Дар партави Паёми Пешвои миллат. Сиёсати дугона – сабаби аслии нокомӣ дар мубориза алайҳи терроризм
ДУШАНБЕ, 12.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Асри 21 агар аз як ҷониб бо армуғонҳои рушди технологию инноватсионӣ дар ҳаёти аҳли башар нақшгузор бошад, аз ҷониби дигар зоҳир гардидани равандҳои мухталифи сиёсию иҷтимоӣ дар қабои ҷараёни фарогири “ҷаҳонишавӣ” халқи оламро дар ин қарни пурталотум ба таҳлука андохтааст. Махсусан зуҳуроти харобиовари терроризму экстремизм ҳанӯз дар ибтидои ин қарн дар шаклу қолаби комилан нав дар сиёсатҳои духӯраю гуногунҷанбаи иддае аз қудратҳои ҷаҳонӣ роҳ ёфт. Ин буд, ки бархе аз гурӯҳҳои тундгаро аз сӯи манфиатхоҳони қудратталаб дастгирӣ ёфтаву ҳаёти ороми мардумонро ба маҷрои нооромӣ кашониданд. Воқеан, мояи нигаронӣ он аст, ки баъзан чунин ҷараёну ҳаракатҳои иртиҷоӣ аз сӯи қудратҳое дастгириву пуштибонӣ меёбанд, ки худ лофи демократия задаву ҳамеша аз боби ҳуқуқу озодиҳои инсон сухан мегӯянд. Албатта, чунин шеваи муносибат ва татбиқи сиёсати дугона дар ҷараёни равандҳои номатлуб кори ҷомеаи ҷаҳониро дар роҳи мубориза алайҳи чунин вабои аср беш аз пеш душвору мураккаб мегардонад.
Ҳоло ҳеҷ кишвари дунё, хоҳ мутараққӣ бошад, хоҳ дар ҳоли рушд, аз хатару пайомадҳои амалкардҳои гурӯҳҳои ифротӣ дар амон нест. Зеро агар ба таърихи начандон дури ибтидои қарни 21 назар афканем, ба хулосае мерасем, ки Амрико бо он иқтидори мудофиавии бузурге, ки дошт, натавонист ҳодисаи 11 сентябри соли 2001-умро пешгирӣ кунад. Ё худ ин андешаи моро бо гузашти беш аз 10 сол ҳодисаи 13 ноябри соли 2015-уми Париж собит месозад. Чун Франсияву Иттиҳоди Аврупо заъфу нотавонии худро дар лобалои гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” нишон доданд ва як ҳамлаи ин ҷараёни ифротӣ боиси марги 137 франсуз гардид. Ҳоло маълум мегардад, ки масъалаи рақами яки сайёра бояд ҳалли мушкилот дар самти шинохти равандҳои иртиҷоӣ ва сарпарастони онҳо бошад. Махсусан дар замоне, ки бештари гурӯҳу ҷараёнҳои радикалӣ бо истифода аз ному таълимоти ислом ҳадафҳои худро пиёда месозанд, роҳбарони кишварҳои мусулмониро мебояд бо такя ба асолати исломию қуръонӣ дар роҳи шинохти аслии исломи мубин ҷаҳду талош варзанд.
Бо дарки ҳамин нуктаи борик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 2000-ум дар доираи ҷаласаи сарони давлатҳои узви Созмни ҳамкории исломӣ дар Қатар аз хатари суистифода гардидани дини мубини ислом аз ҷониби гурӯҳу ҷараёнҳои мухталиф ҳушдор дода, таъкид доштанд, ки таълимоти исломӣ аз барномаҳои ҷараёнҳои ифротӣ фарсахҳо дур аст ва он ба исломи ҳақиқӣ алоқамандие надорад. Пешвои миллати мо чунин мавқеи қатъии худро дар роҳи шинохти аслии ислом дар марҳилаҳои баъдӣ низ нигоҳ дошта, аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ, аз ҷумла, дар минбари Созмони Милали Муттаҳид таъкид намуданд, ки “террорист Ватан, миллат ва мазҳаб надорад”.
Дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ Пешвои миллати мо бо изҳори нигаронӣ аз содир гардидани амалҳои мудҳиши террористӣ дар Осиёву Африқо ва Аврупою Амрико дар соли 2017 иброз намуданд, ки “қариб рӯзе нест, ки сокинони ин ё он гӯшаи ҷаҳон қурбони ҷиноятҳои террористӣ нагарданд”.
Ба таъкиди Пешвои миллат, бо вуҷуди чунин таҳаввулоти манфӣ дар сайёра ҳанӯз ҷаҳон дар шинохти ин зуҳурот оҷиз аст:
“Бо вуҷуди чунин вазъ, дар арсаи байналмилалӣ то ҳол таърифи ягонаи мафҳумҳои «терроризм» ва «террорист» вуҷуд надорад, ки ин ҳолат ба истифодаи меъёрҳои дугона ва духӯрагиву гуногунфаҳмиҳо мусоидат карда истодааст”.
Пас ҳоло ба хулосае расидан мумкин аст, ки дар чунин шароити мураккаби буҳронӣ давлатҳоро мебояд ба ҷои пешбурди сиёсати духӯраву дугона ба масъалаи мубориза бо зуҳуроти терроризму даҳшатафканӣ бо иттиҳоди андеша қотеъона мубориза бурдаву аз шеваи муносибати “дил ҷудову забон ҷудо” даст кашанд. Зеро дар гузаштаи начандон дур мо аллакай шоҳиди он гардида будем, ки таъсиру паёмадҳои фалокатбори чунин равандҳо беш аз ҳама ба моликону сарпарастони онҳо расидааст.
Афшини МУҚИМ, котиби матбуотии
Кумитаи оид ба корҳои дин,
танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Дар Тоҷикистон дар оғози моҳи якуми сол ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар ноҳияи Носири Хусрав тақдими «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ оғоз шуд
«САРҲАДБОНОН-ЧАШМИ БЕДОРИ ВАТАН». Дар қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ оид ба масоили соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ҳамоиш доир шуд
ZET-MOBILE натиҷаҳои давраи чоруми иқдоми «Миллионро гир»-ро барои моҳи ноябр ҷамъбаст кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати назди Муассисаи таълимии ноҳияи Спитамен расонида шуданд
Ба тарбиятгирандагони Хонаи кӯдакон ва Мактаб-интернати шаҳри Исфара туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Дар пленуми Суди Олӣ масъалаи баланд бардоштани сифати баррасии парвандаҳо ва таҳкими қонуният баррасӣ гардид
МегаФон Тоҷикистон натиҷаҳои «техникии» соли 2025-ро ҷамъбаст намуд






