашмаи ҷаҳолату торикӣ буда, ба миллат ва мардуми тоҷик танҳо бадбахтӣ меорад ва барои рушду тараққиёти ҷомеаву давлат монеаи ҷиддӣ эҷод мекунад».

Бародари гиромии мо Собиршо Ҳасанов ошкоро гуфтааст, ки аъзо ва ҷонибдорони ташкилотҳои террористӣ бо чӣ гуна роҳҳову воситаҳо мехостаанд, ки ӯро ба доми найрангҳои худ дароварда, ба гурӯҳҳои ифротӣ шомил созанд. Аммо, хушбахтона, ғурур ва меҳри ватандорӣ ва меҳанпарастӣ боло гирифта, ӯ ва зану фарзандонаш  аз таъсири ин гурӯҳҳои ифротӣ халос хӯрдаанд.

Ба касе пӯшида нест, ки мақсади асосии терроризм- ин ба миён овардани нооромиҳо, халалдор сохтани амнияти миллӣ, ба вуҷуд овардани тарсу воҳима миёни ҷомеа, паст кардани мақому манзалати мақомоти давлатӣ  ба ҳисоб меравад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахси террорист чунин баҳо додаанд: «Терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад».

Таъкидҳои пайвастаи Сарвари давлат ва вазъияти ҷаҳони имрӯза моро водор месозанд, ки ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надода, фирефтаи таблиғоту ақидаҳои бебунёди ифротӣ ва ваъдаҳои бардурӯғи зархаридони хориҷӣ нашавем. Ҷавонони зодаи истиқлол, дар маҷмӯъ ҳама табақаи ҷомеаи Тоҷикистонро мебояд, ки ҳамчун соҳибватанони асил ва содиқ ба Пешвои миллат барои ҳимояи манфиатҳои милливу давлатӣ омода бошанд.

 

 

Фирӯзи САИДМӮЪМИН,
узви ТҶҶ «Созандагони Ватан»

Декабрь 5, 2017 09:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Файзобод офатҳои табиӣ бартараф карда мешаванд
Дар шаҳри Конибодом ҷаласаи сайёри Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
«БАРОИ СУЛҲ ВА ДӮСТӢ». Таҳти чунин унвон дар Тоҷикистон фестивали байналмилалӣ оғоз гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ. Бахшида ба он дар дувоздаҳ шаҳру ноҳияи Тоҷикистон фестивалҳои футбол доир мешаванд
Имрӯз бори нахуст Рӯзи ҷаҳонии футбол таҷлил мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияиҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони бошиддат дар назар аст
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Рӯзи ҷавонон бо шаҳомати хосса таҷлил карда шуд
Ба ифтихори Рӯзи ҷавонон дар шаҳри Роғун бо иштироки зиёда аз 2500 нафар роҳпаймоӣ доир гардид
Дар Душанбе нишасти матбуотии Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон баргузор гардид
СИГНАХИ. Шаҳри муҳаббат ва маконе дар Гурҷистон, ки дар он ҳамеша сулҳ пойдор будааст
«МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-ОЙИНИ ХУДШИНОСӢ». Дар ноҳияи Синои пойтахт даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад