«Ва моро овардаанд, то ҷаҳон обод дорем ва баҳрҳову конҳо кушоем…»-аз ормонҳои Аҳмади Дониш, ки мегуфт башар танҳо барои ободкорӣ халқ шудааст
ДУШАНБЕ, 08.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. «Аҳмади Дониш ва хориқаи таърихии фарҳанги тоҷикон»-таҳти чунин унвон бахшида ба 190–умин солгарди зодрӯзи мутафаккир, нуҷумшинос ва маорифпарвари тоҷик Аҳмади Дониш имрӯз дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмӣ доир гардид.
Дар он олимони ватаниву хориҷӣ, аз ҷумла, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, академик Абдуҷаббор Раҳмонзода, академик Мӯсо Диноршоев, Cафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аббосалӣ Гасанов, донишманди франсавӣ Френсис Ришар, аз ИМА Эраҷ Баширӣ, академик Кароматулло Олимов, узви вобастаи АИ ҶТ Абдураҳмон Муҳаммад ва доктори илмҳои таърих Аскаралӣ Раҷабов атрофи андешаҳои мутафаккири шаҳир музокираҳо намуданд.
Зикр шуд, ки Аҳмад Махдуми Дониш яке аз мутафаккирони барҷастаи тоҷики асри XIX аст, ки ҳамчун шоиру насрнавис, файласуфу маорифпарвар, муарриху сиёсатмадор, муҳандису меъмор, мунаҷҷиму ҷуғрофидону маъданшинос, сураткашу хаттот, ҷомеашиносу ҳуқуқшинос ва мусиқишиносу табиб шинохта шудааст.
Ба таъкиди донишмандон, мавзӯи меҳварии афкори Аҳмади Дониш ислоҳоти иҷтимоиии ҷомеа аст, ки он имрӯз ҳам бисёр муҳим аст. Аз ин рӯ, таҳқиқи фаннии афкори ислоҳталабии иҷтимоии Аҳмади Дониш барои ислоҳи камбудиҳои иҷтимоии замони муосир муҳим ва зарурӣ мебошад.
Бояд зикр намуд, ки Аҳмади Носируддин, ки бо тахаллуси Дониш маъруф аст, аз зумраи он мутафаккиронест, ки имрӯз низ ҷиҳати таҳқиқи осори ӯ баҳсҳо вуҷуд доранд. Бинобар риоя ва татбиқи фарҳанги музокираҳои илмӣ алҳол зарурати ташкил намудани суҳбатҳои «мизи мудаввар» пеш омадааст, ки дар онҳо муҳаққиқон имконият пайдо кунанд, то паҳлӯҳои ҳанӯз таҳқиқнаёфтаи осори ин мутафаккири бузургро ошкор намоянд.
«Ва моро овардаанд, то ҷаҳон обод дорем ва баҳрҳо ва конҳо кушоем ва аҷоиботи олами арконро зоҳир намоем. Ва моро аз лавозим аст, ки таҳқиқи милали дунё кунем ва сара аз сақат фарқ бинмоем».
Инҳо ормонҳои Аҳмади Донишанд, ки дар «Наводир-ул-вақоеъ» нуҳуфтаанд ва тибқи онҳо башар танҳо барои ободкорӣ халқ шудааст.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






