Дар Хуҷанд боз як роҳи замонавии арғамчинӣ барои сайру саёҳат бунёд мегардад

Январь 31, 2018 13:58

ДУШАНБЕ, 31.01.2018./АМИТ «Ховар»/. Дар доираи тадбирҳо бахшида Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ роҳбарияти вилояти Суғд тасмим гирифтааст, ки  баҳри ба макони фароғатию сайёҳӣ табдил додани шаҳри  Хуҷанд аз маҷмааи Шоҳ Исмоили Сомонӣ то Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” роҳи сайругашт ва саёҳатии арғамчинӣ ё худ канатиро бунёд намояд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд хабар доданд.

Бино ба итталои манбаъ, ин  тадбир метавонад мақоми сайёҳии маркази вилоятро боз ҳам боло бардорад ва ба зиёд шудани сафи сайёҳони дохилию хориҷӣ мусоидат намояд. Аз ҷониби дигар, барои худи сокинони шаҳри Хуҷанд низ имконияти нави истироҳату фароғат пайдо хоҳад гашт.

Бинобар ин,  ҳоло таъмиру азнавсозии Қалъаи Хуҷанд ба роҳ монда шуда, дастур дода шуд, ки дар ҳудуди шаҳраки варзишӣ нуқтаҳои фуруши маҳсулоти дастии мардумӣ ва армуғонҳои миллӣ  ташкил карда шавад. Ин  нуқта зимни шиносоии иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни корҳои созандагӣ ва фаъолияти муассисаҳои иҷтимоии маркази вилоят  зикр гардид.

Тавре пештар хабар дода будем, нахустин дар Тоҷикистон роҳи замонавии  абрешимӣ ё каток охири соли гузашта дар 57-километрии шимолу шарқии Душанбе, дар  ҳудуди маҷмааи варзишию сайёҳии «Сефеддара», дар баландии 2400 метр аз сатҳи баҳр ба истифода дода шуд, ки онро  ширкати  «Doppeimayr»-и Австрия сохтааст. Қобили зикр аст, ки ширкати мазкур дар ҷаҳон машҳур буда, дар бунёди бисёр иншоотҳои азиму замонавӣ, аз ҷумла роҳхи арғамчинӣ дар шаҳри Сочии Россия ва истироҳатгоҳи «Чимбулоқ»-и Қазоқистон иштирок намудааст.

Роҳи  арғамчинӣ дар маҷмааи варзишию сайёҳии «Сафеддара», тавре директори он Баҳодур Исҳоқов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт,  дар  як соат ба 1000-2000 нафар одамон хизмат расонида метавонад.

 

 

 

Январь 31, 2018 13:58

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи рушди сайёҳии дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031» қабул гардид
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
«Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» бо барномаи бошукуҳи фарҳангию фароғатӣ ҷамъбаст гардид
«ФЕСТИВАЛИ ТОБИСТОНАИ ДУШАНБЕ-2026»: Пойтахти Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мизбони ҷашни фарҳангиву фароғатӣ гардид
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Бадахшон ба яке аз маконҳои муҳими сайёҳии кӯҳӣ, экологӣ ва табобатӣ табдил ёфтааст
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд баррасӣ гардид
Кормандони сохторҳои шаҳри Душанбе бо мавзеъҳои таърихию сайёҳии минтақаи Кӯлоб шинос шуданд
САЙЁҲИИ ЗИЁРАТӢ. Дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ Мамнуъгоҳи Султон Увайси Қаранӣ аз нав эҳё гардида, инфрасохтори сайёҳии он рушд намуд
Дар шаш моҳ беш аз 930 ҳазор сайёҳи дохилию хориҷӣ мавзеъҳои сайёҳии Хатлонро тамошо намуданд
Кормандони сохторҳои шаҳри Душанбе бо имконияти сайёҳии шаҳри Ваҳдат ва дараи Ромит шинос гардиданд
Дар Душанбе дар мавзуи «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» форуми байналмилалӣ баргузор мегардад
Давоми шаш моҳи соли 2026 зиёда аз 700 ҳазор сайёҳон ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд