Вохӯрии Сафири Тоҷикистон бо Раиси Кумитаи сармоягузории Арабистони Саудӣ

Декабрь 27, 2017 14:17

ДУШАНБЕ, 27.12.2017./АМИТ «Ховар»/. Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ бо Раиси Кумитаи сармоягузории Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Иброҳим ибни Абдурраҳмон Ал-Умар мулоқот намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ миёни ду кишвар баррасӣ шуд.

Бо таваҷҷуҳи зиёд ба зарурати фаъол намудани Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва техникӣ ду ҷониб ба мувофиқа расиданд, ки дар моҳҳои наздик ҷаласаи дуюми ин комиссия ва форуми иқтисодию сармоягузорӣ бо иштироки соҳибкорони ду кишвар дар шаҳри Ар-Риёз, пойтахти Арабистони Саудӣ  баргузор карда шавад.

Хотиррасон менамоем, ки Раиси Кумитаи сармоягузории Арабистони Саудӣ Иброҳим ибни Абдурраҳмон Ал-Умар ҳамзамон  ҳамраиси Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистоону Арабистони Саудӣ мебошад.

Декабрь 27, 2017 14:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ