Ташхисгари тиббӣ-судии Маркази экспертизаи тиббӣ-судии вилояти Хатлон бо гумони порагирӣ боздошт шуд
ДУШАНБЕ, 18.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз боздошти ташхисгари тиббӣ-судии Маркази экспертизаи тиббӣ-судии вилояти Хатлон Раҳматулло Мудинов хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, номбурда аз ваколатҳои мансабиаш истифода карда, бо роҳи фиреб ва суиистифодаи боварӣ аз шаҳрванд «А» барои пешниҳод кардани хулосаи тиббӣ-судӣ вобаста ба фарзандаш дар хусуси бардоштани ҷароҳати ҷисмонӣ 13 ҳазор сомонӣ талаб намудааст.
«Кормандони Агентӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа, кӯчаи Ваҳдат, назди бинои Терминали мусофиркашонии шаҳри Қӯрғонтеппа ҳангоми аз шаҳрванд “А” гирифтани 13 ҳазор сомонӣ Раҳматулло Мудиновро дар ҷои ҳодиса дастгир карданд ва ин маблағ аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ гирифта шуд»,-гуфт манбаъ.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба Раҳматулло Мудинов бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






