АЗ ПАИ ЭРОДҲО. Дар партави Паёми Пешвои миллат мутахассисони соҳаи фарҳанг ва санъат омода карда мешаванд

Январь 16, 2018 14:31

ДУШАНБЕ, 16.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки норасоии кадрҳои баландихтисоси соҳаро таъкид намуда, барои ҳалли мушкилоти ҷойдошта дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисони соҳаи фарҳанг, санъат ва табъу нашр барои солҳои 2018-2029» вазифа гузоштанд, барои амалӣ гардонидани як зумра  тадбирҳо нақшаи чорабиниҳои мушаххас тартиб додааст. Аз ҷумла, ба масъалаи омодасозии кадрҳои соҳаи фарҳанг дар хориҷи мамлакат, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, арҷгузории онҳо ба муқаддасоти миллӣ пайваста таваҷҷуҳ зоҳир карда мешавад.

Имрӯзҳо ҷавонон дар дохил ва хориҷи мамлакат таҳсил карда, соҳиби касбу ихтисосҳое шуда истодаанд, ки барои Тоҷикистон ниҳоят заруранд. Кадрҳои ояндаи балети Тоҷикистон Некрӯз Тағойбеков, Зиёда Раҳматова, Фирӯз Ҷалилов ва Ситора Толибова соли чорум аст, ки дар Омӯзишгоҳи хореографии шаҳри Перм таҳсил намуда, дар баробари таълими барномаи мактабӣ нозукиҳои санъати балетро меомӯзанд.

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода кадрҳои ояндаи балет — таълимгирандагони омӯзишгоҳи хореографии шаҳри Пермро, ки тибқи квотаи байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Федератсияи Россия дар ин омӯзишгоҳ таҳсил доранд, ба ҳузур пазируфт.

Ба иттилои Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни вохӯрӣ Вазири фарҳанги ҷумҳурӣ оид ба таҳсил ва шароити зиндагии таълимгирандагон иброз намуд, ки онҳо бояд ҳисси баланди миллию фарҳангӣ дошта, бо Ватан, миллат, забон ва ниёгони хеш ҳамеша ифтихор намоянд.

Январь 16, 2018 14:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара ҷаласаи Комиссияи ҳудудӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир гардид
Ширкати «Париматч Тоҷикистон» ва КМВА Душанбе созишномаи ҳамкориро тамдид намуданд
Ajoyib.TV: шабакаҳои телевизионӣ ва онлайн-кинотеатрҳо дар як хизматрасонӣ
ЛИБОСИ МИЛЛӢ — ОИНАИ ФАРҲАНГ ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛАТ. Дар Душанбе либосҳои тоҷикиро тарғиб менамоянд