Устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон: «Комиссияи олии аттестатсионии Тоҷикистонро дастгирӣ мебояд!»

Декабрь 5, 2017 12:16

ДУШАНБЕ, 5.12.2017 /АМИТ«Ховар»/. Ду ҳафтаи охир тариқи ВАО атрофии Комиссияи олии аттестатсионии (КОА)-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба забони   тоҷикӣ навишта шудани рисолаҳои илмӣ сарусадоҳо баланд шуданд. Аҷибаш ин аст, ки шахсиятҳои машҳури Тоҷикистон бо ҳар баҳона зидди КОА-и тоҷикӣ баромада, изҳори нобоварӣ мекунанд. Гӯё мо, як кишвари соҳибистиқлол бе ВАК-и Россия  аз  уҳдаи назорати ин бахши муҳим намебароем. Ҳатто пешниҳод мекунанд, ки «як назорат аз берун лозим аст».

Ҷавоби Раиси КОА-и Тоҷикистон Абдулҳаким Розиқзода ба ин афрод, ки 27 ноябри соли равон бо номи «Таъсиси Комиссияи олии аттестатсионӣ яке аз талаботҳои истиқлолияти давлатист” дар сомонаи АМИТ «Ховар» нашр шуд, бисёр саривақтӣ, ҳақбинона ва дурбинона мебошад.

Муҳтарам А. Розиқзода дуруст зикр мекунад, ки «мутаассифона, ҳанӯз ҳам баъзе сӯитафоҳум, дахолати ноҷо ба фаъолияти Комиссия ба мушоҳида расида, ҳатто андешаҳои хилофи таъсиси он низ садо медиҳанд. Басо шигифтовар ва мояи таассуф аст, ки иддае аз олимони куҳансолу  маъруфи кишвар ба ҷойи кӯмаку дастгирӣ ва ҳамкорӣ баъзан нисбат ба ин ниҳоди навтаъсис мавқеи  оштинопазир ишғол кардаанд».

Воқеан, аламовар ин аст, ки КОА ҳоло корро сар накарда, ин нобоварони нотавонбин ба сиёҳ кардан сар кардаанд. О, монед ку ин ҷавонмардон корро оғоз кунанд! Шӯроҳо аз олимони варзида иборатанд ва на камтар аз мудаиёни «дилсӯз» манфиати давлату халқро ба назар мегиранд. Мо бовар дорем, ки беҳтарин рисолаҳо ва навиштаҳо бо забони давлатӣ рӯи кор меоянд, ки оянда боиси ифтихори мо хоҳанд шуд.

А. Розиқзода дуруст қайд мекунад, ки «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати мустақил ва соҳибихтиёр аст. Замоне, ки империяи абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ побарҷо буду понздаҳ ҷамоҳири шӯравӣ дар ҳайати як давлат буданд, тайёр кардани кадрҳои илмии тахассуси олӣ ба воситаи “ВАК”-и назди Шӯрои Вазирони Иттиҳоди Шӯравӣ амалӣ мешуд. Вале баъди   пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ қариб ҳамаи ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ дар ибтидои солҳои навадуми асри гузашта “ВАК”– ҳои миллии худро ташкил намуданд ва иштибоҳ ҳам накарданд, ҳарчанд ки кишвари мо ба ин раванд бо сабабҳои маълум дертар ҳамроҳ шуд. Бинобар ин, таъсиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон идомаи мантиқии давлатсозии миллӣ дар замони истиқлолият буда, ниҳоди мазкур маҳз бо ибтикор  ва қотеъияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи ҳастӣ намуд».

Дар ҳақиқат, чаро тоҷикон «ВАК»-и миллии худро надошта бошанд?! Тобеият ва як навъ вобастагӣ ба манфиати кист? Оё «баъзе ҳадафҳо» хилоф ба истиқлоли миллӣн естанд?! Оё фаромӯш кардаем, ки илму фарҳанги миллӣ таҳкимбахшандаи истиқлол аст?! Дар Тоҷикистон касе мухолифи забони русӣ нест. На танҳо барои забони русӣ, балки барои корбасти ҳама забонҳо сиёсати дарҳои бози Ҳукумат имкон додааст. Қонунҳои ҷорӣ низ ба инкишофи онҳо мусоидат мекунанд.

Аммо баъзе ҳамватанони мо дурнамои шукуфони забони миллиро дидан намехоҳанд. Боиси афсӯс аст, ки маҳз бо монеасозии баъзеҳо қариб се даҳсола боз мо илми миллии худро соҳиб гашта наметавонем.

Ҷавоби А. Розиқзода холисонаву софдилона аст: «Бояд фаромӯш накунем, ки ҳамин “ҳолобарвақт”-ҳо, “назорат аз берун”-ҳо, “саводамон намерасад”-ҳо  буд, ки мо, тоҷикон  бисёр чизҳоро аз даст додем. Аз донишманд иазизамон даъват ваэ ҳтиромонахоҳиш менамоем, ки бо мо ҳамкорӣ намояд, маслиҳату машварати худро дареғ надорад, зеро алҳол Комиссия ба ҳамкории  олимони пуртаҷриба ниёзманд аст».

Мо низ мехоҳем, ки монеасозон бори дигар теша ба решаи миллат назананд. Як маротиба солҳои сиюми асри гузашта бо чоплусии чанд нафар анқариб миллат аз даст рафта буд. Ҷонбозиҳову талошҳои Айнӣ барин қаҳрамонон буд, ки ҷараёнҳои зиддимиллӣ ноком мегаштанд. Ҳар фарде, ки имрӯз муқобили як падидаву зуҳуроти миллӣ аст, ӯ ноком мешавад. Сад сол тобеи илми ғайру забону фарҳанги ғайр будем.  Кифоя аст. Акнун имкон диҳед, ки илми тоҷик дар пояи забони миллӣ шакл пайдо намояд.

Як замоне чун аз низоми энергетикии Осиёи Миёна берун меомадем, ҳасрату вовайло доштем, ки ба ҳалокат дучор меоем. Мо гӯё худ аз уҳдаи чизе намебароем. Инак, истиқлолияти энергетикии мо фаро расид ва  ҳеҷ биме аз будан ё набудани барқи хориҷӣ надорем. Андаке баъдтар кишвари мо содиркунандаи бузурги барқ дар минтақа низ хоҳад гашт.

Роҳи оҳанро мебастанд ва мо чанд моҳ бо қисмати шимолии кишварамон алоқа надоштем. Худро вобаста медонистем. Инак, 12 фасли сол мо алоқаи доимӣ бо ин қисмати диёри худ дорем. Бузургтарин роҳҳои оҳанро дар дохили кишвар сохтем. Роҳи оҳани ҷануби мамлакатро бо марказ пайвастем. Бунбасти коммуникатсиониро барҳам задем ва ба як кишвари транзитӣ низ табдил ёфта истодаем.

Чун дар асрҳои миёна дар кишварҳои Шарқи мусалмонӣ забони арабӣ забони илм маҳсуб мешуд, форсизабонон осори илмии хешро ба забони арабӣ эҷод мекарданд. Аз ҷумла, Сино, Форобӣ, Берунӣ, Хоразмӣ асарҳои худро бо арабӣ навишта, дар ному осори худ  артикли арабии -ал- илова карданд (мисли Ал-Хоразмӣ, Ал-Берунӣ, Ал-Форобӣ, «Аш-шифо» ё «Китоб-уш-шифо»…). Имрӯз баъзе бехабарон эшонро на тоҷик, балки араб мепиндоранд. Пас агар мо аз русинависии осори илмӣ ва пасвандҳои насабсози русӣ (–ов, -ев) дил канда натавонем, аз эҳтимол дур нест, ки баъди солиёни мутамодӣ олими моро бо –ову –еву забони рисолааш олими рус ба қалам хоҳанд дод (Ҳушдор!).

Магар сирқати зеҳние, ки дар тӯлит аърих аз тарафи аврупоиён ба вуқӯъ пайваст, бас набуд?! Яъне садҳо ихтироъ ва кашфиёти соҳаҳои мухталифи олимони Шарқ, хусусан форсу тоҷикро моли худ карданд ва метавон гуфт, ки «хуршеди аврупоиён аз кӯҳсори Ховар дамидааст». Ҳанӯз ҳам барои иддае аз олимони «худкуши бегонапарвар» дарси ибрат нашудааст.  Чӣ лозим аст, ки мо таҳқиқу дастоварди худро чун як луқмаи тайёр ба дигарон ба забони худашон чун як ҳисобот пешниҳод месозему «переспектива»-ҳои ояндаи онҳоро заминагузорӣ менамоем. Бигзор ин  таҳқиқҳо ночиз бошанд, аммо чӣ маънӣ дорад, ки мо барои як кишвари дигар итоаткунандаи қонунҳои бешуморашон бошем.

КОА — ин як паҳлӯи бузурги сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Бисёр мехоҳем, ки баъзе афрод муқобилу монеаи ин сиёсат нашаванд. КОА ин як ғурури миллии аҳли фарҳангу зиё мебошад ва он симои дигари миллати соҳибистиқлоли тоҷик хоҳад гашт.

Мо насли Рӯдакиву Синову Форобием ва дар илм собиқаи ғании таърихӣ дорем.   Ҳам КОА-и Тоҷикистон ва ҳам Вазорати маориф ва илми кишвар ҳеҷ гоҳе зидди манофеи миллӣ амал нахоҳанд кард. Пас, биёед, ба истиқлолияти илми тоҷик халал нарасонему монеа  эҷод накунем!

Ҳамаи оғозҳо ҳамин гуна ихтилофҳо доранд, оянда низ онҳо ин корашонро идома медиҳанд, вале аз онҳо набояд нигарон шуд. Пеши роҳи милликунонии кишвари озодро касе гирифта наметавонад! Дар ин роҳ мо ба устод Абдулҳаким Розиқзода ва дигар масъулон барору комёбиҳо хоҳонем ва ҳамкориҳову ҳамовозиҳои худро дареғ намедорем.

Шаҳбози КАБИР,

Саъдӣ МАҲДӢ,

Бахтиёри ҚУТБИДДИН

устодони ДМТ

Декабрь 5, 2017 12:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор даври дуюми маҳфил-озмун ҷамъбаст карда шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд аз рӯйи ихтисоси забони чинӣ 352 нафар таҳсил менамоянд
Дар ноҳияи Фирдавсӣ ду ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Вазири корҳои хориҷии Чин Ван И бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд
Чӣ тавр метавонем дар Узбекистон бо интернет қарор дошта, чандин маротиба камтар маблағ сарф кунем
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
«ОИЛА-МАКОНИ МЕҲРУБОНӢ». Дар шаҳри Норак Рӯзи байналмилалии оила таҷлил карда шуд
Дар шаҳри Турсунзода нақшаи даъват пурра иҷро гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
«ҶАВОНОН-ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ!». Таҳти чунин унвон ҳафтаи худидоракунӣ гузаронида мешавад