Паёми Пешвои миллат-таҳкурсии боэътимод барои рушди устувор

Январь 2, 2018 12:18

ДУШАНБЕ, 02.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикосгари воқеии пешрафту шукуфоии Тоҷикистон ва барномаи мукаммали идомаи корҳои созандагиву бунёдкорӣ ҷиҳати таъмини зиндагии шоистаи сокинони мамлакат мебошад. Тавассути  Паёми имсола Сарвари давлат  саҳифаҳои кору пайкори халқу миллати тоҷикро давоми солҳои охир варақгардон намуда, роҳҳои таҳкими минбаъдаи рушди устувори сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакатро муайян намуданд.

Дар ибтидо Пешвои миллат аз хавфу хатарҳо ва печидагиҳои ҷаҳони муосир ёдрас шуда, иброз доштанд, ки «…дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави «ҷанги сард» боиси нигаронӣ гардидааст».  Новобаста аз ин, тавре дар Паём зикр гардид, «Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад».

Сарвари давлат ҳамкории бештару густурдаро бо ҷомеаи ҷаҳон ва минтақа, сохторҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ҳамзамон ба роҳ мондани ҳамкории фарогирро дар муқобили нобасомониҳои хатарзои ҷомеаи ҷаҳони муосир афзалтар арзёбӣ намуда, зикр сохтанд, ки «сиёсати «дарҳои кушода» чун меҳвари аслии муносибатҳои мо бо ҷаҳони муосир воқеӣ, дуруст ва судовар будани худро нишон дод». Ҳамин аст, ки Тоҷикистон миёни кишварҳои ҷаҳон ҳамчун ташаббускори ҷаҳонии ҳалли масоили глобалӣ дар соҳаи об эътироф гардида, ташаббуси навбатии он дар мавриди эълон доштани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028 аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ бо дарки баланди масъулиятшиносӣ нисбат ба тақдири имрўзу ояндаи сокинони сайёра пазируфта гардид.

Сарвари давлат дар Паёми имсола ҳадафҳои созандаву бунёдкоронаи вобаста ба таъмини  пайвастаи ҳимояи манфиатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва амниятии Тоҷикистон, ҷалби сармояи хориҷӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ, эҷоди шароити мусоиди берунӣ барои рушди устувори кишвар ва таъмини бехатарии онро муҳим арзёбӣ намуда, тадбирҳои расидан ба ҳадафҳоро мушаххас намуданд.

Муҳтавои Паёми имсолаи Пешвои миллат бар он аст, ки нақшаю барномаҳои давлатии роҳандозигардида самари нек ва боварибахш дода,  иҷрои онҳо бо кӯшишҳои пайгирона ва ҳамешагии мардуми заҳматпешаамон асосан амалан татбиқ шуда истодаанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳкими ҳамкории давлатҳои минтақа ҳамчун ҷанбаи ниҳоят муҳим дар кори рушди устувори ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ  пайваста ҷаҳд месозад, ки ин масъала дар Паёми Президенти мамлакат махсус таъкид гардидааст. Дарвоқеъ, заминаҳои воқеии таърихан ташаккулёфтаи ин минтақа, ягонагии муносибатҳои маданӣ-иҷтимоӣ, фарҳангӣ, тарзи зиндагӣ ва ниҳодҳои иҷтимоӣ (расму оинҳои милливу динӣ ва ғайра), хешу таборӣ, ҳамсоягиву ҳамгироии халқҳои бародар ва ғайра заминаи воқеии ҳамкории густурдаи минтақавиро бо ин кишварҳо чун воситаи муҳими ҳалли масъалаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, иҷтимоӣ, экологӣ ва таъмини амнияту субот  дар минтақа  фароҳам месозад.

Тавре аз Паёми Пешвои миллат бармеояд, «соли ҷорӣ нишондиҳандаҳои макроиқтисодии кишвар дар сатҳи устувор нигоҳ дошта шуда, суръати рушди воқеии иқтисодиёт ба 7 фоиз ва ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 60 миллиард сомонӣ баробар гардид. Тибқи дурнамо дар се соли минбаъда ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ зиёда аз 30 фоиз афзоиш ёфта, то ба 82 миллиард сомонӣ расонида мешавад». Хусусан  нишондиҳандаҳои макроиқтисодии соли 2017 нисбат ба соли 2016   дар муқоиса бо нишондиҳандаҳои пешбинишуда 8 фоиз зиёд гардида, даромади пулии аҳолӣ 10 фоиз афзоиш ёфтааст.  Натиҷаи кӯшишу заҳматҳои Ҳукумати мамлакат бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки сол ба сол болоравии бемайлони иқтисодӣ таъмин гардида, ба ин восита сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат бамаротиб беҳтар мешавад.

Сарвари давлат иброз доштанд, ки «бо дарназардошти рушди иқтисодиёти мамлакат ва имкониятҳои имрӯзаи молиявӣ аз 1 сентябри соли 2018 музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ зиёд карда мешавад». Ин ғамхории навбатии Сарвари давлат нисбат ба халқу миллати хеш буда, зарур аст, ки сокинони мамлакат пайи амалӣ сохтани нақшаву стратегияҳо ва барномаҳои давлатии қабулгардида, ки мақсади асосии онҳо ба таҳкими фазои суботу амният,  пешбурди иқтисодиёти миллӣ, бунёди ҷойҳои нави корӣ ва таъмини зиндагии шоиста равона гардидааст, пайваста талош варзанд.

Ҷиҳати тақвияти минбаъдаи раванди рушди иқтисодии мамлакат Президенти Тоҷикистон дар Паёми хеш ба масъалаи фароҳам овардани фазои мусоид ва ҷорӣ намудани усулҳои ҳавасмандгардонии фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд. Ин иқдом идомаи мантиқии чораҳои марбут ба ҳавсмандгардонии соҳибкорӣ, ки қаблан аз ҷониби Сарвари давлат ҷорӣ гардида буд, мебошад. Маҳз ҳамин иқдомоти пайгирона шароитеро фароҳам месозад, ки соҳибкорони кишвар бо дилу дидаи гарм ва меҳнати содиқона дар таҳкими инфрасохтор, бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ бо ташкили ҷойҳои нави корӣ дар раванди аз кишвари аграрӣ ба кишвари саноатӣ-аграрӣ табдил додани ватани азизамон ҳиссаи арзишманд гузоранд.

Пешвои миллат дар Паёми имсола зикр намуданд, ки «…пешрафти ояндаи Тоҷикистон дар шакли индустриалӣ ва инноватсионӣ пешбинӣ гардида, ҷиҳати татбиқи ин ҳадаф бо истифода аз технологияҳои муосир баланд бардоштани самаранокии саноати коркард ва қобилияти рақобати маҳсулоти ватанӣ бисёр муҳим мебошад». Маҳз ҳамин ҳадаф буд, ки Сарвари давлат дастгирии доимии соҳибкории истеҳсолиро доимо таъкид менамоянд. Мақсад аз дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ-ин пайваста афзоиш додани коркарди ашёи хом то дараҷаи маҳсулоти ниҳоӣ, таъмини рақобатпазирии он дар бозори дохилӣ ва берунӣ, таъмини талаботи бозори истеъмолӣ, инчунин иҷрои барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунӣ мебошад.

Масъалаи истифодаи мақсадноки захираҳои неруи барқ дар Паёми Пешвои миллат махсус таъкид гардид. Талошҳои пайвастаи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар мавриди таъмини эҳтиёҷоти мамлакат исбат ба неруи барқ натиҷаҳои назаррас ба бор оварданд. Имрӯз тамоми корхонаву ташкилотҳо, соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва  сокинони мамлакат дар тамоми фаслҳои сол бо неруи барқи арзонтарин таъмин мебошанд. Бо бунёди неругоҳҳои хурду бузурги барқи обӣ мамлакати моро дар арсаи байналмилалӣ хамчун кишвари татбиқкунандаи «иқтисодиёти сабз» мешиносанд ва арҷ мегузоранд. Сарвари давлат таъкид доштанд, ки бояд аз неруи барқ оқилона, боинсофона ва бидуни талафот истифода намуда, маърифати баланди истифодаи оқилонаи неруи барқро дар андешаву шуури мардум ҷой намудан зарур аст.

Таҷдиду навсозии роҳҳо ҷиҳати таъмини ҳадафи ба давлати транзитӣ табдил додани Тоҷикистон то соли 2030 дар Паёми имсола аз масъалаҳои меҳварӣ маҳсуб меёфт.  Таъкид гардид, ки Ҳукумати мамлакат дар замони соҳибистиқлолӣ барои таҷдиду навсозии роҳҳо лоиҳаҳои давлатии сармоягузориро бо ҷалби беш аз 12 миллиард сомонӣ амалӣ гардонидааст. Тавре аз Паём бармеояд, кӯшишҳои Ҳукумати мамлакат дар ин самт идома дошта, айни ҳол татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ доир ба таҷдиди роҳи Душанбе — Қӯрғонтеппа, Хуҷанд — Исфара, Кӯлоб- Шамсиддини Шоҳин, Шкев — Қалъаихумб, Темурмалик — Балҷувон — Ховалинг ва қитъаҳои дигар ба маблағи 7,7 миллиард сомонӣ идома дорад. Ба мамлакати транзитӣ табдил додани Тоҷикистон омили дигари муҳими таъминкунанди пешрафти иқтисодиёт ва устувории Тоҷикистон дар хоҷагии иқтисодии ҷахон мебошад.

Бо дарназардошти иқтидорҳои беназири Тоҷикистон ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ Сарвари давлат дар ҳар як Паёми хеш ба он диққати алоҳида равона мекунанд. Дар Паёми имсола ба масъалаи рушди соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат, бунёди шароити созгор барои пешрафту инкишофи соҳа, истифодаи мақсадноку оқилонаи сарватҳои сайёҳии мамлакат, таҳкими инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ аз ҳарвақта бештар таваҷҷуҳ зохир шуд. Сарвари давлат аз таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон дар соҳаи сайёҳӣ ёдовар шуда, иброз доштанд, ки Тоҷикистони биҳиштосои мо бо захираҳои нодиру нотакрори сайёҳиаш дар радифи кишварҳои пешрафта бояд қарор дошта бошад.  То ҳол ин захираҳо ба манфиати пешрафти иқтисодиёти миллӣ ба таври бояду шояд истифода нагардидаанд. Пешвои миллат таъкид доштанд, ки «сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин муаррифи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад.

Барои рушди ин соҳа ҳамаи заминаҳои зарурии меъёрии ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуда, илова бар ин, як силсила чораҳои ҳавасмандкунӣ низ татбиқ гардидаанд. Аз ҷумла, воридоти таҷҳизот ва масолеҳи сохтмон барои иншооти сайёҳӣ аз пардохтҳои андозу гумрук ва ширкатҳои сайёҳӣ дар панҷ соли аввали фаъолияташон аз пардохти андоз аз фоида озод карда шудаанд».

Дарвоқеъ, бо таҳкими пояҳои рушди устувори соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат мо метавонем нуфузи Тоҷикистонро дар ҷаҳон ҳамчун давлати дорои таъриху фарҳанги куҳан, табиати ҷолибу нотакрор, обҳои зулолу шифобахш, қуллаҳои баланди осмонбӯс ва мардумони меҳмонпарвар боз ҳам баландтар намоем.

Бо дарки муҳимияти нақши соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат ҳамчун манбаи иловагии даромад ба буҷаи давлат, имконияти мусоиди бунёди ҷойҳои корӣ, омили баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагонии мардум, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки соли 2018 дар Тоҷикистон  Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шавад.

Бо дарки ин маънӣ сокинони мамлакат  дар кори татбиқи ҳадафҳои созандаи Сарвари давлат дар самти рушди соҳаи сайёҳӣ,  ки танҳо барои таъмини заминаҳои мусоид барои зиндагии шоиста равона гардидаанд, сарбаландона гомҳои устувор мегузоранд.

Такмили низоми идоракунии давлатӣ, бунёди шароит ҷиҳати таъмини солимии ҷомеа, тарбияи насли наврасу ҷавонон дар рӯҳияи меҳанпарастӣ ва ифтихори миллӣ, омода сохтани мутахассисони баландихтисоси дорои донишҳои замонавӣ барои эҳтиёҷоти хоҷагии халқи мамлакат ва амсоли инҳо аз масоили муҳиме буданд, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд.

Таҷрибаи солҳои қаблӣ нишон медиҳад, ки ҳар кадоме аз Паёмҳои Сарвари давлат инъикосгари дастовардҳои соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат буда, роҳро ба сӯи ояндаи боз ҳам шукуфонтару дурахшонтар равшан месозад.

Фазлиддин ҚОДИРОВ,

мудири кафедраи туризми

Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, дотсент

Январь 2, 2018 12:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати ҷавонони Тоҷикистон дар ҳамоиши байналмилалии ҷавонон дар Қазокистон иштирок намуд
ОМӮЗГОРОН-ПОСДОРОНИ ЗАБОНИ МИЛЛАТ. Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҳамоиши тантнавӣ доир шуд
Олимони Чин бо фаъолияти Институти тибби ветеринарии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон шинос шуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгорон таҷлил гардид
6 ОКТЯБР-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ҲИФЗИ МАКОНИ ЗИСТ. Ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд таъсири харобиовари омили антропогенӣ ба табиатро ҷилавгирӣ намояд
МУЛОҚОТИ СУДМАНД ВА ТАҲКИМБАХШ. Дар ҳошияи сафари Президенти Тоҷикистон ба Давлати Қатар
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Душанбе Форуми даҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун баргузор мегардад
Забони тоҷикӣ давоми бештар аз сӣ соли Истиқлолияти давлатӣ муҳимтарин омили ваҳдат ва сарҷамъии миллат гардид
Дар шаҳри Гулистон ба гиромидошти Рӯзи забони давлатӣ конференсия баргузор шуд
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Китобхонаи миллӣ ҳамоиш баргузор гардид
«ЗАБОН-РУКНИ МУАССИРИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид