ВКД ХАБАР МЕДИҲАД…
ДУШАНБЕ, 18.12.2017. /АМИТ «Ховар»/. Новобаста аз таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва хизмати шабонарӯзии кормандони милитсия ҳамарӯза дар ҷумҳурӣ ҷинояту кирдорҳои ба ҷомеа хавфнок содир мешаванд, ки ин бевосита аз надоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва нодида гирифтани талаботи қонун аз ҷониби гумонбарон аст. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳолатҳои дуздиву авбошӣ, қаллобӣ ва дигар ҷиноятҳои содирнамудаи баъзе шаҳрвандон хабар додааст, ки чанде аз онро барои хонандагони АМИТ «Ховар» пешниҳод мегардонем.
Дарёфт ва мусодираи намудҳои гуногуни «хлопушка»
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Б.Ғафуров марди 24-солаи сокини шаҳри Хуҷанд бо гумони муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ дастгир карда шуд. Зимни кофтуков аз ӯ 5640 адад маводи тарфгарии намудҳои «Трения», «Петарди Чёрний смерт» ва «Тсой Вам Лен» дарёфт ва мусодира шуд.
Азхудкунии беш аз 14 ҳазор $ аз ҷониби собиқ директори филиали бонк
Зимни гузаронидани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 60-солаи сокини шаҳри Ваҳдат, собиқ директори филиали Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Тоҷпромбонк» ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти азонихудкунӣ ё исрофкорӣ дастгир карда шуд.
Номбурда бо истифода аз ваколатҳои мансабӣ аз моҳи ноябри соли 2013 то моҳи июни соли 2015 аз ҳисоби бонки мазкур 14 ҳазору 758 доллари амрикоиро аз худ намуда, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Чӯпон чорворо ба 65 ҳазор сомонӣ фурӯхт
Ба шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Муъминобод марди 31-солаи сокини ноҳияи Темурмалик дар он хусус муроҷиат намуд, ки 31 майи соли 2017 марди 43-солаи сокини ҷамоати деҳоти Деҳи баланди ноҳияи Муъминобод, 540 сар чорвои майдаи шохдорро барои ногоҳубин қабул намуда, давоми шаш моҳ 143 сар чорвои мазкурро ба маблағи 65 ҳазор сомонӣ фурӯхта, маблағашро аз худ намудааст. Марди гумонбар аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардида, айни замон дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.
Роҳзанӣ бо истифода аз корди «финка»
Зимни доир намудани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 21-солаи сокини кӯчаи Фирдавсии шаҳри Душанберо бо ҷурми роҳзанӣ дастгир намуданд.
Ба шуъбаи ВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ марди 20-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки 16 декабри соли 2017, тахминан соати 18:30, ҳангоми дар назди бинои истиқоматӣ қарор доштанаш, шахси номаълум бо роҳи зӯроварӣ бо истифода аз корди «финка», ба ӯ ҳамла намуда, 180 сомонӣ, 1 адад телефони мобилии тамғаи «Леново» ва 1 адад таҷҳизоти техникии мобилии «Блютуз»-ро, ки арзишашон 590-сомониро ташкил медиҳад, гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Ҳодисаи мазкур аз ҷониби кормандони милитсия тафтиш шуда истодааст.








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






