ЭҲЁИ САДА. Наврӯзу Меҳргону Садаро шоҳони ориёии давр асос гузоштаанд, Пешвои миллати тоҷикон ин ҷашнҳоро аз нав зинда ва ҷаҳонӣ гардонданд

Январь 31, 2018 09:39

ДУШАНБЕ, 31.01.2018. /АМИТ «Ховар»/.    Агар шоҳони ориёии давр Ҷамшед, Фаридун ва Ҳушанг   ин се ҷашни бузург – Наврӯз, Меҳргон ва Садаро асос гузошта бошанд,  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон идомадиҳанда, аз нав эҳёкунанда ва такмилбахшандаву ҷаҳоникунандаи онҳо ҳастанд, ки мо бо ин ифтихор мекунем. Ин суханонро шоира Меҳринисо Бобобекова дар рӯзи таҷлили бошукӯҳи ҷашни Сада ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд.

Ба андешаи шоира, «на танҳо эҳёи дубораи ин ҷашнҳо, балки тамоми иқдомҳои пешгирифтаи Сарвари давлати тоҷикон ба сӯи саодат аст. Мисле, ки замони Зардушт ё  Ҷамшед ҳам барои инсоният хушбахтӣ буд. Мардуми ин сарзамин аллакай дарк карданд, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чӣ қадар бо суханҳои нерумандона ва гомҳои ҷасоратмандонаи худ тавонистанд як Тоҷикистони қариб аз даст рафтаро ба сарзамини воқеан ободу амн табдил диҳанд ва тамоми анъанаҳои бостонӣ ва зебои мардуми ориёро дар давлати соҳибистиқлоли мо ҷаҳонӣ созанд».

Шоира таҷлили ин ҷашҳои сегонаи аҷдодиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чун дар як мамлакати пешқадаму ислоҳотгар, машъалбардори тамаддуни ориёӣ, ки метавонад тамоми анъанаҳои ниёгонро дар марҳилаи ҷаҳонишавӣ ба мардуми олам  пешниҳод кунад, арзёбӣ намуд. Зеро, ба қавли ӯ, «ин ҷашнҳо аз хушӣ, саодат, сулҳ, накӯкорӣ, ғанимат донистани инсон ва бузург будани он шаҳодат медиҳанд. «Агар ба муҳтаво ва ҷавҳари ин ҷашнҳо  назар афканем, мебинем, ки онҳо аз сулҳу ваҳдат, рамзи пирӯзии  нур бар зулмат ва равшанӣ бар торикӣ шаҳодат медиҳанд. Ин гувоҳи он аст, ки инсоният ҳамеша  хостори зиндагии осуда аст. Ин ҷашнҳо рамзи тантанаи  офтоб, нур, саодат, ба ҳам омадани мардумон, ба ҳамдигар ҳадя кардани рафтори нек, гуфтори нек ва пиндори нек аст. Яъне, мо бояд бо пиндорамон ба инсонҳо рафтор омӯзем, онҳоро дӯст дорем, дар сухан ҳамеша изҳори некӣ намоем. Ин аст муҳтавои асосӣ ва ҷавҳари аслии ин се ҷашни ниёгон»,-илова намуд номбурда.

Тавре муҳаққиқон иброз доштаанд, Сада яке аз ҷашнҳои мавсимию маросимии мардуми ориёитабор, аз ҷумла, ниёгони тоҷикон буда, он ҳамчун рамзи бузургдошти Митра (Меҳр), омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ ва муждаи Наврӯз пазироӣ мегардид. Сада рамзи рафтани нимаи зимистон буд, ки ба мардум  пайғоми нахустини баҳор меовард ва деҳқононро ба омодагӣ  ба кишту кор  ҳидоят менамуд. Сада бо гулхани рӯшноиафзои хеш сардиҳои зимистонро бо рӯшноиву гармиҳои баҳор мепайваст ва 50 рӯзу 50 шаби фарорасии Наврӯзро мардум бесаброна шумурда, ба пазироии бузургтарин ҷашни баҳор ва истиқболи Соли Нави аҷдодӣ – Наврӯзи оламафрӯз омода мегаштанд.

Ба ақидаи фарҳангшиноси маъруфи тоҷик Ҷонибеки Асрориён, дубора эҳё кардани ҷашнҳои сегона-Наврӯзу Меҳргону Сада ҳеҷ гоҳ баргаштан ба адёни (динҳои) пешин   нест, зеро    ин ҷашнҳо динӣ нестанд, онҳоро метавон  шинохти андешаи пешин, эҳтирому иззат ниҳодан ба дониши аҷдодон арзёбӣ намуд.

Ҷонибеки Асрориён мегӯяд, ҷашнвораҳо аслан шодиофаранд ва ба василаи касе аз ҷониби Худованд ба хотири шодиву хурсандии мардум дода мешаванд. Ҳар як ҷашнвора паҳлуҳое дорад, ки ба суннату анъанаву тафаккури инсонҳо вобаста аст. Рамзи худи моҳи баҳман ранги сафед аст ё гули баҳмани сафед мегӯянд. Парандаи ин моҳ хурӯс ва ҷонвари ин моҳ асп аст. «Мо  бояд ин чизҳоро тавъам омӯзем. Бузургон мегӯянд, дар беҳтарин инсонҳо нишонаи бадиро ёфтан мумкин аст. Вале бузургтарин инсонҳо онҳое ҳастанд, ки дар ҳар чизи бад ҳам некӣ пайдо кунанд. Дубора эҳё кардани Наврӯзу Меҳргону Сада ҳам ба хотири арҷ гузоштан ба фарҳангу тамаддуни аҷдодони мо аст»,-гуфт фарҳангшинос.

Академик Акбар Турсон аз сиёсати созанда ва фарҳангии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки моро дар роҳи шинохти арзишҳои  миллӣ ва арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги ҷумҳуриамон роҳнамоӣ месозад, истиқбол намуда, изҳор медорад, ки дар роҳи дубора эҳё намудани суннатҳо, расму оинҳои мардумӣ ва ҷашну санаҳои таърихии миллат бояд ҳар як фарзанди бонангу номуси миллат кӯшиш намояд.

Ба ақидаи академик, дар шароити бархӯрди тамаддунҳо давлатҳои абарқудрат кӯшиш мекунанд, ки бар давлатҳои хурд нуфузи фарҳангӣ пайдо кунанд. Зеро ин ҳодисаи табиии таърихӣ аст. Ин давлатҳо фарҳангҳои суннатиро танг карда, бароварда, мехоҳанд бо фарҳанги ба истилоҳ ҳамагонӣ, ки дар кишварҳои ғарб нуфуз дорад, пахш кунанд. «Мо бояд фарҳанги гузаштагонамонро ҳифз кунем, наҷот диҳем ва нагузорем, ки одату суннатҳои мо аз байн раванд. Боиси хурсандӣ аст, ки давлати миллии мо барои эҳё ва таҷдиди суннатҳои қадимӣ, аз ҷумла, Наврӯз, Меҳргон ва Сада иқдом мекунад»,-зикр кард номбурда.  

 Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ андешаҳои академик Акбар Турсонро пуштибонӣ карда, зикр кард, ки ҳамин гуна сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки имрӯз ҳар яки мо шоҳиди ба ҷашни байналмилалӣ табдил ёфтани Наврӯзи аҷдодӣ ва миллии худ гардидем. Маҳз тавассути сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат мо тавонистем дар даврони истиқлолияти давлатӣ як силсила барномаҳои муҳими илмию адабӣ ва фарҳангиро дар сатҳи баланд  баргузор намоем. Ин чорабиниҳо на танҳо як мавриди бисёр муносиб ва хуб барои шинохти амиқ, таҳқиқ ва баррасии илму адаб ва фарҳанг мебошанд, балки воситаи муассири дар заминаи арзишҳои миллии гузашта ва муосир тарбия намудани насли ҷавони миллат ва баланд бардоштани сатҳи худшиносии миллӣ ба шумор мераванд.

«Майдони таҳқиқи масоили гуногун ва мубрами ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргону Сада фарох аст. Изҳори умед мекунем, ки муҳаққиқини мо имрӯз ва минбаъд паҳлуҳои муҳиму башардӯстонаи  кашфношудаи ин марҳилаҳои меҳнатии солонаи кишоварзонро кашф хоҳанд кард. Минбаъд ба тавсифи амиқи таърихию  илмӣ, астрономӣ, вожашинохтию мардумшиносӣ, фалсафӣ-фарҳангшиносии Меҳргон ва Сада камар мебанданд, то дар ояндаи наздик тавонем ҷашнҳои Сада ва Меҳргонро мисли Наврӯз ба ҳайси ҷашнҳои байналмилалӣ ба мардуми ҷаҳон пешниҳод намоем»,—хулоса намуд Фарҳод Раҳимӣ.

 

Мавҷуда АНВАРӢ

АМИТ “Ховар”

Январь 31, 2018 09:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Фаронсаро тӯфони «Флориан» фаро гирифтааст
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Панҷ комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Дар натиҷаи заминларза дар Чин 95 нафар ҳалок гардида, 130 нафар захмӣ шуданд
Дар ноҳияи Ишкошим пайомадҳои тарма бартараф карда мешаванд
Бар асари барфрезии шадид дар ИМА чаҳор нафар ҳалок гардид
Соли нави «рақамӣ»: Чӣ тавр муштариёни ширкати «МегаФон Тоҷикистон» наздикони худро табрик намуданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Дар Туркия сардии ҳаво то 33 дараҷа расидааст
Дар натиҷаи таркиш дар Покистон 4 нафар ҳалок ва 32 нафар захмӣ гардид
Донишгоҳи давлатии Бохтар соли 2024 ба даҳгонаи аввали муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон дохил гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» корхонаи истеҳсоли кошин сохта мешавад