«УМРЕ БО РАДИО»: бозгӯи зиндагиномаи яке аз коргардонҳои шинохта ва собиқадори Радиои Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 30.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Нашриёти «Бухоро» китоби муҳаққиқи ҷавон, муовини аввали директори Радиои Тоҷикистон Обидҷон Саидзодаро таҳти унвони «Умре бо радио» ба табъ расонд. Китоби мазкур ба кору эҷодиёт ва зиндагии яке аз коргардонҳои шинохта ва собиқадори радиои Тоҷикистон Ҳалима Насибулина бахшида шудааст.
Тавре муаллифи китоб Обидҷон Саидзода дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт: «Умре бо радио» дар заминаи матолиби матбуот ва бойгонӣ таълиф гардида, барои доираи васеи хонандагон, бахусус муҳаққиқони театру синамо ва радиои тоҷик тавсия дода мешавад.
Китоби «Умре бо радио» бо пешгуфтори профессор Иброҳим Усмонов оғоз гардида, гуфта мешавад, ки Ҳалима Насибулина ҳунарманд ва режиссёри хушсалиқаи тоҷик буд. Ҳалима Насибулина давраи ҳунарвариашро аз Театри давлатии академӣ- драмавии ба номи Абулқосим Лоҳӯтӣ оғоз карда, солҳои 60-уми қарни 20 аз театр ба радио мегузарад. Ӯ бо забони адабии тоҷикӣ басо малеҳ сухан меронд, аз ин рӯ овози ширину ширадори Ҳалима Насибулина дар спектаклҳои радиоӣ пайваста садо медод.
Ҳалима Насибулина ҳамчун режиссёри радио намунаҳои беҳтарини асарҳои театрҳои тоҷикро ба навори радио сабт карда, ба ин кор ҳунармандони машҳури мамлакатро низ ҷалб намуд.
Ҳангоми дар нафақа будан ҳам дар бойгонии радиои тоҷик фаъолият карда, фонди тиллоии онро ба тартиб даровард ва ба шарофати заҳматҳояш асарҳои зиёди театрӣ –радиоии мамлакат барои истифода мувофиқ шуданд. Ин зани соҳибҳунар дар шаст соли умри ба ҳунар бахшидааш бо бузургони илму адаби тоҷик, назири Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода мулоқоти эҷодӣ доштааст.
Инчунин бо бузургони ҳунари театрӣ, М. Қосимов, А. Бурҳонов, Ҳ. Раҳматуллоев, С. Тӯйбоева, Т. Фозилова, М. Воҳидов, А.Муҳаммадҷонов ва дигарон ҳамкорӣ кардааст. Дар ин росто, Ҳ. Насибулина яке аз бузургони театри касбии Тоҷикистон буда, заҳматҳояшро Ҳукумати мамлакат қадр кардааст.
Дар китоби «Умре бо радио» бо шарофтаи кору зиндагии ин чеҳраи ҳунар муаллиф ҳамзамон аз бузургони илму адаб ва ҳунару журналистика ёд намудааст.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






