Пешгӯии обуҳавошиносон: моҳи феврал аз боришот холӣ нест
ДУШАНБЕ, 23.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, шурӯъ аз 28 то 30-юми январи соли равон дар ҷумҳурӣ ҳарорати ҳаво паст гардида, боридани борону барф дар назар дошта шудааст. Тавре сардори Маркази обуҳавосанҷии Агентии обуҳавошиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамила Байдуллоева зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» баён дошт, дар ин рӯзҳо дар водиҳо ҳарорат паст гашта, боридани барф пешбинӣ мешавад. «Шурӯъ аз моҳи феврал ҳарорати ҳаво рӯ ба баландшавӣ оварда, дар рӯзҳои хушкӣ гармӣ аз 15 то ба 17 дараҷа мерасад. Дар рӯзҳои муқаррарӣ то 2 дараҷа баландшавии ҳарорат пешгӯӣ карда мешавад».
Бояд гуфт, ки зимистони имсола нисбат ба соли сипаригардида гармтар омад. Ба ақидаи Ҷамила Байдуллоева, агар ба таҷрибаи солҳои пешин, аз ҷумла, ба 20 соли охир назар андозем, ин гуна зимистонҳои гарм дар солҳои 2000, 2002, 2004, 2010, 2011, 2016 низ ба мушоҳида расида буданд, ки аз якдигар бо 2 то 4 дараҷа гармшавӣ тафовут мекунанд.
Акнун, ки моҳи дуюми зимистон низ сипарӣ мешавад, сокинони ҷумҳуриро на боришоти зиёди барфу сардии ҳаво, балки ҳавои гарму офтобии зимистон нигарон кардааст. Дар ин росто фарзияҳои гуногуне вирди забони мардуманду бисёриҳо гарм омадани тирамоҳу зимистони имсоларо зарар ба соҳаи боғдории мамлакат дониста, иддаи дигаре аз он истиқбол мекунанд, ки бо чунин вазъ метавон дар кишту кори бисёре аз маҳсулоти полезӣ муваффақ шуд.
Ба андешаи устоди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, профессор Саидалӣ Гулов, ҳавои то 18 дараҷа гарми зимистони имсола ба соҳаи аграрӣ бетаъсир набуда, барои қисмате аз соҳаи кишоварзӣ зараровар низ ҳаст. Вале дар навбати худ метавон аз ин гуна вазъи обу ҳаво самаранок истифода кард. Махсусан, дар ин ҳавои мусоид бояд ба бунёди боғҳои нав пардохт. Ба гуфтаи ӯ, муҳлати хуби шинонидан барои ниҳол фасли тирамоҳ ва ҳавои мусоиди зимистон мебошад. Зеро ин имкон медиҳад, ки ниҳолҳои шинонида дар фасли баҳор баробари гармшавии ҳаво ба нашъу намо оғоз намоянд. Саидалӣ Гулов мегӯяд, ки тибқи мушоҳидаҳо, ҳавои гарми зимистони имсола дар бисёре аз минтақаҳои мамлакат аллакай дарахтонро ба нашъу намо водор сохтааст, ки дар сурати дер омадани зимистон он зарари ҷиддӣ дар пай хоҳад дошт.
Тибқи пешгӯие, ки Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ барои моҳҳои декабр ва март карда буд, сардии ҳаво дар охирҳои моҳи ноябру аввалҳои декабр ва феврал пешбинӣ шуда буд. Аввалҳои моҳи декабр ҳарорат то як андоза паст шуда, боришоти барф низ ба қайд гирифта шуд. Вале шурӯъ аз 16 декабр ҳарорати ҳаво нисбатан гарм шуда, дар бисёре аз минтақаҳои ҷумҳурӣ ҳатто дар рӯзҳои аввали моҳи январ низ гармӣ то ба 20 дараҷа расид, ки ин аз меъёри муайяншуда баландтар мебошад.
Тибқи пешгӯии ҳавошиносони мамлакат, то охири моҳи январ низ боришоти начандон зиёд ё пастшавии ҳарорати ҳаво дар назар дошта шудааст. «Асосан боридани барфҳо ва ба меъёр наздик будани он ва каму беш аз меъёр зиёд будан танҳо дар моҳи феврал пешгӯӣ карда мешавад. Чунки дар моҳи феврал ҳарорати миёнаи моҳона эҳтимолияти то 1 дараҷа сард шуданро дар пай дорад»,-мегӯяд Ҷамила Байдуллоева.
Ба гуфтаи коршиносони соҳа, соли 2017 вазъи обу ҳавои мусоид имкон дод, ки деҳқонони ҷумҳурӣ ҳосили хушсифату дилхоҳ ба даст оваранд.
Тавре зикр намудем, бо гарм омадани фасли тирамоҳу зимистони ин давра кишоварзон аз ҳавои мусоид истифода намуда, нақшаи шудгору кишти тирамоҳиро то имрӯз ба 103 % расонидаанд, ки яке аз дастовардҳои назарраси ин соҳа ба ҳисоб меравад. Вале дар ин рӯзҳои зимистон боришоти барфу борон бисёр муфид буда, ҷиҳати нест шудани ҳама гуна ҳашароти зараррасони қабати болоии замин ва пӯстлохи дарахтон мусоидат мекунад. Аммо мутахассисони соҳаи кишоварзӣ арзёбӣ мекунанд, ки бо вуҷуди гарм будани ҳаво дар қисмати нимаи рӯз сардии шабонгаҳ ба яхшавии қабати болои замин ва намии он оварда расонидааст, ки ин таъсири мусбатро дар пай дорад.
Тибқи пешгӯии обуҳавошиносон, моҳҳои январу феврал аз боришот холӣ набуда, таъсири неки он ба соҳаи кишоварзӣ хоҳад расид.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»











Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод таъмир карда мешавад
Дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар заминҳои кишоварзӣ яхҷуфт идома дорад
Дар Соли нав дар алоқа буданд: чӣ тавр муштариён шаби идро гузарониданд






