Дар бозори марказии Рашт «Растаи фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ» ташкил карда шуд
РАШТ, 31.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар бозори марказии ноҳияи Рашт «Растаи фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ» ташкил карда шуд. Минбаъд ҳунармандони ноҳия метавонанд маҳсули дасти худро дар ин раста барои меҳмонони дохилию хориҷӣ ба фурӯш гузоранд. Дар ин бора директори бозори Ҷамъияти матлуботи ноҳияи Рашт Фирӯз Холназаров ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Раиси ҷамоати шаҳраки Ғарми ноҳия Муъминшо Қаюмов гуфт, ки дар асоси дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳия барои ҷалби ҷавонону занони хонашин ба ҳунаромӯзӣ ва фурӯши ҳунарҳои дастӣ шароити хуб фароҳам гардид. Сайёҳони хориҷӣ аз маркази ноҳия бисёр мегузаранд ва ҳунармандони ноҳия тавассути пешниҳоди ҳунарҳои мардумӣ таъриху фарҳанги миллати тоҷикро ба онҳо муаррифӣ менамоянд.
Маҳмадилёс Давлатов, як сокини ноҳия иброз намуд, ки ӯ ҳамроҳ бо фарзандонаш ба оҳангарӣ ва табақтарошию гаҳворасозӣ машғул аст.
“Хушбахтона, бо эълони Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мо, ҳунармандон имтиёзҳои хуб фароҳам оварда шуда, як муддат моро аз андоз озод карданд ва дар бозори марказии паҳлуи шоҳроҳ барои фурӯши маҳсулотамон шароит муҳайё гардид. Солҳои пеш мо маҳсулотамонро хеле кам мефурӯхтем. Имрӯз бо пайдо шудани имконият мо метавонем тавассути ҳунари дасти хеш сатҳи зиндагиямонро баланд бардорем”,-гуфт ҳамсуҳбати мо.








Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад
САЁҲАТРО АЗ ВАТАН ОҒОЗ МЕНАМОЕМ! Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Хуттали Қадим аз ҷиҳати аҳамияти таърихӣ ҳамто надоранд
Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро муаррифӣ намуд
КУЛОЛГАРӢ — РАМЗИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ. Анъанаи истифодаи зарфҳои кулолӣ дар Наврӯз то имрӯз боқӣ мондааст
Имрӯз дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» доир мегардад






