ПАЁМ – ВОСИТАИ ТАЪМИНКУНАНДАИ ҲАМГИРОИИ ИҶТИМОИИ ҶОМЕА

Январь 5, 2018 15:34

ДУШАНБЕ, 05.01.2018. /АМИТ «Ховар»/.  Илми сиёсӣ ва назарияҳои муосири идоракунӣ паёмҳои ҳамасолаи сарони давлатҳо ба парлумонҳои давлатҳояшонро як навъ шакли ташаккули ҳамкорӣ байни ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия эътироф намуда, дар фарҳанги давлатдории муосир онро ҳамчун ҷузъи таркибӣ пазируфтааст. Ин аст, ки паёмҳои ҳамасола дар низоми идоракунии  аксари мамлакатҳо мавқеъ ва нуфузи махсуси худро дошта, масъалагузориҳои дар он баёнгашта чун барномаи амал на танҳо барои Парлумон, балки аҳли ҷомеа қабул карда мешаванд.

Барномарезии фаъолият барои давраҳои тӯлонӣ ва кӯтоҳмуддат таҷрибаи боэътимоди собитшуда дар идоракунии давлатӣ маҳсуб ёфта, раванди корбарӣ ва ҳалли масъалаҳои мавҷударо баҳри таъмини рушду пешрафти кишвар муҳайё месозад. Дар ин масир паёмҳои ҳамасолаи Пешвои миллат ба Парлумони мамлакат барномаи фаъолият барои тамоми ҷомеа дар як соли минбаъда буда, ҳар яки онҳо аз якдигар бо таҳлилу масъалагузориҳои худ фарқ мекунанд.

Паёми имсолаи Пешвои миллат ҳамчун ҳуҷҷати муайянкунандаи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ фарогири масъалаҳои муҳиму рӯзмарра буда, дар он тамоми самтҳои фаълияти ҷомеаи мо ба риштаи таҳлил кашида шуда, вобаста ба таҳлилҳои гузаронидашуда ба таври мушаххас масъалагузориҳо сурат гирифтанд. Дар робита ба ин метавон иброз дошт, ки аз диди назариявӣ Паёми навбатии Пешвои миллат бакорандозии механизмҳои иловагии бартараф намудани монеаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ, тағйироти  институтсионалӣ бо мақсади ҳалли масъалаҳои муҳими ҷомеа, пешниҳоди ғояи нави таъминкунандаи ҳамгироии иҷтимоиро ба ҷомеа пешниҳод намуда, такмили заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, тақвияти неруи инсонӣ, татбиқи чораҳои амалии тақвияти ҳифзи иҷтимоӣ ва боло бурдани сатҳи зиндагӣ, инчунин таҳкими пояҳои маънавии ҷомеа ва тарбияи насли созандаро  бо пешниҳоди тадбирҳои мушаххас ва масъалагузориҳои дақиқ ба миён гузошт.

Аз диди сиёсӣ Паёми имсола пурра воқеияти сиёсии на танҳо дохилӣ, балки ҷомеаи ҷаҳониро низ дар бар гирифта, мавқеи Тоҷикистонро вобаста ба рӯйдоду ҳодисоти як соли охир дақиқ муайян намуд. Ҳамагон шоҳид ҳастем, ки равандҳои геополитикӣ ва геоиқтисодии ҷаҳони имрӯза хусусияти таҳдидовар ба ҳамзистии осоиштаи халқу миллат ва давлатҳоро ба миён оварда, терроризм ҳамчун падидаи марговар амният ва суботи кишварҳои гуногунро халалдор намуда истодааст. Бо дарназардошти вазъи кунунӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ  бахшида ба 25-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуда буданд, ки «дар шароити торафт печидаву мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир, аз ҷумла, шиддат гирифтани муборизаҳои геосиёсӣ миёни давлатҳои абарқудрат, хусусияти муташаккил ва боз ҳам хатарноктар касб кардани терроризму экстремизм ва дигар таҳдиду хатарҳои нав таъмини амният ва ҳифзи сулҳу субот барои тамоми кишварҳои олам, аз ҷумла, барои Тоҷикистони мо ба масъалаи аввалиндараҷаву ҳаётӣ табдил ёфтааст».

Дар робита ба ин, бояд зикр намуд, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол аз ҷиҳати мавқеи географии худ дар минтақаи бархӯрди манфиатҳои абарқудратҳо ҷойгир буда, аз диди геополитикӣ осебпазир мебошад. Инро таҷрибаи давлатдории мо дар давраи нав собит намуд ва имрӯзҳо ҳам собит намуда истодааст. 26 соли соҳибдавлатӣ  марҳилаи мушкили давлатсозию миллатсозӣ маҳсуб ёфта, дар ин давраи кӯтоҳи таърихӣ мо бо ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ошӯбҳо ва кӯшишҳои табаддулоти хоинонаи фарзандони ҳамин сарзамин, ки фармони хоҷагони хориҷии ҳудро иҷро мекарданд, бо талошҳои ноором сохтани марзи давлатӣ, бесубот сохтани авзои сиёсӣ аз дохилу берун рӯ ба рӯ гаштем. Ин ҳама моро ҳушдор медиҳад, то ба масъалаҳои давлатдории миллии худ аз диди таъсири манфиатҳои абарқудратҳо назар карда, баҳри пешгирӣ аз ҳама гуна амалҳои ба манфиатҳои миллию давлатӣ таҳдидкунанда омодагии доимӣ дошта бошем. Зеро дар сиёсати байналмилалӣ на дӯстону душманон, балки манфиатҳо нақши ҳалкунанда доранд.

Вобаста ба ин, Пешвои миллат иброз намуданд, ки «мо ҷонибдори низоми ҷаҳонии одилона, бидуни ҷангу низоъ, густариши ҳамкорию шарикии баробар ва судманди ҳамаи кишварҳои олам, таъмини амнияти ҷаҳонию минтақавӣ бо роҳи созишу муколамаи созанда бар асоси Ойинномаи Созмони Милали Муттаҳид мебошем». Мавқеи зикршуда аз он далолат мекунад, ки муносибатҳои дипломатӣ ҳаргиз наметавонанд дар заминаи лаҳни дурушту  намоиши қувва суботи муносибатҳоро дар арсаи байналмилалӣ таъмин намоянд. Таҳаммулпазирӣ, эҳтироми манфиатҳои байниҳамдигарӣ, дасткашӣ аз истифодаи қувва ва бартариятхоҳӣ, талош баҳри ҳалли мусолиҳатомези мушкилиҳои мавҷуда, дасткашӣ аз таҷовузҳои ишғолгарона таҳти шиорҳои мубориза бо терроризму экстремизм, ташаккули муносибати ягона ба падидаҳои номатлубу харобкоронаи қувваҳои ифротию террористӣ метавонанд принсипҳое бошанд, ки ҳамзистии осоиштаро дар минтақа ва ҷаҳон таъмин намоянд. Маҳз ҳамин  принсипҳо моҳиятан дар Паёми навбатии Пешвои миллат баён гардиданд.

Лозим ба ёдоварист, ки яке аз вазифаҳои асосии ҳокимияти сиёсӣ- ин нигоҳ доштани қобилияти худтакмилдиҳӣ буда, ҳамчун заминаи таъминкунандаи рушди минбаъда он бояд баҳри бартараф намудани монеаҳои пайдошаванда хусусияти кушода дошта бошад. Бо назардошти ин хусусияти муҳим Паёми имсолаи Пешвои миллат  бакорандозии механизмҳоеро пешбинӣ намуд, ки баҳри бартараф намудани монеаҳои рушди минбаъдаи иқтисодию иҷтимоӣ нигаронида шудаанд. Ин нукта дар эълони мораторияи дусола ба санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, муқаррар намудани имтиёзҳои андозӣ барои воридоти технологияю таҷҳизот ҷиҳати рушди паррандапарварӣ, барои фурӯши молу маводи ҳунармандӣ ҷиҳати рушди ҳунарҳои мардумӣ, воридоти таҷҳизоти навтарин барои корхонаҳои дорусозӣ, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ  озод намудани воридоти таҷҳизоти ташхису табобат, ҳавопаймоҳо, локомотивҳо ва вагонҳои замонавии мусофиркаш инъикоси худро ёфт. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аксари давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон дар таҷрибаи рушди иқтисодии худ тавассути пешниҳоди имтиёзҳои андозию гумрукӣ тавонистаанд мушкилиҳои иқтисодии худро зина ба зина ҳал намоянд. Бо назардошти ин нуқта, дар марҳилаи кунунӣ, ки таъмини рақобатпазирии бозори дохилӣ яке аз ҳадафҳои Ҳукумати мамлакат ва омилҳои таъсиррасон ба сатҳи иҷтимоӣ низ маҳсуб меёбад,  муҳайё намудани имкониятҳо ва ҳавасмандгардонии бахши хусусӣ дар ин ҳуҷҷати барномавӣ ҳамчун нуктаи калидӣ мавқеъ гирифтааст.

Самти дигаре, ки дар Паём ҳамчун самти меҳварӣ баён гардид, ин масъалаи татбиқи дигаргуниҳои институтсионалӣ бо мақсади ҳалли масъалаҳои муҳими ҷомеа – таъмини амнияти озуқаворӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳои тиббӣ, бартараф намудани монеаҳо баҳри рушди соҳибкорӣ ва сарфаи маблағҳои буҷети давлатӣ, ҳалли масъалаҳо вобаста ба тағйирёбии иқлим мебошад, ки таъсиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти давлатии ҳифзи тандурустии аҳолӣ ва Маркази омӯзиши пиряхҳоро пешбинӣ менамояд. Вобаста ба ин бояд зикр кард, ки ҳар як низоми сиёсӣ бояд қобилияти экстраксионии ҳудро нигоҳ дорад ва захираҳои дохилиро барои такмил ва рушди минбаъдаи худ истифода барад. Аз ин нуқтаи назар, таъсиси ниҳодҳои нав, тағйирпазирӣ ва барҳам додани ниҳодҳое, ки вазифаи худро ба анҷом расонидаанд ё бояд дар шакли дигар фаъолияташонро ба роҳ монанд, қонунияти умумипазируфташуда дар рушди давлат буда, нишонаи аз байн рафтани талаботи иҷтимоӣ ба фаъолияти кунунӣ ва усули корбарии онҳо  мебошад. Яъне, талаботи иҷтимоӣ ҳамчун ченаки муайянкунанда ба мавҷудияти ин ё он сохтор омили таъсиррасон ба самаранокии фаъолияти низоми сиёсии ҷомеа ва давлат ба ҳисоб меравад. Аз ин нуқтаи назар, таҷрибаи давлатдории мо собит месозад, ки масъалаи мазкур аз ҷониби роҳбарияти сиёсии кишвар сари вақт ба миён гузошта шуда, бо ҳамин восита қобилияти тағйирпазирии мутавозин ва муътадили сохторҳои ҳокимияти сиёсӣ таъмин карда мешавад.

Ҷомеашиносон бар он назаранд, ки яке аз омилҳои таъминкунандаи муваффақияти дилхоҳ сарвари сиёсӣ  ва якдилӣ дар ҷомеа-ин пешниҳоди ғояи таъминкунандаи ҳамгироии иҷтимоӣ мебошад. Дарёфт ва пешниҳоди ин ғоя, пеш аз ҳама, ба қобилияти дурандешӣ, дарки воқеияти сиёсӣ, қобилияти баланди дарки моҳияти равандҳои сиёсӣ, банақшагирӣ ва пешгӯии онҳо вобастагии зич дорад. Аслан на ҳар ғоя метавонад ба сифати ғояи муттаҳидкунанда баромад намояд. Муваффақияти муттаҳидкунандагиро фақат ҳамон ғояе  соҳиб шуда метавонад, ки интизориҳои ҷомеаро бароварда созад. Одатан ин ғояҳо диққати аҳли ҷомеаро ба ҳалли масъалаи муайян равона карда, бо ҳамин васила барои ноил гаштан ба мақсадҳои муайян мусоидат мекунанд. Аз ин нуқтаи назар, пешниҳоди Пешвои  миллат оид ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудани соли 2018 аз диди мантиқ ва моҳияти худ беҳтарин ғояест, ки на хусусияти популистӣ, балки аҳамияти муҳими иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию маънавӣ дошта, ифодакунандаи эҳтиёҷоти иҷтимоӣ дар ҷомеа мебошад. Яъне, ин ғоя имрӯз қудрат дорад ифодакунандаи манфиати мақомоти давлатӣ ва ҳар як шаҳрванду ҳунарманди одӣ бошад. Зеро мо медонем, ки агар аз як ҷиҳат имкониятҳои имрӯзаи то ба ҳол истифоданашудаи сайёҳӣ манбаи ғанигардонии буҷети давлат ва боло бурдани сатҳи зиндагӣ бошанд, аз тарафи дигар, воситаи мувофиқи муаррифии фарҳанг, санъат, урфу одат ва анъана, арзишҳо ва дигар муқаддасоти ин миллат ва ин сарзамини куҳанбунёд ба ҳисоб мераванд. Ба ибораи дигар, баҳри шинохти чеҳра ва муаррифии миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ мусоидати комил менамояд.

Тазаккур бояд дод, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати демократию ҳуқуқбунёд баҳри такмили доимии заминаи меъёрии ҳуқуқии мавҷуда, ки ҷиҳати танзими муносибатҳои иҷтимоӣ зарур мебошад, кӯшиш менамояд. Ҷиҳати идомаи фаъолият дар ин самт дар Паёми имсола супориш дода шуд, ки бо мақсади  афзоиши имкониятҳои содиротии мамлакат лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастгирии содирот ва баланд бардоштани қобилияти рақобат» ва лоиҳаи Барномаи нави давлатии амнияти озуқаворӣ таҳия ва пешниҳод карда шаванд. Таҳия ва қабули ин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ метавонад баҳри танзим ва рушди муносибатҳо дар соҳаҳои мазкур мусоидат намояд.

Таҷрибаи давлатдорӣ дар 26 соли соҳибистиқлолӣ нишон медиҳад, ки воқеан ҳам дар меҳвари сиёсати давлат маҳз масъалаи инсон, боло бурдани сатҳи иҷтимоии ӯ, ҳифз, тақвият ва истифодаи самараноки неруи инсонӣ ва мусоидат ба камолоти ҳамаҷонибаи ӯ истода, мақсади рушд низ маҳз ба ҳамин самт равона шудааст. Зеро сиёсате, ки ҷавҳари онро инсондӯстӣ ташкил медиҳад, сиёсати устувор ва башардӯстона буда, баҳри такомул ва ғанигардонии сармояи инсонӣ имконияти ғанӣ дорад. Ҷиҳати тақвияти фаъолият дар ин самт ва ба даст овардани ҳадафҳои гузошташуда, дар Паёми навбатии Пешвои миллат тадбирҳои мушаххас дар самти тақвияти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баён гардиданд, ки бори дигар эътимоди мардумро ба пуштибонии давлату Ҳукумат, бахусус содиқ будан баҳри иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии ниҳодҳои давлатӣ дар назди ҷомеа комил мегардонад.

Ҳамзамон бояд ба инобат гирифт, ки рушду пойдории истиқлолияти комили давлат дар заминаи шахсиятҳои худшиносу худогоҳ, ватандӯсту соҳибмаърифат ва дорои сатҳи баланди маърифату фарҳанги сиёсӣ метавонад пойдор монад. Ин омил дар замони ҳозира муҳимияти махсус касб намудааст. Таъкидҳои пайвастаи Пешвои миллат вобаста ба тарғиби  истиқлолият, соҳибватанӣ ва озодӣ омили меҳварӣ дар роҳи ташаккул ва рушди мафкураи давлатсозӣ ва миллатсозӣ дар ҷомеа буда, имконият медиҳад, то дар шинохти ин арзишҳои муқаддас ҳар як шаҳрванди мамлакат комёб гардад.

Тазодҳо ва мушкилиҳое, ки имрӯзҳо давлатҳои миллӣ ба он рӯ ба рӯ шуда истодаанд, тақозо менамоянд, ки механизми худдифоъро фаъолона амалӣ намоянд. Зеро амалияи талхи таърихӣ нишон дода истодааст, ки қувваҳои террористию ифротӣ, ки дар аксар маврид воситаи татбиқи мақсадҳои геосиёсии абарқудратҳо мебошанд, дастовардҳои пурқимати таърихӣ ва фарҳангиро, ки на танҳо арзишҳои як халқу миллат, балки дастоварди инсоният ба шумор мераванд, несту нобуд намуда, хотираи таърихӣ ва фарҳангии инсониятро нест карда истодаанд. Дар чунин шароити мураккаб дифоъ аз истиқлолияту озодӣ ва таъриху фарҳанги хеш- ин дифоъ аз номусу нанги худ дар масири пурифтихори ватандорист. Маҳз аз ҳамин сабаб таъкидҳои Пешвои миллат дар хусуси  «сафарбар намудани саъю кӯшиш дар навбати аввал ба хотири сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар давлати азизамон» бояд маънии зиндагӣ ва қарзи фарзандии ҳар як соҳибватан бошад.

Омӯзиши Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки дар ҳақиқат ҳам ин ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ воситаи воқеии таъминкунандаи ҳамгироии иҷтимоӣ дар ҷомеа буда, дар он вазифа ва масъулияти ҳар як фарди ҷомеа, новобаста ба вазъи иҷтимоӣ ва  мавқеи сиёсиаш амиқан нишон дода шудааст.

  Махфират ХИДИРЗОДА,

муовини раиси вилояти Хатлон

 

Январь 5, 2018 15:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дабири кулли СММ барои дар сатҳи ҷаҳонӣ мубориза бурдан бо гармои шадид даъват намуд
Аз 27 июл то 1 август дар Тоҷикистон чангу ғубор ва дар баъзе ноҳияҳо омадани сел пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар «Роҳи оҳани Тоҷикистон» вохӯрии гурӯҳи корӣ бо занону духтарон доир шуд
29 июл дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, Агентии назорати маводи нашъаовар, Агентии «Тоҷикстандарт» ва КВД «Тоҷиксуғурта» нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Донишҷӯёни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ ва пешаздипломиро дар хоҷагиҳои пешқадами ҷумҳурӣ мегузаронанд
Дар Кӯлоб 2684 протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбат ба ронандагон тартиб дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 43 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз Вазорати маориф ва илм, Маркази миллии қонунгузорӣ, Кумитаи рушди маҳал, Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд
Дар ноҳияи Фирдавсӣ ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Амирӣ» ва «Афзалият» таъсис дода шуд
Агентии хоҷагии ҷангал: «Нисбат ба ҳуқуқвайронкунандагони қонунгузории соҳа ба миқдори 780 санад тартиб дода шуд»
Пагоҳ Вазорати маориф ва илм, Маркази миллии қонунгузорӣ, Кумитаи рушди маҳал, Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд