«Ва моро овардаанд, то ҷаҳон обод дорем ва баҳрҳову конҳо кушоем…»-аз ормонҳои Аҳмади Дониш, ки мегуфт башар танҳо барои ободкорӣ халқ шудааст

Декабрь 8, 2017 15:30

ДУШАНБЕ, 08.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. «Аҳмади Дониш ва хориқаи таърихии фарҳанги тоҷикон»-таҳти чунин унвон бахшида ба 190–умин солгарди зодрӯзи мутафаккир, нуҷумшинос ва маорифпарвари тоҷик Аҳмади Дониш имрӯз дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  конференсияи байналмилалии илмӣ доир гардид.

Дар он олимони ватаниву хориҷӣ, аз ҷумла,  Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, академик Абдуҷаббор Раҳмонзода, академик Мӯсо Диноршоев, Cафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аббосалӣ Гасанов, донишманди франсавӣ Френсис Ришар, аз ИМА Эраҷ Баширӣ, академик Кароматулло Олимов, узви вобастаи АИ ҶТ Абдураҳмон Муҳаммад ва доктори илмҳои таърих Аскаралӣ Раҷабов атрофи андешаҳои мутафаккири шаҳир музокираҳо намуданд.

Зикр шуд, ки Аҳмад Махдуми Дониш яке аз мутафаккирони барҷастаи тоҷики асри  XIX аст, ки ҳамчун шоиру насрнавис, файласуфу маорифпарвар, муарриху сиёсатмадор, муҳандису меъмор, мунаҷҷиму ҷуғрофидону маъданшинос, сураткашу хаттот, ҷомеашиносу ҳуқуқшинос ва мусиқишиносу табиб шинохта шудааст.

Ба таъкиди донишмандон, мавзӯи меҳварии афкори Аҳмади Дониш ислоҳоти иҷтимоиии  ҷомеа аст, ки он имрӯз ҳам бисёр  муҳим аст. Аз ин рӯ,   таҳқиқи фаннии афкори  ислоҳталабии  иҷтимоии  Аҳмади Дониш  барои ислоҳи  камбудиҳои  иҷтимоии  замони муосир муҳим  ва зарурӣ мебошад.

Бояд зикр намуд, ки Аҳмади Носируддин, ки бо тахаллуси Дониш маъруф аст, аз зумраи он мутафаккиронест, ки имрӯз низ ҷиҳати таҳқиқи осори ӯ баҳсҳо вуҷуд доранд. Бинобар риоя ва татбиқи фарҳанги музокираҳои илмӣ алҳол зарурати ташкил намудани суҳбатҳои «мизи мудаввар» пеш омадааст, ки дар онҳо муҳаққиқон  имконият пайдо кунанд, то паҳлӯҳои ҳанӯз таҳқиқнаёфтаи осори ин мутафаккири бузургро ошкор намоянд.

«Ва моро овардаанд, то ҷаҳон обод дорем ва баҳрҳо ва конҳо кушоем ва аҷоиботи олами арконро зоҳир намоем. Ва моро аз лавозим аст, ки таҳқиқи милали дунё кунем ва сара аз сақат фарқ бинмоем».

Инҳо ормонҳои Аҳмади Донишанд, ки дар «Наводир-ул-вақоеъ» нуҳуфтаанд ва тибқи онҳо башар танҳо барои ободкорӣ халқ шудааст.

Декабрь 8, 2017 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд