«Ҳунар, илм, маърифат ва китоб мероси бузургтарини мардуми тоҷиканд»-бардошт аз намоиши рассомӣ

Январь 15, 2018 15:40

ДУШАНБЕ, 15.01.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Ҷумҳурии Тоҷикистон  бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аввалин намоиши ҳунарҳои мардумии рассоми тоҷик Барим Неъматуллоев доир гардид. Дар намоиши мазкур асарҳои Барим Неъматуллоев ва ҳунарҳои гузаштагони халқи тоҷик, ки аз тарафи  номбурда ҷамъоварӣ шудаанд, ба маъраз гузошта шуданд.

Ба гуфтаи Барим Неъматуллоев, ҳадаф аз ҷамъоварӣ ва ба намоиш гузоштани ҳунарҳои гузаштагони миллати тоҷик- ин аз нав эҳё ва ба мардум пешниҳод намудани онҳо мебошад.

«Имрӯз дар Тоҷикистон фарҳанги бегонапарастӣ ба чашм мерасад. Аз ин рӯ ман тасмим гирифтам, ки ҳунару фарҳанги халқи тоҷикро ҷамъоварӣ намуда, онро дар осорхонаи Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Ҷумҳурии Тоҷикистон   ба намоиш гузорам. Соли 2018 бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид. Зеро соҳаи сайёҳӣ бо ҳунарҳои мардумӣ алоқамандии зич дошта, моро лозим меояд, ки дар ин сол хуб кор намуда, фарҳанги гузаштаи худро зинда гардонем»,- зикр намуд ӯ .

Тавре Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода иброз дошт, «ҳунар, илм,  маърифат ва китоб мероси  бузургтарини мардуми тоҷик мебошанд. Аз ин рӯ, мо бояд осори бузурги гузаштагонамонро ҳифз намоем ва ба ояндагон мерос гузорем. Тоҷикистон кишвари зебо буда,   неруи бузурги обӣ ва иқлими мусоид дорад, вале аз ҳама неруи бузурги он неруи инсонӣ мебошад. Имрӯзҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мисли Барим Неъматуллоев инсонҳои бузурге ҳастанд, ки Тоҷикистонро бо ҳунари волои худ дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуда, одамонро ба дунёи зебоӣ ворид мекунанд».

Барим Неъмутуллоев узви  Иттифоқи рассомон ва меъморони Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бо қарори Раёсати Иттифоқи меъморони Тоҷикистон  бо медали тилло  сарфароз гардидааст.

 

Январь 15, 2018 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд