«Чилдухтарон» сайёҳонро ба ваҷд меорад
МУЪМИНОБОД, 27.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи хеш ба Маҷлиси Олии мамлакат соли 2018-ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карданд. Бо дастгирӣ аз ин пешниҳод сокинон ва масъулин дар тамоми шаҳру ноҳияҳо барои муҳайё намудани шароити рушди соҳа камари ҳиммат бастаанд.
Дар ноҳияи Муъминобод мавзеъҳои таърихӣ хеле зиёд буда, яке аз онҳо мавзеи «Чилдухтарон» мебошад, ки оид ба он дар сарчашмаҳои таърихӣ маълумот мавҷуд аст. Сол то сол рафту омади сайёҳони дохилию хориҷӣ ба ин мавзеъ афзоиш меёбад. Сайёҳоне, ки ҳамасола аз ин мавзеъ дидан мекунанд, аз табиати дилфиреб ва ҳунармандии сокинони ноҳия завқ мебаранд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳибкорон барои муҳайё намудани шароит баҳри рушди соҳаи сайёҳӣ роҳро то мавзеи Чилдухтарон сангфарш карда, дар ин ҷо пул бунёд намудааст.
Бояд гуфт, ки дар ноҳияи Муъминобод давоми асрҳо ҳунарҳои мардумӣ ташаккул ёфта, аз насл ба насл гузаштаанд. Ҳамин аст, ки бо фароҳам гардидани шароит дар ноҳия хатсайрҳо муайян гардида, барои сайёҳон дӯконҳои фурӯши армуғон ва меҳмонхонаҳо сохта мешаванд. Ин иқдом, бешак, барои афзоиш ёфтани шумораи сайёҳон мусоидат хоҳад кард.








Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад
САЁҲАТРО АЗ ВАТАН ОҒОЗ МЕНАМОЕМ! Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Хуттали Қадим аз ҷиҳати аҳамияти таърихӣ ҳамто надоранд
Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро муаррифӣ намуд
КУЛОЛГАРӢ — РАМЗИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ. Анъанаи истифодаи зарфҳои кулолӣ дар Наврӯз то имрӯз боқӣ мондааст
Имрӯз дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» доир мегардад
НАВРӮЗ-БРЕНДИ МИЛЛИИ САЙЁҲӢ. Сайёҳони хориҷӣ дар ин рӯзҳо бо таърих, фарҳанг ва расму оинҳои халқи тоҷик бештар шинос мегарданд
БРЕНДИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН. Ҷашни Наврӯз пули дӯстӣ байни миллатҳо мебошад






