«ҲАР ЗАРРА ХОКИ ТОҶИКИСТОН АРЗАНДАИ ЗИЁРАТ АСТ!» Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур дар рушди сайёҳии мамлакат ва ҳунарҳои мардумӣ саҳм мегузорад

Январь 27, 2018 11:42

ДУШАНБЕ, 27.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. «Дар рушди сайёҳии мамлакат ва ҳунарҳои мардумӣ саҳм мегузорем!»- таҳти чунин унвон бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар минтақаи лижаронии Сафеддара семинари сайёҳии солимгардонӣ доир гардид.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур аз ташкилкунандагони асосии семинар ба шумор рафта, бо иқдоми онҳо донишҷӯён-шаҳрвандони ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Афғонистон, Покистон, Корея, Чин ва Казоқистон, ки  дар донишгоҳҳои бонуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил мекунанд, ба ин семинар даъват шуда буданд.

Субҳи барвақт сафари корвони гурӯҳи 80-нафара ба самти ноҳияи Варзоб оғоз гардид. Меҳмононро дар назди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб раиси ноҳия Маҳмадулло Шерализода бо тантана истиқбол гирифт. Ҳамзамон аз ҷониби ҳунармандони ин минтақа беҳтарин намунаи ҳунарҳои дастӣ ва меҳнати хонагӣ, аз қабили гулдӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, қуроқдӯзӣ, дӯхти тоқиҳои миллӣ, мӯҳрабофӣ, сабадбофӣ, гаҳворасозӣ, сандуқсозӣ, табақтарошӣ, заргарӣ ва косибӣ ба намоиш гузошта шуд.

Роҳбарияти ҲХДТ ва ноҳияи Варзоб аз намоиш дидан карда, зикр намуданд, ки яке аз омилҳои рушди сайёҳӣ –ин доштани фарҳанги қадима мебошад ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба он хотир ташкил гардидааст, ки мо тавонем ҳам ҳунармандонро дастгирӣ намоем ва ҳам дар баровардани маҳсулоти хушсифати ватанӣ ба бозори ҷаҳонӣ мададрасони ин табақаи ҷомеа бошем. Тоҷикистон аъзои комилҳуқуқи Созмони умумиҷаҳонии савдо мебошад. Аз ин рӯ мо бояд ҳамеша талош намоем, ки маҳсулоти мо хушсифат ва ҷавобгӯи бозори ҷаҳонӣ бошад.

Сипас, иштирокдорони семинар роҳ ба сӯи Сафеддара пеш гирифтанд. Вақте ба ин мавзеи сайёҳӣ ташриф овардем, зебоии ин макони афсонавиро боридани зарра-зарра барфи сафед дучанд менамуд. Зеро ҳарчанд фасли зимистон ҳукмрон ва дар берун ҳаво сард аст, вале ҳангоми сафар ҳавои пойтахт софу беғубор буд. Хориҷиён аз ин бузургии табиати диёр дар ҳайрат монда, изҳор намуданд, ки дар ҳақиқат дар диёри тоҷикон метавон чор фасли солро дар як давр мушоҳида кард.

Сайри Сафеддара аз тамошои мавзеъҳои нотакрор, шиносоӣ бо роҳи танобӣ, маконҳои лижаронӣ, истифодаи таҷҳизоти он ва конкитозӣ оғоз гардид.

Баъд аз шиносоӣ бо шароити хизматрасонии ин мавзеъ дар толори бинои асосии Маҷмааи лижаронии Сафеддара таҳти унвони «Дар рушди сайёҳии мамлакат ва ҳунарҳои мардумӣ саҳм мегузорем!» семинари сайёҳии солимгардонӣ ба кори худ оғоз намуд.

Семинарро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Зулфиқор Гулаҳмадзода ифтитоҳ намуда, ҳадафи баргузории онро саҳм гузоштан ва бештар муаррифӣ кардани табиати зебо ва нотакрори Тоҷикистон ба ҷаҳониён арзёбӣ намуд. «Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба мавқеи ҷуғрофӣ ва табиати нотакрори хеш дорои захираҳои васеи сайёҳии дараҷаи байналмилалӣ мебошад. Бо муаррифии бештари ин имкониятҳо мо метавонем дар рушду равнақи ин соҳа саҳмгузор бошем. Таҷлили ҷашнҳои миллӣ ва суннатӣ, эҳёи таъриху фарҳанги ғанӣ, инчунин табиати нотакрори Тоҷикистон асоси манбаи ҷалби сайёҳӣ ва гардишгарии ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад»,-илова намуд номбурда.

Ҳамзамон меҳмонон муовини Раиси ҲХДТ Раънохон Бобоҷониён,  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Зоир Раҳмонзода, раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ Руқия Қурбонова, Шоираи халқии Тоҷикистон Меҳринисо Бобокалонова дар бораи имкониятҳои сайёҳии мамлакат сухан карданд.

Шоира Меҳринисо иброз намуд, ки  бори аввал дар иҳотаи кӯҳҳое, ки лабонашон абрҳоро бӯса мекунанд, яъне қуллаҳое, ки ҳамеша бо арш дар гуфтугӯянд, қарор дорад. «Имсол чунин барфи зеборо нахустин бор ин ҷо мебинам. Воқеан Тоҷикистон дорои табиати нотакрор буда, ҳар як зарра хоки он барои зиёрат аст. Ман гумон мекунам, ки мо, ворисони ин диёр агар ин зебоиро ба  ҷаҳониён муаррифӣ карда тавонем, Тоҷикистон ба як макони зиёратгоҳ табдил меёбад», -гуфт шоира.

Шаҳрвандони хориҷӣ низ таассуроташонро дар бораи имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон иброз карда, гуфтанд, ки барои сафар ба диёри тоҷикон дӯстон ва наздиконашонро тавсия медиҳанд, то аз зебоиҳои ин табиати нотакрор бархӯрдор гарданд.

Аҳмад Сарфароз, шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Покистон, донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, аз ҷумла, гуфт: «Бори аввал ба ин мавзеи зебои сайёҳӣ омадам ва мафтуни он гардидам. Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои мавзеъҳои сайёҳӣ, фарҳангӣ ва таърихӣ мебошад, ки таваҷҷуҳи ҳар сайёҳи хориҷиро ба худ ҷалб мекунад. Аз ҷумла, табиати афсонавии Сафеддара барои ба роҳ мондани туризми байналмилалӣ хеле мусоид аст. Зеро дар ҷаҳони имрӯза туристон мехоҳанд бештар ба ҷойҳое сафар намоянд, ки дорои табиати беназир бошад ва Сафеддара намунаест аз чунин мавзеъҳои нотакрори Тоҷикистон».

Бояд зикр намуд, ки баргузории чунин семинарҳо барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва ҷалби васеи сайёҳони хориҷӣ мусоидат намуда, иштирок ва саҳми ҳар як узви ҷомеаи Тоҷикистонро тақозо мекунад.

Мавҷуда АНВАРӢ,

АМИТ «Ховар»

Январь 27, 2018 11:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Фаронсаро тӯфони «Флориан» фаро гирифтааст
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Панҷ комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Дар натиҷаи заминларза дар Чин 95 нафар ҳалок гардида, 130 нафар захмӣ шуданд
Дар ноҳияи Ишкошим пайомадҳои тарма бартараф карда мешаванд
Бар асари барфрезии шадид дар ИМА чаҳор нафар ҳалок гардид
Соли нави «рақамӣ»: Чӣ тавр муштариёни ширкати «МегаФон Тоҷикистон» наздикони худро табрик намуданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Дар Туркия сардии ҳаво то 33 дараҷа расидааст
Дар натиҷаи таркиш дар Покистон 4 нафар ҳалок ва 32 нафар захмӣ гардид
Донишгоҳи давлатии Бохтар соли 2024 ба даҳгонаи аввали муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон дохил гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» корхонаи истеҳсоли кошин сохта мешавад
Дар шарқи Канада бар асари шамолҳои тӯфонӣ ҳазорон нафар бе барқ монданд