«Симо» тавонист беҳтарин эҷодкорони кишварро ба ҳам биёрад- бардошт аз маросими ҷоизасупории аввалин Фестивали телевизионии филмҳои мустанад дар Душанбе

Декабрь 6, 2017 14:56

ДУШАНБЕ, 06.12.2017/АМИТ «Ховар»/. Маросими ҷоизасупории аввалин  Фестивали телевизионии  филмҳои  мустанад  «Симо», ки дар  доираи  Соли  ҷавонон  аз  тарафи  Муассисаи  давлатии  телевизиони  «Синамо» эълон гардида буд,  шоми  дирӯз дар «Кохи Наврӯз» баргузор  гардид.

Мақсади баргузор намудани Фестивал, пеш аз ҳама, муаррифии эҷодкорони касбӣ ва ба ин васила тарбия намудани мутахассисони ҷавони соҳа арзёбӣ гардида, нишон додани тафаккури эҷодии ҷомеаи Тоҷикистон, саҳми ҷавонон дар ислоҳоти соҳаҳои гуногун, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва ба вуҷуд овардани рӯҳияи ташаббускорӣ аз ҳадафҳои дигари Фестивал мебошад.

Дар  Фестивал намояндагони  студияҳои филмсозӣ,  телевизионҳо  ва  эҷодкорони   мустақил  иштирок  карда,  беш  аз  50  филми  ҳуҷҷатӣ  ва   барномаҳои  телевизонии  ба  ин  жанр  наздикро  пешниҳод  намуданд.  Аз  ин шумора ҳайати ҳакамони  Фестивал  40 номгӯи онро мавриди таҳлил қарор дода, 8 филмро  сазовори ҷоиза донист.

Ҳамчунин дар баробари ҷоизаҳои беҳтарини Фестивал, ба коргардону муаллифони филмҳои мустанади телевизионӣ «Дипломи махсуси Фестивал» ва «Барои хизмати шоиста дар рушди синамо» тақдим гардид.

Коргардони  таҷрибадор   Ҳалим  Сангин  иброз намуд, ки «саҳнаи ҳунару санъат ва синамои моро бе филми мустанад тасаввур кардан ғайриимкон аст. Бинобар ин баргузор кардани чунин фестивалҳо  миёни  филмофарон  рақобати  солимро  ба  вуҷуд  меорад».

Бояд зикр намуд, ки маҳз дар даврони соҳибистиқлолии кишвар таҳияи филмҳои мустанад ба маҷрои муайян даромада, дар сатҳи сифатан нав густариш ёфт. Имрӯз филмҳои мустанад тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷомеаи моро фарогиранд ва ҳамасола аз ҷониби студияҳои филмсозӣ ва шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон даҳҳо филмҳои мустанад таҳия мешаванд, ки тарғибгари бунёдкориҳои азим, таъриху тамаддуни оламшумул, фаъолияти шахсиятҳои маъруфи кишвар ва санъату фарҳанги волои миллатамон мебошанд.

 

Декабрь 6, 2017 14:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд