Беш аз 3 ҳазор нафар сайёҳони хориҷӣ аз Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» дидан намуданд

Январь 11, 2018 09:30

ХУҶАНД, 11.01.2018. /АМИТ«Ховар»/.  Соли 2017 аз Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд», ки аз «Осорхонаи таърихии вилояти Суғд», «Осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомоти шаҳри Хуҷанд ба номи академик Нӯъмон Неъматов» ва «Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ»  иборат аст, 58 ҳазору 204 нафар шаҳрвандону сайёҳон  дидан намуданд. Аз ин шумора  2053 нафарашон сайёҳон аз хориҷи дур ва 1198 нафар аз Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ)  мебошанд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маъмурияти Муассисаи давлатии Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» иттилоъ доданд, роҳбарият ва кормандони муассиса баҳри дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бештар ҷалб намудани сайёҳони хориҷӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, аз имкониятҳои мавҷуда мақсаднок истифода мебаранд. Дар ин замина аз ҷониби ҷомеаи меҳнатии муассиса дар самти муаррифии бозёфтҳои нодири осорхонаву қалъа соли гузашта 8 маротиба конфронси илмӣ, 18 маротиба намоиш дар осорхона, 4 маротиба намоиши берун аз осорхона ташкил шуда, дар самти ободу сарсабз гардонидани  мавзеи ҳудуди боғи фарҳангӣ – фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ  251 ҳазор адад гулҳои ороишӣ ва мавсимӣ, 10 ҳазор бех қаламчаи гули садбарг, 40 бех дарахтони сояафкан ва 5 бех дарахтони ороишӣ шинониданд.

Дар маҷмӯъ, тибқи иттилои масъулин, давоми соли сипаригашта аз ҳудуди Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» беш аз 300 ҳазор нафар  бошандагону истироҳаткунандагон дидан намуданд.

Бояд зикр кард, ки МД Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд», ки дорои Осорхонаи таърихӣ, Осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомоти шаҳри Хуҷанд ба номи академик Н.Неъматов, Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ, Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ, инчунин Қалъаи куҳандиз мебошад, чун яке аз мавзеъҳои хушманзару диққатҷалбкунандаи сайёҳии мамлакат на танҳо барои рушди илму фарҳанг, балки равнақи соҳаи сайёҳии ҷумҳурӣ низ мусоидат мекунад.

 

Январь 11, 2018 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад
САЁҲАТРО АЗ ВАТАН ОҒОЗ МЕНАМОЕМ! Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Хуттали Қадим аз ҷиҳати аҳамияти таърихӣ ҳамто надоранд
Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро муаррифӣ намуд
КУЛОЛГАРӢ — РАМЗИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ. Анъанаи истифодаи зарфҳои кулолӣ дар Наврӯз то имрӯз боқӣ мондааст
Имрӯз дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» доир мегардад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» доир мегардад