Дар Душанбе заводи истеҳсоли автобусҳои тамғаи «AKIA» бунёд мешавад
ДУШАНБЕ, 26.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. То ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар Душанбе заводи истеҳсоли автобусҳои тамғаи «AKIA» бунёд мешавад. Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода баён намуд.
Дар айни ҳол мутахассисони туркӣ дар шаҳри Душанбе қарор дошта, бо 20 нафар мутахассисони маҳаллӣ барои фаъолият дар заводи мазкур машғулиятҳои омӯзишӣ гузаронида истодаанд. Заводи мазкур дар як сол иқтидори истеҳсоли 250-300 адад автобусро дорад.
Ҳамчунин дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 17 ноябри соли 2017 барои харидани боз 100 адад автобуси тамғаи «AKIA» аз Ҷумҳурии Туркия бо дарназардошти бастубанди он дар заминаи Корхонаи воҳиди давлатии «Насби нақлиёти барқӣ (троллейбус) ва велосипед» шартномаи дахлдор ба имзо расидааст.
Маҳмадсаид Зувайдзода ҳамчунин иброз дошт, ки айни ҳол дар пойтахт татбиқи лоиҳаи «Низоми пардохти электронии роҳкиро ва назорати он дар нақлиёти мусофирбари автомобилии истифодаи умуми шаҳри Душанбе» идома дошта, дар доираи механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ татбиқ гардида, амалисозии низоми мазкур дар марҳилаи ниҳоии корҳои насбкунӣ ва омодакунии барномаҳои компютерӣ қарор дорад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






