«Сафеддара» барои рушди намудҳои гуногуни сайёҳие, ки имрӯз хеле маъруф, афзалиятнок ва ояндадор арзёбӣ мегарданд, мусоидат мекунад
ДУШАНБЕ, 02.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои сайёҳии ватанӣ тасмим гирифт, ки саёҳати дохилии шаҳрвандони ҷумҳуриро ба мавзеи дорои табиати нотакрори диёр-Маҷмааи кӯҳию лижаронии «Сафеддара» дар ноҳияи Варзоб ташкил намояд.
Саёҳати навбатӣ дар арафаи Соли нави мелодӣ бо ҷалби зиёда аз 80 нафар сайёҳони дохилӣ сурат гирифт, ки хабарнигори АМИТ «Ховар» онҳоро ҳамроҳӣ кард.
Маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафеддара» ба як мавзеи воқеан дилфиреби истироҳатию фароғатӣ ва машқу тамрингоҳи намудҳои гуногуни варзиши зимистона табдил ёфтааст. Он ягона мавзеи сайёҳии лижаронӣ дар мамлакат буда, дар километри 57-уми шаҳри Душанбе, дар баландии 2400 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шудааст. Маҷмаа дорои инфрасохтори зарурии замонавӣ буда, дар он барои баргузории мусобиқаҳои зимистона ва истироҳату фароғати меҳмонону сокинони мамлакат тамоми шароит муҳайёст.
Сайёҳони касбу кори гуногун, аз ҷумла, донишҷӯёни муассисаҳои олии кишвар бо шароити ин мавзеи варзишию сайёҳӣ, аз ҷумла, меҳмонхонаи чорошёнаи барҳавою замонавӣ, нуқтаи нигоҳдории барфгардҳо, тарабхонаю марказҳои савдо ва мавзеъҳои лижаронию барфгардӣ ошно шуда, аз хизматрасонии тамоми таҷҳизоту воситаҳои варзишию дилхушии мавзеъ истифода намуданд. Бояд зикр кард, ки шиносоӣ бо ин маҷмаа дар такмили донишҳои тахассусии донишҷӯён саҳми назаррас мегузорад.
Дар маҷмаа инфрасохтори иловагӣ, аз қабили тарабхона, мағозаи фурӯши асбобу лавозимоти лижаронӣ, нуқтаҳои иҷораи лавозимоти лижаронӣ, барфгард ва ғайра сохта шудаанд. Дар маҷмаа мутахассисони ботаҷрибаи соҳаи варзиши зимистона, мураббиёну роҳбаладон барои муаррифии мавзеъ ва дигар ҳайати хизматрасон, ки барои фароғати сайёҳону меҳмонон дар сатҳи олӣ хизмат мерасонанд, фаъолият доранд.
Тавре корманди Маҷмаа Умед Бобоҷонов иброз намуд, дар маҷмаа барои қабули сайёҳони дохиливу хориҷӣ тамоми шароит мавҷуд аст. Дар он беш аз 10 намуди хизматрасонӣ фароҳам омадааст. “Таътили тобистонаи мактаббачагонро ба назар гирифта, аз 8 то 30 –юми январ дар маҷмаа истироҳатгоҳи зимистонаи бачагонаро ташкил кардем. Дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ нақша дорем, ки бори аввал истироҳатгоҳи тобистонаро ба роҳ монда, ба ин восита шумораи сайёҳони дохилию хориҷиро зиёд намоем”,-гуфт Умед Бобоҷонов.
Сардори маркази матбуоти Кумита Абдукарим Қурбонов мақсади сафарро ба Маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафеддара» шиносоӣ бо имконияту дастовардҳои рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва варзиши зимистонаи мамлакат арзёбӣ намуд. Ба андешаи номбурда, ташкил кардани саёҳатҳои дохилӣ, пеш аз ҳама, ба рушди сайёҳии дохилӣ ва ба ин восита, арҷгузорӣ ба мероси бойи таърихиву фарҳангӣ ва арзишҳои миллӣ мусоидат менамояд. “Воқеан табиати биҳиштосои иқлими Тоҷикистон, аз ҷумла, Маҷмааи кӯҳию лижаронии «Сафеддара» барои рушди намудҳои гуногуни сайёҳӣ, ки имрӯз дар ҷаҳон хеле маъруф, афзалиятнок ва ояндадор арзёбӣ мегарданд, мусоидат мекунад”,-гуфт Абдукарим Қурбонов.
Ба иттилои масъулин, имрӯз дар бозори хизматрасонии кишвар беш аз 80 адад ширкатҳои сайёҳӣ фаъолият менамоянд, ки ба туризми воридотию содиротӣ машғул мебошанд.
Роҳбари муассисаи “Сайру саёҳат”-и Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон Маъруф Нодирӣ мегӯяд: “Мо, масъулони ширкатҳои сайёҳӣ аз иқдоми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр хушнуд гардидем. Паёми Пешвои миллатро бо дилгармӣ қабул намуда, он имтиёзҳое, ки дода шуд, ширкатҳои сайёҳиро ҳавасманд гардонид. Акнун мо кӯшиш дорем, ки бо таҳияи барномаҳои ҷолиб ва хатсайрҳои нави сайёҳӣ диққати сайёҳони дохилию хориҷиро ҷалб намуда, дар рушди соҳа саҳми худро гузорем”.
Боиси хушнудист, ки ҷуғрофиёи ташрифоти сайёҳони хориҷӣ ба мамлакатамон сол то сол зиёд гардида, сайёҳон ба мавзеъҳои нотакрори Тоҷикистон таваҷҷуҳи бештар зоҳир менамоянд.
Бино ба маълумоти Кумитаи рушди сайёҳӣ, соли 2017 беш аз 300 ҳазор нафар сайёҳи хориҷӣ ба кишвар ворид гардидаанд, ки ин нисбат ба соли 2016 15,2 фоиз зиёд мебошад. Агар соли 2016 намояндагони 102 давлати дунё ба ҳайси сайёҳ ба Тоҷикистон ташриф оварда бошанд, соли 2017 ин нишондиҳанда ба 146 давлат расид.
Мавҷуда АНВАРӢ,
АМИТ “Ховар”


















РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд






