Паёми Пешвои миллат масъулияти моро дар роҳи ватансозӣ ва ҳифзи дастовардҳои миллӣ бештар сохт

Январь 27, 2018 10:00

ДУШАНБЕ, 27.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми мавзӯъҳои муҳими ҳаёти сиёсиву ҷамъиятии мардуми мамлакатро дар бар гирифта, таҳлил ва дастуру супоришҳои дар он зикргардида роҳи ҷомеаро барои расидан ба ҳадафҳои минбаъдаи ватансозӣ равшан сохт.

Дар ин росто, бо дарназардошти он, ки муҳтавои Паём васеъ буда, таваҷҷуҳи ҷомеа вобаста ба мавзӯъҳои дар он баррасигардида хеле зиёд аст, мо фаъолони ҷомеа шарҳу тавзеҳи онро миёни аҳолӣ ба таври фарогир ба роҳ монда, халқро ҳамчун неруи бузурги пешбарандаву ободкор барои анҷоми вазифаҳои муайяншуда сафарбар карда истодаем.

Паёми Пешвои миллат аз устуворона пешрафт кардани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи расидан ба ҳадафҳои стратегӣ башорат дода, ҳамзамон зимни баррасии масоили амниятӣ ва сиёсати хориҷии давлат дар он таъкидҳои судманд баён карда шуд. Тавре зикр гардид, “…вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст”. Дар робита ба ин мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ чунин муайян карда шуд: “Мо ҷонибдори низоми ҷаҳонии одилона, бидуни ҷангу низоъ, густариши ҳамкориву шарикии баробар ва судманди ҳамаи кишварҳои олам, таъмини амнияти ҷаҳониву минтақавӣ бо роҳи созишу муколамаи созанда бар асоси Оинномаи Созмони Миллали Муттаҳид мебошем”.

Аз ин рӯ, дар самти ба дарки ҷомеа расонидани моҳияти сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар давраи навин кӯшишу ғайрати худро ба он равона бояд созем, ки сиёсати сулҳҷӯёнаву башардӯстонаи давлату ҳукуматро тарғиб карда, дар ниҳоди ҳар як сокини ҷумҳурӣ ҳисси инсондӯстӣ ва донистани аҳамият ва қадру манзалати сулҳу ваҳдатро тарбия намоем Ҷомеаро аз хатарҳои муосири геополитикӣ аз роҳи таҳлили вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва тамоюлҳои муносибатҳои байналмилалӣ, бархӯрди манфиатҳои давлатҳои абарқудрат ва пайдоиши нишонаҳои марҳилаи навини “ҷанги сард” пурра огоҳ созем. Манфиатҳои миллиро аз ҳама боло гузошта, ҳисси ифтихор аз давлати соҳибистиқлолро дар вуҷуди сокинон бештар намуда, амалишавии ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи байналмилалӣ ва ҳамзамон ташкили чорабиниҳо ба оғози расмии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028 -ро тарғиб карда, минбаъд низ дар амалисозии ҳадафҳои олии дар ин самт пешбинишуда ҷаҳду талош намоем. Бо назардошти иқдоми Пешвои миллат дар самти устувор сохтани мавқеи фарҳангии миллати тоҷик ва ба феҳристи умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид намудани ҷашнҳои миллӣ-Меҳргон ва Сада ҷиҳати тарғиби таърихи ташаккул ва моҳияти маънавии ҷашну суннатҳои ниёгон ва нақши онҳо дар ташаккули фарҳанги умумиҷаҳонӣ тадбирҳои зарурӣ андешем.

Дигар масъалаи дар Паёми имсола баррасигардида-ин раванди рушд, ҳолати кунунӣ ва роҳҳои ташаккули иқтисоди миллӣ мебошад. Дар ин самт Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки “мо бояд минбаъд низ доир ба ҳифзи манфиатҳои иқтисодии ҷумҳурӣ, истифодаи оқилонаи имконияту захираҳои мавҷуда ва дарёфти сарчашмаҳои нави рушди иқтисодӣ, баланд бардоштани қобилияти рақобати истеҳсоли ватанӣ ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ кӯшиш намоем”. Ин суханон ҳар як фарди бонангу номуси Ватан, аз ҷумла, мо-ҳизбиёнро водор месозад, ки дар рушди иқтисоди миллӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки номбаршуда саҳм гузошта, як қатор корҳоро ба анҷом расонем. Аз ҷумла, таваҷҷуҳи соҳибкоронро ба рақобатпазир сохтани молҳои истеҳсолӣ ва ба талаботи бозори ҷаҳонӣ мувофиқ кардани онҳо ҷалб сохта, аҳамияти зиёд кардани содирот ва кам кардани воридот дар пешрафти иқтисодро дар баланд гаштани сатҳи некуаҳволии ҷомеа ба таври дахлдор фаҳмонем. Соҳибкоронро ба моҳияти “Стратегияи миллии рушди иқтисоди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва Барномаи миёнамуҳлати рушди Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” бештар шинос карда, саҳми онҳоро дар таҳия ва амалисозии лоиҳаҳои иқтисодӣ фаҳмонем. Бо шарҳу тавзеҳи имтиёзҳои дар Паём пешбинишуда дар самти иқтисод ва саноат мардумро ба амалисозии лоиҳаҳои гуногун ва ворид намудани технологияи муосир ҳавасманд гардонем. Дар заминаи рушди иқтисодиёт зиёд шудани музди меҳнати  кормандони соҳаҳои алоҳида, стипендия ва ҳадди аққалу ҳадди ниҳоии нафақаро бо ҷалби мутахассисони молияшинос миёни ҷомеа шарҳ дода, дар ин замина аҳамияти масъулияти шаҳрвандиро дар супоридани андозу иҷрои дигар уҳдадориҳои давлатӣ фаҳмонем. Дар асоси таваҷҷуҳи давлат ба масъалаи бонкдорӣ ва ҳифзи манфиатҳои ҷомеа дар ин самт ҷиҳати баланд шудани ҳисси боварии мардум бо бонкҳо, истифода аз кортҳои пластикӣ, инчунин имтиёзҳое, ки дар самти бонкдорӣ ва ташкили бонкҳо пешбинӣ шудаанд, корҳои тарғиботӣ барем. Дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор ҷиҳати фароҳам овардани фазои мусоид барои соҳибкорӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва фаъол гардонидани сармоягузории хориҷӣ мусоидат намоем. Ҳамкории қаноти ҷавонони ҳизб ТҶҶ “Созандагони Ватан”-ро бо корхонаҳои саноатӣ дар самти омода намудани кадрҳо бо ихтисосҳои техникиву технологӣ ба роҳ монем.

Зимни ирсоли Паём Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мужда доданд, ки имсол аввалин маротиба дар давраи соҳибистиқлолӣ маҳдудияти барқ пурра бардошта шуда, ба Истиқлолияти комили энергетикӣ хеле наздик шудем. Ҳамзамон раванди расидан ба ҳадафҳои дигари стратегии давлат – пурра баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ дар сатҳи зарурӣ таҳлилу баррасӣ шуда, вазифаҳо барои давраи соли 2018 дар ин самт мушаххас карда шуданд.

Мо-ҳизбиён ва фаъолони ҷомеаро зарур аст, ки дар ин росто ҳиссаи арзандаи худро гузошта, мардумро ба оқилона ва сарфаву сарриштакорона истифода бурдани неруи барқ ва сари вақт супоридани ҳаққи хизмати он ташвиқ намоем. Бо овардани мисолҳо вобаста ба ченакҳои нархгузории истифодаи неруи барқ дар кишварҳои дигар ба дарки ҷомеа расонем, ки неруи барқ дар Тоҷикистон аз ҳама арзон буда, ба қадри ин неъмати табиии аз лиҳози экологӣ тоза бояд бирасем. Кӯшишҳои давлату ҳукуматро дар самти расидан ба истиқлолияти энергетикӣ (сохтани неругоҳҳои барқии нав ва таҷдиду навсозии неругоҳҳои мавҷуда бо назардошти маблағҳои дар ин самт ҷудошуда) тарғиб намоем. Моҳияти стратегии коммуникатсия, махсусан, сохтмони роҳу нақб ва пулҳоро дар пешрафти иқтисоди миллӣ ба таври васеъ шарҳу тавзеҳ диҳем. Дастовардҳои Тоҷикистонро ҷиҳати баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва раванди иҷрои тадбирҳо дар самти таъмиру навсозии роҳҳои мамлакат тарғиб намуда, назорати ҷамъиятиро вобаста ба сифати маҳсулот ба роҳ монем.

Дар Паёми имсолаи худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди сайёҳиро яке аз самтҳои афзалиятнок арзёбӣ намуда, зикр карданд: “Сайёҳӣ яке аз самтҳои муҳими ба шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин муаррифи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои нек ба ҳисоб меравад”. Ҳамин тавр дар заминаи таҳлили имкониятҳои мавҷуда ва баёни таклифҳо иброз доштанд: “Бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ пешниҳод менамоям, ки соли 2018 дар ҷумҳурӣ Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шавад”.

Дар ин росто аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар қатори тамоми мардуми мамлакат аз ин иқдом шоду рӯҳбаланд гардида, дар ин самт тасмим гирифтем як қатор корҳои муайянро ба анҷом расонем. Аз ҷумла, аҳли ҷомеаро ба саҳмгузорӣ дар рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо инобати шарҳи мушаххаси имтиёзҳои давлатӣ (андозу пардохтҳо, лоиҳаву грантҳои давлатӣ ва даромадҳое, ки аз ин ҳисоб ба даст овардан мумкин аст) ташвиқ намоем. Аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар ВАО табиати биҳиштосои Тоҷикистон, маконҳои таърихӣ (бо инобати қиссаву ривоёти вобаста ба он) ва имкониятҳои дигари мавҷударо ҷиҳати рушди саёҳати дохиливу хориҷӣ тарғиб созем. Аҳолиро ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои мардумӣ ҳавасманд гардонем. Аксияву дигар чорабиниҳо ҷиҳати муаррифии бештари дастовардҳо дар самти сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ташкил намуда, дар заминаи ин ба ҷомеа онро ҳамчун соҳаи даромаднок ва манбаи ҷойи корӣ муаррифӣ созем. Бо ҷалби аҳли ҷомеа дар тозагиву покизагии макону атрофи ҷойҳои таърихӣ мусоидат намуда, ба ҷавонон вобаста ба риояи қоидаҳои маъмули этикаи байналмиллалӣ зимни муносибат ба шаҳрвандони хориҷӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ доир намоем.

Дар хулосаи Паём зикр гардид: «Мардуми шарифи Тоҷикистон ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доранд». Дар ин росто чунин мешуморем, ки расидан ба ин ҳадаф бо роҳи пойдор нигоҳ доштани Ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, анҷоми корҳои созандагиву ободонӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ ба даст меояд, ки аз ҳар кадоми мо сабру таҳаммул, иродаи мустаҳкам, иттиҳоду сарҷамъӣ, саъю талоши аҳлона, заҳмати содиқонаву   софдилона, масъулияти баланд ва ташаббускориро тақозо мекунад.

Бо назардошти ин моро зарур аст дар амалӣ намудани ҳамаи он ҳадафҳои неку созандае, ки аз муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд, сарҷамъ бошем ва бо кору амали созандаи худ сазовор ба зиндагии шоиста гардем.

 

Абдулло РАҲМОНЗОДА,

раиси Кумитаи иҷроияи

ҲХДТ дар вилояти Хатлон

Январь 27, 2018 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар «Чангоб»-и Ҳисор зиёда аз 130 нафар хонанда ба истироҳат фаро гирифта шуданд
ЧОЙХОНАИ ТОҶИКӢ ДАР КЛАГЕНФУРИ АВСТРИЯ. Суратгузориш аз ифтитоҳи он баъди таъмиру навсозӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масъалаи тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки миллии Швейтсария баррасӣ гардид
ОГОҲӢ! То 5 июл дар баъзе аз ноҳияҳои Тоҷикистон хатари омадани сел боқӣ мемонад
Абдуҷаббор Азизӣ бо ҳайати хабарнигорони нашрияи «Жэнмин жибао»-и Чин мулоқот намуд
Мутахассисони Агентии авиатсияи гражданӣ ва роҳбаладони ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар Чин такмили ихтисос намуданд
АМАЛИЁТИ ШАРТИИ «КОРД». Дар 6 моҳи соли равон 62 адад силоҳи сард мусодира гардид
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ оид ба масъалаҳои мубрами таъмини суботи сиёсии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ –амалӣ доир шуд
Операсарои маъруфи тоҷик Адҳам Холиқов дар синни 76 аз олам даргузашт
Fly.tj ба туфайли интернет «парвоз мекунад»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад