Cамараи 25 соли истиқрори робитаҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Туркманистон

Январь 27, 2018 11:10

ДУШАНБЕ, 27.01.2018 /АМИТ«Ховар»/. Имрӯз, 27 январ аз барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон 25 сол сипарӣ шуд. Заминаи   сиёсии муносиботи  Тоҷикистон ва Туркманистон  27 январи соли 1993 бо имзои Протокол «Оид ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон» гузошта шуда, соли 1995 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ашқобод ба фаъолият шурӯъ  намуд. Пойдевори муносиботи дуҷониба ва ҳамкории мутақобилан судманд бо назардошти манфиатҳои ҳарду давлат асос ёфта, робитаҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисоду тиҷорат, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ муваффақона густариш ёфтанд ва он соли 2017 ба сатҳи шарикии стратегӣ расид. Дар доираи вохӯриҳои мунтазами Сарони ду давлат масъалаҳои мубрами муносиботи дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Туркманистон ба таври амиқ баррасӣ гардида, самтҳои афзалиятнок ва дурнамои тақвияти минбаъдаи онҳо муайян гардиданд. Маврид ба зикр аст, ки заминаи қарордодиву ҳуқуқии муносиботи Тоҷикистону Туркманистонро беш аз  70 санади ҳамкорӣ ба танзим  медароранд, ки дар зарфи 25 сол ба имзо расонида  шудаанд.

 Рӯйдоди муҳим дар таърихи муносиботи дуҷонибаи Тоҷикистону Туркманистон сафарҳои расмии мутақобилаи Сарони давлатҳо маҳсуб ёфта, самтҳои афзалиятноки ҳамкориро муайян намуданд. Сафари расмии Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердиммуҳамадов ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 2017 сурат гирифт, қадами муҳим дар самти таҳкими дӯстию ҳамкорӣ дар таърихи муосири муносиботи  ҳар ду давлат маҳсуб меёбад.

Зимни ин сафари расмӣ Президенти Туркманистон бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва дигар намояндагони баландпояи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуда, самтҳои афзалиятноки ҳамкории гуногунсоҳаи ду давлатро мавриди баррасӣ  қарор доданд. Зимни сафар музокироти васеи ҳайатҳои расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон баргузор гардид. Аз рӯи натиҷаи мулоқоту музокироти сатҳи олӣ 13 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Аз ҷумла, Эъломияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Туркманистон ва Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон оид ба шарикии стратегӣ,   ки ба он Сарони ҳар ду давлат — Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбонгулӣ Бердиммуҳамедов имзо гузоштанд.

Ҳамзамон санадҳои ҳамкории байнидавлатӣ дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, сохтмону саноат, мудофиаи гражданӣ, кишоварзӣ, илмию техникӣ, фарҳангӣ ва сармоягузорӣ ба имзо расида, паймони бародаршаҳрӣ байни пойтахтҳои ҳар ду давлат –Душанбе ва Ашқобод баста шуд.

Тибқи санади дигари ба имзорасидаи байнидавлатӣ  вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Лебапи  Туркманистон ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангиро ба роҳ мемонанд. Маврид ба зикр аст, ки татбиқи санадҳои мазкур  барои ҳар ду давлат баманфиат буда, баҳри густариши муносиботи деринаи дӯстӣ заминаи боэътимод мегузорад, зеро дар зарфи даҳ соли охир равобити давлатҳо  марҳилаҳои нави рушдро касб карда, имзои Шартнома байни ду давлат оид ба шарикии стратегӣ яке аз омилҳои мусоидаткунанда ба ин раванд аст.

Робитаҳои иқтисодию тиҷоратии ду давлат бо фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва илмӣ-техникӣ таҳким меёбад. Зимни баргузории ҷаласаҳои Комиссияи мазкур масъалаҳои гуногунсоҳаи ду давлат дар бахшҳои савдо, иқтисод, энергетика, саноат, алоқа, кишоварзӣ ва гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Тибқи омори расмӣ, ҳаҷми гардиши мол байни Тоҷикистону Туркманистон дар зарфи ҳафт моҳи соли гузашта 32 миллион долларро ташкил дод. Дар доираи  ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ аз Туркманистон ба Тоҷикистон маҳсулоти нафтӣ ва равғани пахта ворид  гардида, аз Тоҷикистон ба  Туркманистон молҳои ниёзи мардум, алюминий ва маҳсулоти он, инчунин маҳсулоти кишоварзӣ содирот мегардад. Байни  ду давлат шарикии муваффақона дар соҳаи ҳамлу нақл тавассути роҳи оҳан ва робитаи автомобилӣ ба роҳ монда шудааст.

Тоҷикистону Туркманистон дорои иқтидори бузурги захираҳои на танҳо иқтисодӣ, балки имкони таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои бузурги нақлиётию энергетикӣ буда, сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон намунаи олии ҳамкорӣ дар ин самт аст.

То ҷое мусаллам аст, дар рӯзҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз  соли 2013 дар Ашқобод, ки дар он Сарони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз ширкат доштанд,  аз ҷониби Роҳбарони се давлат – Тоҷикистон – Эмомалӣ Раҳмон, Туркманистон – Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов ва собиқ Президенти  Афғонистон – Ҳомид Карзай санади сеҷонибаи «Ёддошти тафоҳум байни Туркманистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани «Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон» ба имзо расид. Моҳи июни соли 2013 дар шаҳри Атамуроди Туркманистон бо иштироки Сарони давлатҳои Тоҷикистон, Туркманистон ва Афғонистон маросими оғози расмии сохтмони қисмати туркманистонии роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон доир гардид.

Татбиқи лоиҳаи мазкур марҳилаи муҳим дар рушди ҳамлу нақли байналмилалӣ миёни кишварҳои минтақаи Осиё арзёбӣ гардида, инчунин Тоҷикистон имконияти диверсификатсияи масирҳои нақлиётии худро ба даст меорад, ки ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ байни кишварҳои иштироккунандаи ин лоиҳа мусоидат хоҳад кард. Татбиқи  ин тарҳ ба фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, афзоиши гардиши мол ва ҷалби сармояи хориҷӣ мусоидат менамояд. Соҳаҳои энергетика, нақлиёт, саноати сабук ва коркарди маҳсулот, сохтмон, кишоварзӣ ва туризм аз самтҳои афзалиятноки ҳамкории иқтисодӣ буда, ташкили намоиши молҳои нассоҷии  ширкатҳои истеҳсолии Туркманистон тобистони соли 2017 ва  ҳамоиши тиҷоратии доираҳои соҳибкории ҳар ду давлат, ки моҳи ноябри  соли гузашта дар Душанбе доир гардид, барои ноил шудан ба нишондиҳандаҳои баланди иқтисодӣ  мусоидат намуд.

Мардумони ду давлатро аз қадимулайём равобити илмию фарҳангӣ бо ҳам мепайванданд. Ин аст, ки дар доираи ҳамкории фарҳангии ду давлат соли гузашта дар Туркманистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд гузаронида шуданд, ки он дар тавсеаи робитаҳои фарҳангии ду мамлакат саҳми чашмрас гузошт.

Инчунин баргузории чорабиниҳои гуногуни илмию фарҳангӣ, назири конфронсҳои илмӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Ашқобод бо иштироки доираҳои фарҳангии ду мамлакат намунаи барҷастаи тавсеаи равобити фарҳангии Тоҷикистон ва Туркманистон мебошад.

                                                              Марзия САИДЗОДА,

                                                                   АМИТ «ХОВАР»

Январь 27, 2018 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Фаронсаро тӯфони «Флориан» фаро гирифтааст
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Панҷ комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Дар натиҷаи заминларза дар Чин 95 нафар ҳалок гардида, 130 нафар захмӣ шуданд
Дар ноҳияи Ишкошим пайомадҳои тарма бартараф карда мешаванд
Бар асари барфрезии шадид дар ИМА чаҳор нафар ҳалок гардид
Соли нави «рақамӣ»: Чӣ тавр муштариёни ширкати «МегаФон Тоҷикистон» наздикони худро табрик намуданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Дар Туркия сардии ҳаво то 33 дараҷа расидааст
Дар натиҷаи таркиш дар Покистон 4 нафар ҳалок ва 32 нафар захмӣ гардид
Донишгоҳи давлатии Бохтар соли 2024 ба даҳгонаи аввали муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон дохил гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» корхонаи истеҳсоли кошин сохта мешавад
Дар шарқи Канада бар асари шамолҳои тӯфонӣ ҳазорон нафар бе барқ монданд