Чаро Тоҷикистон дар Бозиҳои XXIII зимистонаи олимпӣ ширкат намекунад?

Январь 30, 2018 09:01

ДУШАНБЕ, 30.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. 9 феврали соли равон  дар шаҳри Пёнчанги Ҷумҳурии Корея маросими ифтитоҳи Бозиҳои XXIII зимистонаи олимпӣ баргузор гардида, он то 25 феврал идома меёбад. Дар бозиҳои зимистонаи олимпӣ аз рӯи 15 намуди варзиш наздик ба 2900 варзишгар аз 90 давлати дунё иштирок мекунанд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд,  дастаи Тоҷикистон дар Бозиҳои зимистонаи олимпии соли 2018 иштирок намекунад.

Ба иттилои манбаъ,  бо дастгирии Ассотсиатсияи миллии намудҳои зимистонаи варзиш дар ҳамкорӣ бо Кумитаи миллии олимпӣ дастаи  лижаронии Тоҷикистон аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ дар ҳайати 6 нафар таъсис дода шуда, ба мусобиқаҳои байналмилалӣ ҷиҳати ба даст овардани имтиёзҳо сафарбар гардид. 4 нафари онҳо аввали сол дар Бозиҳои зимистонаи Осиё, ки дар шаҳри Саппорои Япония баргузор шуд, иштирок карда, натиҷаи хуб нишон доданд.

Тибқи нақша даста бояд дар 50 мусобиқа иштирок мекард, вале бо сабаби номусоидии ҳаво 20 мусобиқа дар ҷумҳуриҳои Покистон, Ҳиндустон ва Эрон доир нагардиданд, ки боиси холи зарурӣ ба даст наовардани варзишгарони тоҷик шуд. Аз  ин рӯ дастаи Тоҷикистон наметавонад дар Бозиҳои зимистонаи олимпии соли 2018 иштирок кунад.
Гуфта мешавад, ки ҳоло ду варзишгари тоҷик бо имконияти маҳдуд дар Ҷумҳурии Германия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин тамрин мекунанд. Дар назар аст, ки онҳо рӯзҳои наздик барои иштирок дар мусобиқаҳои интихобӣ сафарбар гарданд.

 

 

 

Январь 30, 2018 09:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи «Ҳулбук»-и Восеъ ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2026 шуд
ҶОМИ ФФТ-2026. Имрӯз бозии финалии дастаҳои «Барқчӣ»-и Ҳисор ва «Ҳулбук»-и Восеъ доир мегардад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад
Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми зиёда аз 2 миллион сомонӣ ба варзишгарони муваффақ тақдим гардид
АРТИШИ МИЛЛӢ — КАФИЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Дар Душанбе маросими ҷоизасупорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш баргузор мегардад
Дар мусобиқаи байналмилалии «Tashkent Grand Slam 2026» оид ба гӯштини ҷудо 17 варзишгари тоҷик иштирок менамояд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Хиросима иштирок мекунад
ҶОМИ ФФТ-2026. Ҷуфтҳои даври нимниҳоии мусобиқа муайян шуданд
Федератсияи футболи Тоҷикистон Суҳроб Сатторовро барои фаъолияти арзанда дар Ҷоми Осиё-2026 қадрдонӣ намуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Тоҷикистон Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) баргузор гардид