Ду корманди соҳаи маориф барои омода намудани «Номаи камол»-и қалбакӣ то 150 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд
ДУШАНБЕ, 16.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Суди ноҳияи Рашт ду корманди соҳаи маорифро барои омода намудани «Номаи камол»-и қалбакӣ то 150 ҳазор сомонӣ ҷарима намуд.
Тавре маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, директори муассисаи таҳсилоти умумии асосии №68 ноҳияи Рашт Я. Толибов охирҳои моҳи августи соли 2015 бо маслиҳати пешакӣ ғайриқонунӣ дар бораи таҳсилоти умумии асосӣ ба ному насаби Д. Асалзода «Номаи камол» омода намуда, бар ивази 500 сомонӣ ба Н. Эшонова додааст.
Ҳамчунин номбурда кирдорҳои ҷинояткоронаи худро идома дода, аввалҳои моҳи январи соли 2017 бо таҳдиди аз вазифа озод намудани таъмиргари муассисаи мазкур А. Асрориддин аз падари ӯ А. Қуқанов бо роҳи тамаъҷуӣ 400 сомонӣ пора талаб намуда, гирифтааст.
Ба иттилои манбаъ, бо ҳукми суди ноҳияи Рашт Я. Толибов ва Н. Эшонова гунаҳкор дониста шуда, ба Я. Толибов ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 3000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 150 000 сомонӣ ва ба Н. Эшонова ҷарима ба андозаи 2000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 100 000 сомонӣ таъйин гардид.








Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара ҷаласаи Комиссияи ҳудудӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир гардид
Ширкати «Париматч Тоҷикистон» ва КМВА Душанбе созишномаи ҳамкориро тамдид намуданд
Ajoyib.TV: шабакаҳои телевизионӣ ва онлайн-кинотеатрҳо дар як хизматрасонӣ
ЛИБОСИ МИЛЛӢ — ОИНАИ ФАРҲАНГ ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛАТ. Дар Душанбе либосҳои тоҷикиро тарғиб менамоянд






