ҲУШДОРИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ: тӯли 3 рӯз ҳаво дар ҷумҳурӣ сард мешавад

Январь 25, 2018 15:05

ДУШАНБЕ, 25.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз 27 то 30 январи соли равон бо дарназардошти аз тарафи Қазоқистон ба шимоли Ӯзбекистон дохил шудани ҳавои арктикии сибирӣ дар ҷумҳурӣ якбора бадшавии  вазъи обу ҳаво дар назар аст. Дар ин бора сардори Маркази обуҳавосанҷии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамила Байдуллоева ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод.

Ба гуфтаи Ҷамила Байдуллоева, дар тӯли ин рӯзҳо ҳаво дар водиҳои ноҳияҳои вилояти Суғд шабона 7-12 ва рӯзона 2-7 дараҷа сард хоҳад шуд.

Дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ рӯзҳои 29-30 январ шабона то 5-10 ва рӯзона 0-5 дараҷа сардӣ пешбинӣ мешавад. Рӯзҳои 28-29 январ дар ин ҷойҳо бориши сахти барф ва дар баъзе ноҳияҳо шиддатёбии вазиши бод то 18-23 м дар як сония дар назар аст. «Албатта, боридани барф гарчанде дар вилояти Суғд ниҳоят суст пешгӯӣ карда мешавад, вале рӯзҳои 28-29 январ дар ноҳияҳои тобеи марказ ва як қатор ноҳияҳои вилояти Хатлон эҳтимолияти каму беш шиддат гирифтани бориши барф дар назар аст. 30 январ  боришот қатъ гардида, вале сардии ҳаво нисбатан боқӣ хоҳад монд»,-гуфт ӯ.

Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандон ва меҳмонони ҷумҳурӣ хоҳиш мекунад, ки дар чунин рӯзҳо ҳангоми истифода аз асбобҳои гармкунии барқӣ қоидаҳои техникаи бехатарии зидди сӯхторро ҷиддӣ риоя кунанд ва дар истифодаи он сарфакор бошанд.

Ҳамчунин бо мақсади бехатарии ҳаракат дар роҳҳои мошингард ва тай кардани ағбаҳо пеш аз сафар мошини худро аз назорати техникӣ гузаронанд, чархҳои тобистонаро ҳатман бо чархҳои зимистона иваз намоянд, қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо ва масофаи таъйиншударо риоя намоянд.

Тавре зимни суҳбат сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода Умеда Юсуфӣ зикр намуд, дар ин рӯзҳо шаҳрвандонро мебояд аз гузаронидани корҳои саҳроӣ, чаронидани чорво, ҷамъоварии  ҳезум ва рафтан ба шикор худдорӣ варзанд.

 

Январь 25, 2018 15:05

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд