Донишгоҳи технологӣ бо 12 муассисаи таҳсилоти олии хориҷӣ шартномаи ҳамкорӣ дорад
ДУШАНБЕ, 26.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Шӯрои Комиссияи аттестатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар тӯли 27 сол аввалин маротиба Шӯрои диссертатсионӣ таъсис дода шуд, ки бо се самт- мошинҳо ва таҷҳизоти технологӣ, технологияи маҳсулоти хӯрокӣ, технологияи маводи нассоҷӣ ва 5 ихтисоси аспирантура фаъолият мекунад. Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Илҳом Амонзода баён дошт.
Ба иттилои Илҳом Амонзода, Шӯрои диссертатсионие, ки дар донишгоҳ ташкил ёфт, аз рӯйи ихтисосҳои дар боло зикргардида дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин аст. Ин Шӯро барои баланд бардоштани малакаи касбӣ ва сатҳи илмии кормандони на танҳо Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, балки дигар донишгоҳҳои ҷумҳурӣ низ мусоидат хоҳад кард.
Дар нишаст зикр карда шуд, ки ҳоло фаъолияти байналмилалии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар ҳамкории судманд бо зиёда аз 73 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, созмонҳо ва марказҳои таълимии кишварҳои хориҷӣ ба роҳ монда шудааст.
Илҳом Амонзода гуфт, ки соли сипаригардида Донишгоҳ бо 12 муассисаи таҳсилоти олии касбии кишварҳои хориҷӣ ва созмону ширкатҳо шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид. Натиҷаи ҳамин буд, ки донишгоҳ 33 нафар донишҷӯи хатмкардаро аз рӯйи ихтисосҳои техникию технологӣ моҳи сентябри соли 2017 барои таҳсил ба магистратураи Донишгоҳи технологияҳои иттилоотӣ, оптика ва механикаи шаҳри Санкт-Петербург ва Донишгоҳи техникаи электронии шаҳри Москва ва 2 нафарро ба аспирантура ба хориҷи мамлакат равон намуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






