«Сарбозони бесилоҳ» соҳиби ҷоизаи «Беҳтарин филм» дар Аввалин Фестивали телевизионии филмҳои мустанад «СИМО» гардид

Декабрь 6, 2017 16:38

ДУШАНБЕ, 06.11.2017. /АМИТ «Ховар»/.  Филми «Сарбозони бесилоҳ» сазовори ҷоизаи  «Беҳтарин филм» дар Аввалин Фестивали телевизионии филмҳои мустанад «СИМО» гардид, ки онро муовинони раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадшариф Бобошоҳзода ва Назира Амирбекзода, ҳамчунин директори телевизиони «Синамо» Набӣ Набизода дар маросими тантанавӣ ба Сайёд Муҳаммадов супориданд.

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо» шоми дирӯз дар шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупории Аввалин Фестивали телевизионии филмҳои мустанад «СИМО»-ро доир намуд.

Ҳамзамон дар маросими тантанавӣ ба 15 нафар собиқадорони телевизион ва синамои тоҷик дипломҳои махсуси фестивал ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд. Сипас, аз ҷониби муовини якуми Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ибодулло Машраб ба намояндагони шабакаҳои телевизионӣ ва роҳбарияти «Кохи Наврӯз» барои саҳмгузорӣ ва иштироки фаъолона «Дипломи махсуси  Фестивал» тақдим гардид.

Тибқи номинатсияи Фестивал ба наворбардори шинохта Георгий Дзалаев ва коргардони маъруф Лилиана Налоева ҷоизаҳои «Барои хизмати шоиста»-ро муовини раиси Кумитаи телевизион ва радио Назира Амирбекзода ва раиси Иттифоқи журналистон, директори Академияи ВАО Зинатуллоҳи Исмоил супориданд. Ба ҷоизаи «Таваҷҷуҳи тамошобин» коргардон Абдулҳай Зокиров барои филми «Куҳандиёр» сазовор дониста шуд ва ҷоиза аз тарафи раиси Иттифоқи композиторон Хуршед Низомов тақдим гардид. Аъзои ҳакамон беҳтарин филм бахшида ба Соли ҷавонон филми коргардон Далери Имомалӣ  «Соҳибватан»-ро муайян карданд, ки ҷоизаро раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода супорид.

Барандаи «Ҷоизаи махсуси ҳакамон» коргардон Файзулло Файз бо филми «Синамои тоҷик» дониста шуда, ҷоиза аз тарафи раиси Иттифоқи синамогарон Сафар Ҳақдод тақдим гардид. Филми коргардон Озод Маликов бо номи «Кавикас» барандаи ҷоизаи «Беҳтарин бозёфти эҷодӣ» шуд ва ҷоизаро директори Киностудияи давлатии «Тоҷикфилм» Носир Раҳмон тақдим кард. Ҷоизаи «Беҳтарин консепсия дар филми мустанад»-ро филми коргардон Сафарбеки Солеҳ «Комил» соҳиб шуд ва ҷоизаро муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагон Ато Мирхоҷа супорид. Аъзои ҳакамон ба ҷоизаи «Беҳтарин наворбардор» наворбардори филми «Духтари Сайҳун» Наврӯз Саидовро лоиқ донистанд ва ҷоизаро наворбардори шинохта Заур Дахте тақдим кард. Ҷоизаи «Беҳтарин коргардонро» коргардони шинохта Рустам Шоазимов дар филми «Парвози парвона» соҳиб шуд ва ҷоиза аз тарафи Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Убайдулло Раҷабов супорида шуд.

Дар охир санъаткорон бо таронаву сурудҳои дилнишин ба  ҷашнвора шаҳомати дигар бахшиданд.

                          

 

 

 

 

 

Декабрь 6, 2017 16:38

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи рушди мактабҳои бачагонаи мусиқӣ, рассомӣ, санъат ва мактаб-интернатҳои миёнаи махсуси ҷумҳуриявии мусиқӣ ва санъат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031» қабул гардид
Аз ҳудуди ноҳияи Данғара ёдгории нодири меъмории мансуб ба асрҳои IX–XII ёфт гардид
Дар Душанбе бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
29 август дар Душанбе Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон баргузор мешавад
«ЯК МЕРОС, ДУ САРЗАМИН». Намоишгоҳи муштараки маҷозии Тоҷикистон ва Эрон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳаввули мутолиаи китоб дар даврони Истиқлолияти давлатӣ маҳфили адабӣ баргузор гардид
Дар Рӯзи фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба сокинони пойтахт ганҷинаи нотакрори ҳунар пешниҳод гардид
«CHAKAN HOUSE». Дар Донишгоҳи давлатии Данғара маркази дӯзандагӣ ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар боғҳои шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳанги ВМКБ ва ноҳияи Файзобод баргузор мегарданд
Дар Душанбе рӯзи фарҳанги ноҳияҳои Ишкошим ва Мурғоб баргузор шуд
Имрӯз рӯзҳои фарҳанги шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ишкошим, Мурғоб ва Роштқалъа баргузор мегарданд
БОЗЁФТИ НОДИР. Сиккаҳои замони Сомониён дар Хутали Қадим кашф гардиданд