Санаи маросими ҷоизасупорӣ ба беҳтаринҳои футболи тоҷик маълум гардид
ДУШАНБЕ, 18.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. 23 декабр маросими тақдими ҷоизаҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон ба беҳтаринҳои мавсими соли 2017 дар маҷмааи фарҳангии «Кохи Наврӯз»-и шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Дар ин бора сухангӯи Федератсияи футболи Тоҷикистон Фаридун Солиев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод.
Зикр шуд, ки дар ин маросим ғолибон аз рӯи беш аз 20 номгӯ (номинатсия)–беҳтарин футболбоз, мураббӣ, довар ва дигар номзадҳои мавсими 2017 бо ҷоизаҳо сарфароз мешаванд.
Ҳоло соҳиби ҷоизаи «Беҳтарин нишонзан» маълум аст. Вай ҳамлагари дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе Дилшод Восиев мебошад, ки имсол дар бозиҳои чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ аз ҳама бештар-16 гол задааст.
Сараввал ба ширкаткунандагони маросим навори видеоӣ дар бораи натиҷаи мавсими имсола пешкаш мегардад. Зимнан бояд гуфт, ки ФФТ имсол корҳои зиёдеро дар бобати рушди минбаъдаи футбол дар кишвар иҷро кард. Ба такмили ташкили кори футболи кӯдакону наврасон, тарғибу ташвиқ ва маъруфияти футбол дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ, инчунин ба омодагӣ ва ширкати муваффақонаи дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқоти байналмилалӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд. Дар ҷумҳурии мо панҷ мусобиқаи байналмилалӣ оид ба футбол миёни наврасону ҷавонон ва бонувон доир гардид.
Имсол дастаҳои мунтахаби наврасони 16-сола ва ҷавонони 19-солаи Тоҷикистон ба ҳаққи ширкат дар марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё-2018 мушарраф шуданд. Инчунин дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон ба қисми финалии чемпионати Осиё-2018 роҳхат гирифт. Дар доираи мусобиқоти интихобии чемпионати Осиё-2019 ва Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2017 имсол дар варзишгоҳҳои марказии шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисор бозиҳо бо ширкати дастаҳои миллӣ ва бошгоҳҳои футбол аз кишварҳои мухталифи қора баргузор шуданд. Дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе- чемпиони Тоҷикистон дар Ҷоми AFC ба бозии финалӣ роҳ ёфт.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд






