Пешвои миллат: «Мақоми байналмилалӣ гирифтани гузаргоҳи «Қарамиқ» ба васеъ шудани имконоти транзитӣ ва рушди бахши сайёҳӣ мусоидат хоҳад кард»

Январь 26, 2018 16:13

ДУШАНБЕ, 26.01.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Тоҷикистон ба қатори давлатҳои маҳсур ба хушкӣ шомил аст ва дар қаламрави он бештар нақлиёти автомобилӣ истифода бурда мешаванд. Чунин шароит моро водор месозад, ки барои баромадан ба бандарҳои байналмилалӣ ҳамкориро бо давлатҳои минтақа ҷиҳати ташкили гузаргоҳҳои сарҳадиву гумрукӣ ва марказҳои логистикӣ густариш диҳем. Ин нуктаро имрӯз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ҳаждаҳуми Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ зикр намуданд.

Сарвари давлат дар робита ба ин, хотирнишон сохтанд, ки ҳоло масъалаи сарчашмаи маблағгузории қитъаҳои алоҳидаи роҳҳои дорои аҳамияти минтақавӣ, ки лоиҳаи бунёду таҷдиди онҳо омода мебошад, ҳал нашудааст. «Вазорати нақлиёт, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатиро зарур аст, ки барои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар самти нақлиёт вобаста ба афзалиятҳо ҳамкориро бо шарикони рушд тақвият бахшанд. Ҳамзамон бо ин, муқаррароти алоҳидаи конвенсияҳо ва созишномаҳои байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, аз ҷумла, оид ба содагардонии савдо, транзит, назорати гумрукии молҳо дар Кодекси гумрук ва дигар санадҳои танзимкунандаи фаъолияти соҳа ба таври умум ба инобат гирифта нашудаанд»,-баён доштанд Президенти мамлакат.

Бо дарназардошти ба низоми байналмилалии ҳамлу нақли автомобилии бор (TIR) ворид шудани кишварҳои минтақа ва таваҷҷуҳи хоссаи мамлакатҳои тараққикарда ба иқтидори транзитии Осиёи Марказӣ дар баробари муҳайё намудани инфрасохтори зарурӣ, инчунин ба гуфтаи Сарвари давлат, бояд қонунгузории миллии Тоҷикистон барои ҳамлу нақл ва транзит мусоид гардонида шавад.

Пешвои миллат зикр намуданд, ки мушкилоти дигаре, ки ба рушди ҳамлу нақли байналмилалӣ ва минтақавӣ тавассути Тоҷикистон монеаи ҷиддӣ эҷод менамояд, то ба ҳол мақоми байналмилалӣ нагирифтани гузаргоҳи «Қарамиқ» дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон аст. «Ҳарчанд ки ин масъала дар сатҳҳои гуногун борҳо муҳокима гардидааст, вале то ба имрӯз ба ҳалли ниҳоӣ нарасидааст. Мақоми байналмилалӣ гирифтани гузаргоҳи «Қарамиқ» дар баробари афзоиши ҳамлу нақли байналмилалӣ тавассути ҷумҳурии  мо ба васеъ шудани имконоти транзитӣ, рушди бахши сайёҳӣ ва ҳалли дигар масъалаҳо мусоидат хоҳад кард. Аз ин рӯ, Вазорати корҳои хориҷӣ вазифадор карда мешавад, ки дар доираи гурӯҳи кории байниидоравӣ масъалаи мақоми байналмилалӣ додан ба гузаргоҳи «Қарамиқ»-ро асоснок намуда, тибқи тартиби муқарраргардида барои ҳалли масъала тадбирҳои амалӣ андешад»,-изҳор доштанд Пешвои миллат.

Январь 26, 2018 16:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад